Матто* 26
26
Нақшаи куштани Исо
1Исо таълимоташро ба охир расонда, ба шогирдонаш гуфт: 2«Чунон ки медонед, баъд аз ду рӯз иди Наҷот сар мешавад. Он вақт Писари Одамизод ба дасти душманонаш таслим карда мешаваду Ӯро ба салиб мехкӯб мекунанд».
3Дар қасри саркоҳин, ки Қаёфо ном дошт, коҳинони калон ва пирони қавм ҷамъ омаданд. 4Онҳо маслиҳат карданд, ки Исоро бо ҳила дастгир карда, ба қатл расонанд. 5Аммо қарор карданд, ки ин корашонро дар рӯзҳои ид накунанд, мабодо мардум ба шӯр оянд.
Ба сари Исо рехтани равғани атрафшони қиматбаҳо
6Исо он вақт дар деҳаи Байт-Анё, дар хонаи Шимъун ном марде, ки пештар гирифтори бемории пӯст буд, меҳмон шуд. 7Ҳангоми таомхӯрӣ ба назди Ӯ зане омад, ки дар даст як шишача равғани атрафшони қиматбаҳо дошт. Вай он атрро ба сари Исо рехт. 8Шогирдон аз ин кори зан ба ғазаб омада гуфтанд: «Ин чӣ исрофкорист?! 9Охир ин равғанро ба нархи қимат фурӯхта, пулашро ба камбағалон тақсим кардан мумкин буд!»
10Аммо Исо, ки аз суханони онҳо бохабар буд, гуфт: «Чаро ин занро танқид мекунед? Ӯ бароям кори нек кард. 11Камбағалон ҳамеша бо шумо ҳастанд, лекин Ман ҳамеша бо шумо нестам. 12Ин зан атрро ба танам рехта, Маро барои гӯронидан тайёр кард. 13Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки дар тамоми ҷаҳон ҳар ҷо, ки хушхабар эълон гардад, кори ин зан низ барои ёдоварии вай гуфта мешавад».
Нияти хиёнаткоронаи Яҳудо
14Яке аз дувоздаҳ шогирди Исо, ки Яҳудои Исқарютӣ ном дошт, назди коҳинони калон рафта 15пурсид: «Агар Исоро ба шумо таслим кунам, ба ман чӣ медиҳед?» Онҳо ба Яҳудо сӣ тангаи нуқра пешниҳод карданд. 16Аз ҳамон лаҳза сар карда, Яҳудо барои таслим кардани Исо фурсати муносиб меҷуст.
Охирин хӯроки Исо бо шогирдон
17Рӯзи аввали иди Фатир шогирдони Исо ба наздаш омада пурсиданд: «Дар куҷо мехоҳӣ, ки бароят дастархони иди Наҷотро тайёр намоем?» 18Ӯ ба онҳо гуфт, ки ба шаҳр, назди фалон кас рафта гӯянд: «Устод мегӯяд, ки вақту соати Ӯ наздик омадааст ва Ӯ бо мо, шогирдонаш дар хонаи шумо иди Наҷотро қайд мекунад».
19Шогирдон ҳамаи гуфтаҳои Исоро иҷро карда, хӯроки иди Наҷотро тайёр намуданд.
20Бегоҳӣ Исо бо дувоздаҳ шогирдаш сари дастархон нишасту 21ҳангоми таомхӯрӣ гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки яке аз шумо ба Ман хиёнат мекунад».
22Шогирдонаш хеле ғамгин шуда, паси ҳамдигар аз Ӯ мепурсиданд: «Хоҷа, оё ин шахс ман ҳастам?»
23Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Касе ки ҳамроҳи Ман аз як табақ мехӯрад, ба Ман хиёнат мекунад. 24Писари Одамизод аз рӯйи он чизе ки дар навиштаҷот дар борааш навишта шудааст, мемирад. Аммо вой бар ҳоли он касе, ки ба Писари Одамизод хиёнат мекунад. Беҳтар мебуд, ки ҳаргиз ба дунё намеомад!»
25Яҳудои хиёнаткор ба сухан даромада гуфт: «Устод, оё ин шахс ман ҳастам?»
Исо дар ҷавоб гуфт: «Худат ҳамин тавр гуфтӣ».
Таоми шоми Худованд
26Ҳангоме ки онҳо хӯрок мехӯрданд, Исо нонро гирифта, ба Худо шукр гуфт. Баъд онро пора карда ба шогирдонаш тақсим намуду гуфт: «Нонро бигиреду бихӯред, ки ин бадани Ман аст».
27Пас косаро гирифта, шукргузорӣ карда, онро ба шогирдонаш дода гуфт: «Ҳамаи шумо аз коса бинӯшед. 28Зеро ин хуни Ман аст ва бо он Худо бо халқаш аҳду паймон мебандад. Хуни Ман барои бахшида шудани гуноҳҳои одамони зиёд рехта мешавад. 29Ба шумо мегӯям, Ман боз ҳамроҳи шумо дар Подшоҳии Падарам шираи ангури нав хоҳам нӯшид. Лекин то он рӯз ҳаргиз наменӯшам».
30Баъд онҳо Худоро ҳамду сано гуфтанд ва ба кӯҳи Зайтун равона шуданд.
Пешгӯйӣ дар бораи инкори Петрус
31Пас Исо ба шогирдон гуфт: «Имшаб ҳамаи шумо Маро тарк мекунед, чунки дар навиштаҷот омадааст: „Чӯпонро мезанам ва гӯсфандон пароканда мешаванд“.#26:31 Закарё 13:7 32Аммо, вақте ки зинда мешавам, пеш аз он ки шумо ба вилояти Ҷалил биравед, Ман ба он ҷо меравам». 33Петрус ба Вай гуфт: «Дигарон Туро тарк кунанд ҳам, ман ҳаргиз ин корро намекунам».
34Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, худи имшаб, ҳанӯз хурӯс ҷеғ назада, ту се бор Маро инкор мекунӣ». 35Аммо Петрус гуфт: «Не, ҳатто агар бо Ту мурданам лозим ояд ҳам, ҳаргиз Туро инкор намекунам».
Шогирдони дигар низ айнан ҳамин чизро гуфтанд.
Дуои Исо дар боғи Ҷатсимонӣ
36Исо ва шогирдонаш ба ҷое рафтанд, ки Ҷатсимонӣ ном дошт ва Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо дар ҳамин ҷо бошед, Ман дар он тарафтар дуо мекунам». 37Вай ҳамроҳаш Петрус ва ду писари Забдойро бурд. Ғаму андӯҳаш сахт шиддат меёфт ва 38Ӯ ба онҳо гуфт: «Аз шиддати ғаму ғусса ҷонам ба лаб расидааст. Ин ҷо бимонеду ҳамроҳи Ман бедор бошед».
39Инро гуфта Исо каме дуртар рафт ва Худро ба рӯйи замин партофта дуо кард: «Эй Падар! Агар илоҷе бошад, бигзор ин косаи азоб аз сари Ман дур шавад! Аммо бигзор на хости Ман, балки хости Ту иҷро шавад».
40Баъд Ӯ ба назди он се шогирдаш баргашта дид, ки онҳо хобидаанд. Ӯ аз Петрус пурсид: «Ақаллан як соат ҳамроҳи Ман бедор истода натавонистед? 41Бедор бошеду дуо кунед, то ки ба васваса наафтед. Чунки рӯҳ тайёр, аммо ҷисм нотавон аст».
42Бори дигар Вай каме дуртар рафта дуо кард: «Падарҷонам, агар ғайр аз косаи азобро нӯшидан бароям дигар илоҷе набошад, пас, бигзор иродаи Ту иҷро шавад». 43Баъд баргашта онҳоро боз дар хоб дид, чунки онҳо ҳатто чашмонашонро кушода наметавонистанд.
44Бори сеюм Вай онҳоро монда рафту айнан мисли пештара дуо кард. 45Сипас, назди шогирдонаш баргашта ба онҳо гуфт: «Шумо ҳанӯз хоб рафта истироҳат мекунед? Вақту соати он ҳам расид, ки Писари Одамизод ба дасти гунаҳкорон таслим карда шавад. 46Бархезед, биравем. Нигоҳ кунед, он касе ки ба Ман хиёнат мекунад, наздик омад».
Дастгир шудани Исо
47Ҳанӯз Ӯ суханашро тамом накарда, Яҳудо, яке аз дувоздаҳ шогирдонаш ҳамроҳи як тӯдаи калони одамоне, ки калтаку шамшер дар даст доштанд, аз ҷониби коҳинони калон ва пирони қавм расида омад. 48Хиёнаткор ба онҳо пешакӣ чунин шарт карда буд: «Касеро, ки бӯсидам, ҳамон Шахсест, ки бояд дастгир кунед».
49Яҳудо рост пеши Исо омада «Салом, Устод» гӯён Ӯро бӯсид. 50Исо ба вай гуфт: «Эй дӯст, нақшаатро амалӣ намо!»
Он гоҳ он одамон Исоро дастгир карда маҳкам доштанд. 51Ногаҳон яке аз ҳамроҳони Исо шамшерашро аз ғилоф кашида ба ғуломи саркоҳин ҳамла оварду гӯшашро бурида партофт. 52Исо ба вай гуфт: «Шамшератро ба ҷояш гузор, чунки ҳар касе, ки шамшер ба даст мегирад, бо шамшер кушта мешавад. 53Ё ба фикрат Ман аз Падарам мадад талаб карда наметавонам? Агар талаб кунам, Вай дарҳол зиёдтар аз дувоздаҳ лашкари фариштагонро мефиристад. 54Лекин гуфтаҳои навиштаҷот он гоҳ чӣ хел иҷро мешаванд? Охир гуфта шудааст, ки ҳамааш ҳамин тавр бояд рӯй диҳад».
55Баъд Исо ба он тӯдаи одамон гуфт: «Магар шумо Маро роҳзан фикр мекунед, ки барои дастгир карданам бо калтаку шамшерҳо омадед? Ман ҳар рӯз дар маъбади Худо нишаста таълим медодам, аммо шумо Маро дастгир намекардед. 56Вале ҳамаи ин ҳодисаҳо барои он рӯй доданд, ки пешгӯйиҳои пайғамбарон, ки дар навиштаҷот омадаанд, иҷро шаванд».
Он вақт ҳамаи шогирдонаш Ӯро танҳо монда гурехтанд.
Дар назди шӯрои пирон
57Сипас, онҳое, ки Исоро дастгир карданд, Ӯро ба назди саркоҳин Қаёфо бурданд. Дар он ҷо устодони шариату пирони қавм аллакай ҷамъ омада буданд. 58Петрус бошад, то назди ҳавлии саркоҳин аз пайи Исо дар масофаи каме дуртар меомад. Вай ба даруни ҳавлӣ даромада, бо мақсади дидани анҷоми кор дар байни посбонон нишаст.
59Коҳинони калон ва ҳамаи аъзоёни дигари шӯрои пирон бо нияти ба қатл расондани Исо кӯшиш карданд, ки бар зидди Ӯ ягон далели дурӯғеро пайдо кунанд. 60Лекин ҳеҷ далеле ёфта наметавонистанд, гарчи бисёр касон ба пеш баромада, зидди Ӯ туҳмат мекарданд. Оқибат ду кас ба пеш қадам монда 61гуфтанд: «Ин одам гуфта буд, ки маъбади Худоро вайрон карда, онро дар байни се рӯз аз нав барпо карда метавонад».
62Бо шунидани ин суханон саркоҳин аз ҷояш бархеста ба Исо гуфт: «Ба ин далеле, ки Туро айбдор мекунанд, ягон гапи гуфтанӣ дорӣ?» 63Вале Исо хомӯш буд. Саркоҳин боз ба Ӯ гуфт: «Ба номи Худои зинда бигӯ, ки Ту Масеҳ ва Писари Худо ҳастӣ?» 64Исо дар ҷавоб ба вай гуфт: «Худат ҳамин тавр гуфтӣ. Аммо ҳаминро ба ҳамаи шумо мегӯям, ки минбаъд шумо Писари Одамизодро хоҳед дид, ки аз дасти рости Худои Пурқудрат нишаста,#26:64 Забур 109:1 бар абрҳои осмон меояд!#26:64 Дониёл 7:13-14»
65Он гоҳ саркоҳин либоси танашро дарронда гуфт: «Ӯ суханони куфр гуфт. Дигар ба мо ҳеҷ шоҳиде лозим ҳам нест! Шумо худатон ҳоло сухани куфри Ӯро шунидед. 66Чӣ ҳукм мебароред?» «Ҷазояш марг», – ҷавоб доданд дигарон.
67Баъзеҳо ба рӯйи Исо туф карда Ӯро мезаданд. Баъзеҳо торсакӣ зада 68мегуфтанд: «Эй Масеҳ, Ту пайғамбарӣ-ку! Канӣ, гӯй, ки Туро кӣ зад?!»
Исоро инкор кардани Петрус
69Петрус дар рӯйи ҳавлӣ менишаст, ки канизаке ба наздаш омада гуфт: «Ту низ ҳамроҳи Исои ҷалилӣ будӣ». 70Аммо Петрус дар ҳузури ҳама суханони ӯро инкор карда гуфт: «Намефаҳмам, чӣ мегӯйӣ». 71Сипас, вай аз он ҷо назди дарвозаи ҳавлӣ равона шуд.
Хизматгорзани дигаре низ ӯро дида ба одамони дар он ҷо истода гуфт: «Вай ҳамроҳи Исои Носирӣ буд». 72Петрус боз инкор карда гуфт: «Қасам мехӯрам, ки ин одамро намешиносам».
73Баъд аз муддате чанд мардоне, ки дар ҳамон ҷо буданд, назди Петрус омада гуфтанд: «Аниқ ту ҳам бо онҳо будӣ, чунки аз лаҳҷаат маълум аст». 74Вале Петрус қасам хӯрда гуфт: «Худо занад, ки ин одамро намешиносам».
Ҳамон лаҳза хурӯс ҷеғ зад 75ва сухани Исо ба хотири Петрус омад. Ӯ гуфта буд, ки ҳанӯз хурӯс ҷеғ назада, вай се бор шинохтани Исоро инкор мекунад.
Петрус аз ҳавлӣ берун баромада, зор-зор гиря кард.
अहिले सेलेक्ट गरिएको:
Матто* 26: KMO
हाइलाइट
शेयर गर्नुहोस्
कपी गर्नुहोस्
तपाईंका हाइलाइटहरू तपाईंका सबै यन्त्रहरूमा सुरक्षित गर्न चाहनुहुन्छ? साइन अप वा साइन इन गर्नुहोस्
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад