Юҳанно* 7

7
Беимонии бародарони Исо
1Баъд аз он Исо дар вилояти Ҷалил мегашт. Ӯ намехост, ки дар Яҳудия бошад, чунки роҳбарони яҳудӣ Ӯро куштан мехостанд. 2Иди Хаймаҳои яҳудиён наздик омад 3ва бародарони Исо ба Ӯ гуфтанд: «Аз ин ҷо баромада, ба Яҳудия рав, то ки шогирдонат ҳам корҳоеро, ки Ту мекунӣ, бубинанд. 4Зеро касе ки шуҳрат пайдо кардан мехоҳад, корҳои худро дар пинҳонӣ намекунад. Ту, ки ин гуна корҳоро мекунӣ, Худро ба ҷаҳон ошкор намо». 5Ҳатто бародаронаш ба Ӯ имон надоштанд. 6«Вақту соати Ман ҳанӯз нарасидааст, – ҷавоб дод ба онҳо Исо, – барои шумо ҳар вақт хуб аст. 7Ҷаҳон наметавонад аз шумо нафрат дошта бошад, вале аз Ман нафрат дорад, чунки Ман бад будани корҳои онро шаҳодат медиҳам. 8Шумо ба ин ид равед, вале Ман намеравам, чунки вақти Ман ҳанӯз нарасидааст». 9Инро ба онҳо гуфта, Исо дар Ҷалил монд.
Таълимоти Исо дар вақти ид
10Аммо, пас аз он ки бародаронаш ба ид рафтанд, Исо ҳам на ошкоро, балки пинҳонӣ ба он ҷо рафт.
11Дар вақти ид роҳбарони яҳудӣ Ӯро ҷустуҷӯ карданд. Онҳо «Ин одам дар куҷост?» гуфта мепурсиданд. 12Дар байни мардум низ дар бораи Ӯ баҳси зиёде ба миён омад. «Вай одами хуб аст», – мегуфтанд баъзеҳо, дигарон норозӣ шуда «Не, Ӯ мардумро гумроҳ мекунад» мегуфтанд. 13Аммо ҳама аз роҳбарони яҳудиён тарсида, ошкоро дар бораи Ӯ сухане ҳам ба забон намеоварданд.
14Дар байни ҳафтаи ид Исо ба маъбади Худо омада, ба таълим додан шурӯъ намуд. 15Роҳбарони яҳудӣ тааҷҷуб карда мегуфтанд: «Аз куҷо Вай ин қадар дониш дорад, дар сурате ки таълим нагирифтааст?» 16Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Таълимоти Ман аз Худам нест, балки аз Касест, ки Маро фиристодааст. 17Касе ки хости Худоро ба ҷо овардан мехоҳад, мефаҳмад, ки оё Ман аз Худ мегӯям ё ин таълимот аз Худост. 18Ҳар кӣ аз номи худ сухан мегӯяд, барои худ шуҳрату ҷалол меҷӯяд, вале Касе ки барои Фиристандаи Худ шуҳрату ҷалол меҷӯяд, ростқавл аст ва дар дили Ӯ фиребе нест.
19Магар Мусо ба шумо шариатро надодааст? Бо вуҷуди ин ҳеҷ кадоми шумо онро риоя намекунед! Чаро Маро куштан мехоҳед?» 20Мардум ҷавоб доданд: «Ту ҷин дорӣ! Кӣ Туро куштан мехоҳад?» 21Исо ба онҳо гуфт: «Ман танҳо як коре кардам ва шумо ҳама дар тааҷҷуб мондед. 22Мусо ба шумо анъанаи хатнаро фармуд (ҳарчанд ки ин анъана на аз Мусо, балки аз аҷдодон мондааст) ва шумо писаронатонро ҳатто дар рӯзи шанбе хатна мекунед. 23Агар шумо барои вайрон нашудани шариати Мусо дар рӯзи шанбе писарро хатна мекарда бошед, пас чаро аз Ман хашмгин мешавед, ки дар рӯзи шанбе инсонеро пурра шифо бахшидам? 24Аз рӯйи намуди зоҳирӣ ҳукм накунед, балки аз рӯйи адолат ҳукм кунед!»
Оё Исо Таъйиншудаи Худо аст?
25Баъзе аз сокинони Уршалим гуфтанд: «Магар Ӯ ҳамон одам нест, ки Ӯро куштан мехоҳанд? 26Бинед, Ӯ рӯйирост таълим медиҳад ва касе ба Ӯ чизе намегӯяд. Наход сардорон қоил шуда бошанд, ки Ӯ ҳақиқатан Масеҳ аст? 27Мо бошем, аз куҷо будани ин одамро медонем. Аммо, вақте ки Таъйиншудаи Худо меояд, аз куҷо будани Ӯро ҳеҷ кас намедонад».
28Он гоҳ Исо, ки дар маъбади Худо машғули таълимдиҳӣ буд, хитоб карда гуфт: «Шумо Маро ва аз куҷо буданамро медонед-а? Ман аз номи Худам наомадаам. Касе ки Маро фиристодааст, ҳақ аст. Шумо Ӯро намешиносед, вале 29Ман Ӯро мешиносам, чунки Ман аз пеши Ӯ омадаам ва Ӯ Маро фиристодааст».
30Сипас, онҳо хостанд Ӯро дастгир кунанд, вале аз сабаби он ки вақти Ӯ ҳанӯз нарасида буд, касе ба Ӯ даст нарасонд. 31Бо вуҷуди он, аз байни мардум бисёриҳо ба Ӯ имон оварда мегуфтанд: «Вақте ки Масеҳ меояд, магар аз ин одам бештар муъҷиза нишон дода метавонад?»
32Фарисиён шуниданд, ки мардум дар байни худ дар бораи Исо чунин суханҳоро мегӯянд. Баъд онҳо ва коҳинони калон барои дастгир кардани Исо посбонони маъбади Худоро фиристоданд. 33Он гоҳ Исо гуфт: «Боз каме вақт бо шумо мемонам ва баъд ба назди Фиристандаи Худ бармегардам. 34Шумо Маро ҷустуҷӯ мекунед, аммо намеёбед. Ба он ҷое, ки Ман меравам, шумо омада наметавонед». 35Роҳбарони яҳудӣ ба якдигар гуфтанд: «Ӯ ба куҷо рафтан мехоҳад, ки мо Ӯро ёфта наметавонем? Оё Ӯ барои таълим додани ғайрияҳудиён ба шаҳрҳои онҳо рафтанист, ки мардуми мо низ он ҷо зиндагӣ мекунанд? 36Ӯ суханони „Шумо Маро мекобед, аммо намеёбед“ ва „Ба он ҷое, ки Ман меравам, шумо омада наметавонед“ гуфта чиро дар назар дорад?»
37Дар рӯзи охирин ва муҳимтарини ид Исо аз ҷояш бархеста, бо овози баланд эълон кард: «Касоне ки ташнаанд, назди Ман оянд ва бинӯшанд! 38Дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки аз ботини он касе, ки ба Ман имон меоварад, дарёҳои оби ҳаёт ҷорӣ мешаванд». 39Ӯ Рӯҳеро дар назар дошт, ки ҳар кӣ ба Исо имон оварад, он Рӯҳ ба вай дода хоҳад шуд. Рӯҳ ҳанӯз дода нашуда буд, зеро Исо ҳанӯз соҳиби тамоми шуҳрату ҷалоли Худ нагардида буд.
40Баъзе аз мардум суханони Ӯро шунида гуфтанд: «Ин Шахс дар ҳақиқат ҳамон пайғамбарест, ки мо интизораш будем!» 41«Ин Масеҳ аст!» – мегуфтанд дигарон.
Баъзеи дигарон мегуфтанд: «Масеҳ ҳаргиз аз Ҷалил пайдо намешавад! 42Охир, дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки Масеҳ бояд аз авлоди шоҳ Довуд ва аз деҳаи Байт-Лаҳм, ки зодгоҳи Довуд буд, биёяд». 43Инак, дар байни мардум дар бораи Исо ҷанҷол бархост. 44Баъзеҳо мехостанд, ки Ӯро дастгир кунанд, лекин ҳеҷ кас ба Ӯ даст нарасонд.
Нобоварии роҳбарони яҳудӣ
45Вақте ки посбонон ба назди коҳинони калон ва фарисиён баргаштанд, аз посбонон пурсиданд: «Чаро Ӯро наовардед?» 46Посбонон ҷавоб доданд: «Касе ҳаргиз монанди ин Шахс сухан нагуфтааст!» 47Фарисиён ба онҳо гуфтанд: «Наход Ӯ шуморо ҳам гумроҳ карда бошад? 48Магар касе аз сардорон ё фарисиён ба Ӯ имон овардааст? 49Мардум бошанд, аз шариат бехабар ва лаънатзадаанд!»
50Аммо яке аз онҳо Никудимус, ки пештар ба назди Исо омада буд, ба онҳо гуфт: 51«Оё аз рӯйи шариатамон мо касеро нашунида ва кори кардаашро муайян накарда, ба ӯ ҳукм мебарорем?» 52Онҳо ҷавоб доданд: «Чӣ, магар ту ҳам аз Ҷалил ҳастӣ? Навиштаҷотро биомӯз ва мебинӣ, ки аз Ҷалил пайғамбар баромада наметавонад».
53Он гоҳ ҳама ба хонаҳояшон рафтанд.

Terpilih Sekarang Ini:

Юҳанно* 7: KMO

Highlight

Kongsi

Salin

None

Ingin menyimpan sorotan merentas semua peranti anda? Mendaftar atau log masuk