Юҳанно* 6
6
Сер кардани панҷ ҳазор кас
1Баъд аз ин Исо ба соҳили дигари баҳри Ҷалил, ки баҳри Табария низ номида мешавад, равона шуд. 2Аз паси Ӯ мардуми бисёре мерафтанд, зеро онҳо муъҷизаҳои Ӯро дар шифо додани беморон медиданд. 3Исо ба болои кӯҳ баромада, ҳамроҳи шогирдонаш дар ҳамон ҷо нишаст. 4Айёми ҷашнгирии иди Наҷоти яҳудиён наздик омада буд. 5Исо ба атроф нигоҳ карду мардуми зиёди ба тарафаш омадаистодаро дида, ба Филиппус гуфт: «Барои сер кардани инҳо аз куҷо бояд нон харем?» 6Ӯ хуб медонист, ки чӣ кор мекунад, аммо Филиппусро санҷиданӣ шуда ин суханонро гуфт. 7Филиппус дар ҷавоб гуфт: «Ба дусад динор нон харем ҳам, ба ҳар кас ҳатто яклуқмагӣ намерасад».
8Яке аз шогирдонаш, Андриёс, ки бародари Шимъуни Петрус буд, ба Исо гуфт: 9«Дар ин ҷо писарбачае ҳаст, ки панҷ нони ҷавӣ ва ду моҳӣ дорад. Вале ба ин қадар мардуми зиёд вай чӣ мешавад?» 10Исо гуфт: «Ба мардум гӯед, ки бишинанд». Дар он ҷо сабзазор буд. Шумораи ҳамаи нишастагон қариб панҷ ҳазор мард буд. 11Исо нонро гирифта дуои шукрона карду онро ба нишастагон тақсим карда дод. Баъд бо моҳиҳо ҳам чунин кард ва ба ҳама чӣ қадаре ки мехостанд, ҳамон қадар дод. 12Вақте мардум сер шуданд, Исо ба шогирдони Худ гуфт: «Нонпораҳои боқимондаро ҷамъ кунед, ки ҳеҷ чиз исроф нашавад». 13Шогирдон нонпораҳои панҷ нони ҷавиро, ки аз хӯрандагон боқӣ монда буд, ҷамъ намуда, дувоздаҳ сабадро пур карданд.
14Мардум муъҷизаи Исоро дида гуфтанд: «Ӯ ҳақиқатан ҳамон пайғамбарест, ки бояд ба ҷаҳон биёяд!» 15Исо фаҳмид, ки онҳо нияти омада, Ӯро дастгир ва ба зӯрӣ подшоҳ кардан доранд, аз ин рӯ, Худаш танҳо ба кӯҳ баромад.
Дар рӯйи об қадам задани Исо
16Вақте ки бегоҳ шуд, шогирдони Исо ба лаби баҳр фаромаданд 17ва ба қаиқ савор шуда, ба соҳили дигари баҳр, ба сӯи Кафарнаҳум равона шуданд. Рӯз аллакай торик мешуд, вале Исо ҳанӯз ба наздашон наомада буд. 18Аз сабаби вазидани боди сахт баҳр ба талотум омад. 19Вақте онҳо ба масофаи панҷ-шаш километер қаиқро ронда мерафтанд, Исоро диданд, ки дар рӯйи об қадам зада, ба қаиқ наздик мешавад. Онҳо тарсиданд. 20«Натарсед, ин Манам!» – гуфт ба онҳо Исо. 21Онҳо мехостанд, ки Ӯро ба қаиқ гиранд ва қаиқ ҳамон замон ба соҳиле, ки онҳо равона буданд, омада расид.
Исо нони ҳаёт аст
22Рӯзи дигар мардуме, ки дар соҳили дигари баҳр монда буданд, фаҳмиданд, ки шогирдони Исо ба ягона қаиқе, ки дар он ҷо буд, савор шуда рафтаанд. Онҳо боз дида буданд, ки Исо ҳангоми ба қаиқ савор шудани шогирдонаш ба онҳо ҳамроҳ нашуд ва онҳо бе Ӯ рафта буданд. 23Он вақт одамон аз Табария дар якчанд қаиқ ба наздикии маҳале омаданд, ки дар он ҷо пас аз дуои шукронаи Худованд Исо нон хӯрда буданд.
24Вақте мардум диданд, ки дар он ҷо на Исо ҳасту на шогирдонаш, ба қаиқҳо савор шуда, ба ҷустуҷӯи Ӯ ба Кафарнаҳум рафтанд. 25Баъд Ӯро дар он тарафи баҳр ёфта, аз Ӯ пурсиданд: «Устод, Ту кай ба ин ҷо омадӣ?» 26Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, ки шумо Маро на ба хотири он, ки муъҷизаҳоямро дидаед, ҷустуҷӯ мекунед, балки ба хотири он, ки то сер шудан нон хӯрдед! 27Шумо на барои хӯроки вайроншаванда, балки барои хӯроке, ки ба ҳаёти абадӣ мебарад, меҳнат кунед. Ин хӯрокро Писари Одамизод ба шумо медиҳад, чунки Худо Падар Ӯро интихоб карда, барои иҷрои ин кор таъйин намудааст».
28Онҳо аз Вай пурсиданд: «Барои иҷрои он корҳое, ки Худо аз мо мехоҳад, чӣ бояд кунем?» 29Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Худо як корро мехоҳад, ки шумо ба Каси Фиристодааш имон оваред». 30Онҳо пурсиданд: «Ту ба мо чӣ аломати муъҷизаноке нишон медиҳӣ, ки мо онро дида ба Ту имон оварем? Ту чӣ кор карда метавонӣ? 31Аҷдодони мо дар биёбон нони манна хӯрдаанд. Чунон ки дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки аз осмон ба онҳо нон дода буд, ки бихӯранд». 32Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, ки нонро аз осмон ба шумо Мусо надодааст, ин Падари Ман аст, ки ба шумо аз осмон нони ҳақиқӣ медиҳад. 33Зеро нони Худо он аст, ки аз осмон пойин меояду ба ҷаҳон ҳаёт мебахшад». 34«Хоҷа, – гуфтанд онҳо, – ба мо ҳамеша чунин нон бидеҳ!»
35Исо ба онҳо гуфт: «Ман нони ҳаёт ҳастам. Ҳар касе ки назди Ман биёяд, гурусна нахоҳад монд ва ҳар касе ки ба Ман имон оварад, ҳаргиз ташна нахоҳад шуд. 36Аммо, чунон ки Ман ба шумо гуфта будам, шумо Маро дидед, вале бовар намекунед. 37Ҳар касе ки ӯро Падар ба Ман ато кардааст, сӯи Ман хоҳад омад ва ҳар касе ки ба назди Ман биёяд, Ман ӯро берун нахоҳам ронд. 38Зеро Ман аз осмон на барои иҷро кардани хости Худ фаромадаам, балки барои иҷро кардани хости Ҳамоне, ки Маро фиристодааст. 39Хости Фиристандаи Ман ин аст, ки аз он касоне, ки Ӯ ба Ман ато кардааст, ҳеҷ якеро аз даст надиҳам, балки дар рӯзи қиёмат онҳоро зинда гардонам. 40Зеро хости Падари Ман ин аст: ҳар кас ки Писарро бинаду ба Ӯ имон оварад, ҳаёти абадӣ ба даст оварад ва дар рӯзи қиёмат Ман ӯро зинда мекунам».
41Он гоҳ дар байни мардум ғавғо бархест, чунки Ӯ гуфт: «Ман он ноне ҳастам, ки аз осмон фаромадааст». 42Онҳо гуфтанд: «Магар ин ҳамон Исои писари Юсуф нест, ки ҳам падар ва ҳам модари Ӯро мешиносем? Акнун Ӯ чӣ тавр „Ман аз осмон фаромадаам“ гуфта метавонад?» 43«Дар байни худ шикоят накунед!» – дар ҷавоб гуфт ба онҳо Исо. 44«То вақте Падар, ки Маро фиристодааст, касеро ба Ман ҷалб накунад, ҳеҷ кас назди Ман омада наметавонад ва Ман он шахсро дар рӯзи қиёмат зинда хоҳам кард. 45Дар навиштаҷоти пайғамбарон гуфта шудааст: „Ҳамаи онҳо аз Худо таълим хоҳанд гирифт“.#6:45 Ишаъё 54:13 Ҳар касе ки Падарро шунида ва аз Ӯ таълим гирифта бошад, ба назди Ман меояд. 46Ин маънои онро надорад, ки касе Падарро дидааст. Фақат касе, ки аз назди Худо омадааст, Падарро дидааст. 47Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, он ки имон дорад, ҳаёти абадӣ ёфтааст.
48Ман нони ҳаёт ҳастам. 49Аҷдодони шумо дар биёбон нони маннаро хӯрданд, вале аз марг наҷот наёфтанд. 50Аммо ноне, ки аз осмон мефарояд, дигар хел аст: касе ки онро бихӯрад, намемирад. 51Ман он нони ҳаёт ҳастам, ки аз осмон фаромадааст. Ҳар кас ин нонро бихӯрад, ҳаёти абадӣ пайдо мекунад. Ноне, ки Ман медиҳам, ин бадани Ман аст, ки онро ба хотири зинда мондани ҷаҳон фидо мекунам».
52Пас аз ин дар байни мардум баҳси пуршиддат авҷ гирифт: «Ин Шахс чӣ тавр бадани Худро барои хӯрдан ба мо дода метавонад?!» 53Исо ба онҳо гуфт: «Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, ки агар бадани Писари Одамизодро нахӯред ва хуни Ӯро нанӯшед, ҳаёт пайдо намекунед. 54Ҳар кӣ бадани Маро бихӯрад ва хуни Маро бинӯшад, ҳаёти абадӣ дорад ва Ман дар рӯзи қиёмат ӯро зинда хоҳам кард. 55Зеро бадани Ман хӯроки ҳақиқӣ ва хуни Ман нӯшокии ҳақиқист. 56Ҳар кӣ бадани Маро бихӯрад ва хуни Маро бинӯшад, вай дар Ман зиндагӣ мекунад ва Ман дар ӯ. 57Чунон ки Падари абадзинда Маро фиристодааст ва Ман ба воситаи Ӯ зиндаам, ҳамон тавр, касе ки Маро бихӯрад, ба воситаи Ман зиндагӣ мекунад. 58Ин аст ноне, ки аз осмон пойин фаромадааст. Вай монанди он ноне нест, ки аҷдодони шумо хӯрданд, вале аз марг наҷот наёфтанд. Аммо ҳар кӣ ин нонро бихӯрад, то абад зинда хоҳад монд». 59Исо ҳангоми дар ҷамоатхонаи Кафарнаҳум таълим доданаш ин суханонро гуфта буд.
Суханони ҳаёти абадӣ
60Бисёре аз шогирдон суханони Ӯро шунида гуфтанд: «Ин суханони вазнин ҳастанд! Кӣ онҳоро гӯш карда метавонад?» 61Исо медонист, ки шогирдонаш аз суханонаш шикоят карда истодаанд ва ба онҳо гуфт: «Магар шумо аз ин суханҳоям ба шубҳа афтодед? 62Пас, агар шумо медидед, ки Писари Одамизод ба ҷойи аввалааш боло мебарояд, чӣ кор мекардед? 63Рӯҳ ҳаёт мебахшад ва ҷисм ин корро карда наметавонад. Он суханоне, ки Ман ба шумо гуфтам, рӯҳ ва ҳаётанд. 64Аммо дар байни шумо ҳам шахсоне ҳастанд, ки имон надоранд». Исо аз аввал медонист, ки ба Ӯ кӣ имон наовардааст ва кӣ дар ҳаққи Ӯ хиёнат мекунад. 65Ӯ давом дода гуфт: «Аз ин рӯ ба шумо гуфтаам, ки касе ба назди Ман омада наметавонад, агар Падар ӯро ҷалб накунад».
66Баъд аз ин бисёр шогирдонаш аз Ӯ рӯй гардонданд ва дигар Ӯро пайравӣ накарданд. 67Пас Исо аз он дувоздаҳ шогирдаш пурсид: «Шояд шумо ҳам рафтанӣ ҳастед?» 68«Эй Хоҷа, – ҷавоб дод ба Ӯ Шимъуни Петрус, – мо ба назди кӣ равем? Суханони ҳаёти абадӣ аз они Туанд. 69Мо имон овардем ва фаҳмидем, ки Туӣ он Шахси поки Худо». 70Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Магар Ман Худам дувоздаҳ шогирдро интихоб накардаам? Вале яке аз шумо иблис аст!»
71Исо ин суханашро дар бораи Яҳудои писари Шимъуни Исқарютӣ, яке аз дувоздаҳ шогирдонаш гуфта буд, ки баъдтар ба Исо хиёнат мекунад.
Terpilih Sekarang Ini:
Юҳанно* 6: KMO
Highlight
Kongsi
Salin
Ingin menyimpan sorotan merentas semua peranti anda? Mendaftar atau log masuk
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад