Матто* 13
13
Масал дар бораи деҳқон
1Худи ҳамон рӯз Исо аз хона баромада, ба соҳили баҳр рафта нишаст. 2Азбаски дар гирдаш одамони зиёд ҷамъ шуданд, Исо ба қаиқе нишаст ва одамон бошанд, дар соҳил меистоданд. 3Исо бисёр чизҳоро ба онҳо бо масалҳо нақл мекард. Ӯ гуфт: «Рӯзе як деҳқон барои кишт кардан ба киштзор меравад. 4Ҳангоми дона коштанаш як миқдори он ба пайраҳа меафтад ва парандаҳо омада, онҳоро аз замин чида мехӯранд. 5Миқдори дигари он ба замини санглоху камхок меафтад. Аз сабаби чуқур набудани хоки замин он зуд месабзад. 6Вале бо баромадани офтоб майсаи навхез пажмурда шуда, аз сабаби решаи мустаҳкам надоштанаш хушк мешавад. 7Миқдори дигараш ба замини хордор меафтад ва хорҳо қад кашида майсаи навсабзидаро пахш мекунанд. 8Лекин баъзе донаҳо ба замини хуби ҳосилхез афтода, баъзе сад, баъзе шаст ва баъзе сӣ баробар зиёдтар ҳосил медиҳанд.
9Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад!»
Сабаби нақл кардани масалҳо
10Баъдтар шогирдони Исо ба наздаш омада пурсиданд: «Чаро Ту мардумро бо масалҳо таълим медиҳӣ?» 11Исо дар ҷавоб гуфт: «Фаҳмиши сирру асрори Подшоҳии Худо ба шумо ато шудааст, аммо аз онҳо ин чизҳо пинҳон аст. 12Чунки ба ҳар касе, ки чизе дорад, боз дода мешавад ва ӯ зиёдтар хоҳад дошт, аммо аз касе, ки надорад, ҳатто он андаке, ки дорад, гирифта мешавад. 13Барои ҳамин Ман ба онҳо бо масалҳо сухан мегӯям: онҳо нигоҳ мекунанду намебинанд, гӯш медиҳанду аммо намешунаванд ва намефаҳманд. 14Ишаъё пайғамбар пешгӯйӣ карда гуфта буд:
„Ин одамон гӯш кунанд ҳам, намефаҳманд;
бо чашмонашон бинанд ҳам, дарк намекунанд,
15чунки зеҳни онҳо кунд
ва гӯшҳояшон вазнин шудааст,
ва онҳо чашмонашонро пӯшидаанд.
Вагарна чашмонашон дида,
гӯшҳояшон шунида ва ақлашон дарк карда метавонисту
ба Ман рӯй меоварданд
ва Ман онҳоро шифо медодам“.#13:15 Ишаъё 6:9-10
Ин пешгӯйӣ ҳақиқатан дар ҳаёти онҳо амалӣ мегардад.
16Аммо шумо хушбахт ҳастед, ки чашмонатон мебинанд ва гӯшҳоятон мешунаванд. 17Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки бисёр пайғамбарон ва некукорон дар орзуи дидан ва шунидани он чизҳое буданд, ки шумо мебинед ва мешунавед. Вале онҳо на диданду на шуниданд.
Маънидод кардани масал дар бораи деҳқон
18Акнун маънои масали деҳқонро гӯш кунед. 19Баъзе касон каломро дар бораи Подшоҳии Худо мешунаванду онро намефаҳманд. Шайтон омада каломи дар дили онҳо кошташударо кашида мегирад. Ин ба монанди ба пайраҳа афтодани донаҳо аст. 20Ба замини санглох афтодани донаҳо монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванду дарҳол бо шодӣ онро қабул мекунанд. 21Вале азбаски реша надоранд, муддати кӯтоҳе устувор меистанд. Баъд ба хотири он ки ба каломи Худо бовар мекунанд, ба душворӣ ва азоб дучор шуда, зуд имони худро аз даст медиҳанд. 22Ба замини хорзор афтодани донаҳо монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванд, аммо ғаму ташвиши зиндагӣ ва орзуи сарват каломро пахш менамояд ва дар натиҷа он ҳеҷ ҳосиле намеорад. 23Вале ба замини ҳосилхез афтодани донаҳо монанди он аст, ки баъзе касон каломро мешунаванду онро мефаҳманд. Онҳо баъзан сад, баъзан шаст ва баъзан сӣ баробар бештар самар меоранд».
Масал дар бораи алафи бегона
24Пас аз он Исо масали дигареро нақл кард: «Подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин аст: шахсе ба заминаш донаҳои хубро мекорад. 25Лекин вақте ки ҳама хоб мераванд, душман омада, дар байни гандум тухми алафи бегонаро пошида, меравад. 26Сипас, баробари сабзидану сарак баровардани гандум, алафи бегона низ намоён мегардад. 27Хизматгорон назди соҳиби киштзор омада мегӯянд: „Хоҷа, шумо дар киштзоратон донаҳои хушсифати гандумро кошта будеду ин алафи бегона аз куҷо пайдо шуд?“ 28Ӯ ба онҳо ҷавоб дода мегӯяд: „Ин кори душман аст“. Хизматгорон боз мепурсанд: „Мехоҳед, ки мо рафта онҳоро канда партоем?“ 29„Не, – мегӯяд соҳиби киштзор, – чунки алафи бегонаро канданӣ шуда боз баъзе гандумро ҳам канда напартоед. 30Бигзор то вақти дарав ҳам гандум ва ҳам алафи бегона истад. Он вақт ба даравгарон фармон медиҳам, ки аввал алафи бегонаро канда, даста карда сӯзонанд, баъд гандумро даравида, дар анборам ҷамъ кунанд“».
Масалҳо дар бораи тухми хардал ва хамиртуруш
31Исо ба онҳо боз масали дигареро нақл кард: «Подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин аст: шахсе тухми хардалро гирифта, дар замини худ мекорад. 32Ин тухм аз ҳамаи тухмҳои рӯйи дунё майдатарин мебошад, вале вақте ки он месабзад, аз ҳамаи растаниҳо калонтар шуда, ба дарахт мубаддал мегардад ва парандаҳо омада, дар шохаҳои он лона месозанд».
33Масали дигаре, ки Вай ба онҳо нақл кард, ин буд: «Подшоҳии Худо ба мисли хамиртурушест, ки зане онро гирифта, бо як халта орд омехта, хамир кард ва тамоми хамир расид».
34Исо ҳама чизро ба мардум бо масалҳо баён мекард ва бе масал ба онҳо ҳеҷ чиз намегуфт, 35то ба амал ояд суханони пайғамбаре, ки гуфта буд:
«Ман ба онҳо бо масалҳо сухан меронам
ва чизҳои аз офариниш пинҳонро нақл мекунам».#13:35 Забур 77:2
Маънидод кардани масал дар бораи алафи бегона
36Вақте ки Исо аз пеши мардум ба хона рафт, шогирдонаш ба наздаш омада хоҳиш карданд, ки Ӯ масали дар бораи алафи бегона нақлкардаашро ба онҳо маънидод кунад.
37Вай дар ҷавоб гуфт: «Шахсе, ки донаҳои хушсифатро мекорад, Писари Одамизод аст, 38киштзор ин ҷаҳон аст, донаҳои гандум шахсоне ҳастанд, ки ба Подшоҳии Худо тааллуқ доранд. Алафи бегона бошад, одамони шайтон ҳастанд 39ва душмане, ки тухми алафи бегонаро мекорад, шайтон мебошад. Мавсими дарав охирзамон аст, даравгарон бошанд, фариштаҳоянд. 40Чи тавре ки алафи бегонаро ҷамъ карда, дар оташ месӯзонанд, айнан ҳамин тавр дар охирзамон рӯй медиҳад. 41Яъне Писари Одамизод фариштаҳои Худро мефиристад, то ки ҳамаи бадкорон ва ҳамаи васвасакоронро аз дохили Подшоҳии Вай ҷудо карда гирифта 42ба оташи сӯзон партоянд. Дар он ҷо бошад, одамон аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд.
43Аммо некукорон дар Подшоҳии Падарашон мисли офтоб медурахшанд. Пас ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад!
Давоми масалҳо дар бораи Подшоҳии Худо
44Подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин аст: рӯзе шахсе дар киштзор ганҷинаи пинҳоншударо ёфта, онро боз пинҳон мекунад. Ӯ аз шодӣ тамоми дороияшро фурӯхта, ҳамон киштзорро мехарад.
45Инчунин Подшоҳии Худо ба савдогаре монанд аст, ки марворидҳои зебо меҷуст 46ва ҳангоме ки як марвориди гаронбаҳо меёбад, рафта тамоми молу мулкашро фурӯхта онро мехарад.
47Инчунин Подшоҳии Худо ба мисли тӯре аст, ки моҳигирон онро ба баҳр партофтанд ва ба он ҳар гуна моҳӣ даромад. 48Вақте ки он пур шуд, моҳигирон онро ба соҳил кашиданд ва нишаста хубашро ба сабадҳо андохтанду бадашро партофтанд.
49Дар охирзамон низ ҳамин тавр рӯй медиҳад: фариштаҳо баромада, одамони бадкирдорро аз байни некукорон ҷудо мекунанд. 50Одамони бадкирдорро ба оташи сӯзон мепартоянд, ки дар он ҷо одамон аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд».
Чизҳои нав ва куҳна
51Исо аз шогирдонаш пурсид: «Шумо ин гуфтаҳоямро фаҳмидед?» «Фаҳмидем», – ҷавоб доданд онҳо.
52Ӯ давом дода гуфт: «Пас, ҳар устоди шариат, ки дар Подшоҳии Худо таълим ёфтааст, монанди соҳиби хона аст, ки аз ганҷинаи худ чизҳои нав ва куҳнаро берун мебарорад».
Ҳамдиёрони Исо аз Исо рӯй мегардонанд
53Исо нақл кардани масалҳоро тамом карда, аз он ҷо баромад 54ва ба шаҳри Худ баргашт. Ӯ дар ҷамоатхонаи он ҷо таълим медод ва онҳое, ки таълимоташро мешуниданд, ангушти ҳайрат газида ба якдигар мегуфтанд: «Аз куҷо Ӯ ин қадар ҳикмату қобилияти муъҷизакорӣ дорад? 55Магар Ӯ ҳамон Исои писари дуредгар нест, ки модараш Марям ва бародаронаш Яъқубу Юсуфу Шимъуну Яҳудо ҳастанд? 56Магар ҳамаи хоҳаронаш дар шаҳри мо зиндагӣ намекунанд? Ӯ аз куҷо ин қадар ҳикмату қудрат дорад?» 57Онҳо дар ҳаққи Исо шакку шубҳа карданд.
Ӯ бошад, ба онҳо гуфт: «Пайғамбар дар диёри Худ ва дар байни хонадони худ қадр надорад, вале дар ҳама ҷойи дигар ӯро бо эҳтиром қабул мекунанд». 58Аз сабаби он ки онҳо ба Исо боварӣ надоштанд, Ӯ дар он ҷо муъҷизаи зиёд нишон надод.
अहिले सेलेक्ट गरिएको:
Матто* 13: KMO
हाइलाइट
शेयर गर्नुहोस्
कपी गर्नुहोस्
तपाईंका हाइलाइटहरू तपाईंका सबै यन्त्रहरूमा सुरक्षित गर्न चाहनुहुन्छ? साइन अप वा साइन इन गर्नुहोस्
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад