Юҳанно* 5

5
Шифо ёфтани мард дар назди ҳавз
1Баъд аз он иди яҳудиён буд ва Исо ба шаҳри Уршалим рафт. 2Дар Уршалим, дар наздикии Дарвозаи Гӯсфандон ҳавзе буд, ки ба забони ибриён Байт-Ҳасдо номида мешуд. Он панҷ айвон дошту 3-4 шумораи зиёди беморон: кӯрҳо, лангҳо ва шалҳо дар он ҷо мехобиданд. 5Дар он ҷо инчунин марде мехобид, ки сию ҳашт сол боз гирифтори беморӣ буд. 6Вақте Исо он бемори хобидаро дид ва фаҳмид, ки ӯ муддати дароз бемор аст, аз вай пурсид: «Мехоҳӣ сиҳат шавӣ?» 7Бемор ҷавоб дод: «Хоҷа, ман касе надорам, ки ҳангоми ба ҳаракат омадани об, маро ба ҳавз андозад. То ман наздик мешавам, ки каси дигар аллакай аз ман пештар ба ҳавз медарояд». 8Исо ба ӯ гуфт: «Бархез, ҷогаҳатро бардошта роҳ гард!» 9Он мард ҳамон дам сиҳат шуда, ҷогаҳи худро бардошта рафт.
Он рӯз шанбе, яъне рӯзи истироҳат буд. 10Аз ин сабаб роҳбарони яҳудӣ ба марди шифоёфта гуфтанд: «Имрӯз рӯзи шанбе аст, бинобар ин раво нест, ки ҷогаҳатро бардошта барӣ!» 11«Касе, ки маро шифо дод, ба ман „Ҷогаҳатро бардошта роҳ гард“ гуфт», – ҷавоб дод ӯ. 12Онҳо аз ӯ пурсиданд: «Кадом одам ба ту „Ҷогаҳатро бардошта роҳ гард“ гуфт?» 13Аммо марди шифоёфта намедонист, ки Вай кӣ буд, чунки Исо дар байни тӯдаи одамон аз назар ғоиб шуд.
14Пас аз он Исо ӯро дар маъбади Худо дида гуфт: «Гӯш кун, акнун ту шифо ёфтӣ. Дигар гуноҳ накун, то ки ба аҳволи бадтаре дучор нашавӣ!» 15Он мард ба назди роҳбарони яҳудӣ рафта, гуфт, ки ӯро Исо шифо додааст. 16Азбаски Исо чунин корҳоро дар рӯзи шанбе мекард, яҳудиён ба ғаму озор додани Ӯ шурӯъ карданд. 17Аммо Исо ба онҳо ҷавоб дода гуфт: «Падари Ман доимо кор мекунад ва Ман ҳам кор мекунам». 18Бино бар ин, дар дили роҳбарони яҳудӣ нияти куштани Исо боз зиёдтар шуд, чунки Ӯ на танҳо қоидаи рӯзи шанберо вайрон мекард, балки Худоро боз Падари Худ номида, Худро бо Худо баробар мекард.
Ихтиёри Писар
19Аммо Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям: Писар бо ихтиёри Худ ҳеҷ кореро карда наметавонад, фақат он кореро, ки Падар мекунад, дида, Писар низ онро мекунад. Зеро ҳар коре, ки Падар мекунад, ҳамонро Писар ҳам мекунад. 20Азбаски Падар Писарро дӯст медорад, ҳар чиро, ки Худ мекунад, ба Ӯ низ нишон медиҳад. Вай ба Писар корҳои аз ин ҳам бузургтарро нишон медиҳад, то ки ҳамаи шумо ба ҳайрат афтед. 21Ҳамон тавр ки Падар мурдагонро зинда мекунад ва ба онҳо ҳаёт мебахшад, ҳамчунин Писар ба ҳар кӣ хоҳад, ҳаёт мебахшад. 22Зеро Падар ҳеҷ касро ҳукм намекунад, балки ҳаққи ҳукм карданро пурра ба Писар додааст, 23то ҳама Писарро ҳамон тавр эҳтиром кунанд, ки Падарро эҳтиром мекунанд. Касе, ки Писарро эҳтиром намекунад, Падарро ҳам, ки Фиристандаи Ӯст, эҳтиром намекунад.
24Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям: ҳар касе, ки сухани Маро мешунавад ва ба Фиристандаи Ман имон меоварад, соҳиби ҳаёти абадӣ мебошад. Инчунин он кас ҳукм карда намешавад, балки аллакай аз марг ба ҳаёт гузаштааст. 25Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям: вақту соате мерасад ва аллакай расидааст, ки мурдагон овози Писари Худоро мешунаванд ва ҳар касе, ки Ӯро бишнавад, зинда мешавад. 26Чунон ки Падар сарчашмаи ҳаёт аст, Писарро низ сарчашмаи ҳаёт кардааст. 27Инчунин Ӯ ба Писар қудрати ҳукм карданро додааст, зеро Вай Писари Одамизод аст. 28Аз ин дар ҳайрат намонед, чунки вақту соате мерасад, ки ҳамаи мурдагон овози Ӯро шунида, 29аз қабрҳояшон мебароянд. Онҳое, ки некӣ карда буданд, барои ҳаёт ва онҳое, ки бадӣ карда буданд, барои ҳукм шудан бармехезанд.
30Ман наметавонам ба ихтиёри Худ кореро иҷро кунам. Чунон ки Падар фармояд, Ман ҳамон тавр ҳукм мекунам ва ҳукми Ман одилона аст, зеро Ман на хости Худамро, балки хости Фиристандаамро иҷро кардан мехоҳам.
Шоҳидони Исо
31Агар Ман дар бораи Худ шаҳодат диҳам, шаҳодати Ман эътибор надорад. 32Аммо Ман шоҳиди дигаре дорам ва медонам, ки шаҳодати Ӯ дар бораи Ман ҳаққонист. 33Шумо одамони худро ба назди Яҳё фиристодед ва ӯ дар бораи ростӣ шаҳодат дод. 34Дар асл, Ман муҳтоҷи шаҳодати инсон нестам, фақат ба хотири наҷоти шумо инро гуфтам. 35Яҳё монанди чароғи фурӯзон дурахшанда буд ва шумо хостед, ки муддате ҳам бошад, дар равшании ӯ хурсандӣ кунед.
36Вале Ман шаҳодати бузургтар аз он, ки Яҳё дода буд, дорам. Он корҳое, ки барои иҷро кардан Падар ба Ман супоридааст ва худи он корҳое, ки Ман ба ҷо меоварам, шоҳиди онанд, ки Маро Падар фиристодааст! 37Худи Падарам, ки Маро фиристодааст, дар бораи Ман шаҳодат медиҳад. Шумо тамоман на овозашро шунидаед ва на рӯйи Ӯро дидаед. 38Каломи Ӯ дар дилҳои шумо нест, зеро шумо ба Каси фиристодааш имон намеоваред. 39Шумо навиштаҷотро меомӯзед ва фикр мекунед, ки ба воситаи онҳо ҳаёти абадиро ба даст меоваред. Вале он ҳам дар бораи Ман шаҳодат медиҳад. 40Бо вуҷуди ин шумо намехоҳед, ки ба пеши Ман оеду ҳаёти абадиро ба даст оваред.
41Ман ба таърифи инсон муҳтоҷ нестам. 42Ман медонам, ки шумо дар дилҳоятон муҳаббати Худоро надоред! 43Ман назди шумо аз номи Падари Худ омадаам ва шумо Маро қабул намекунед, вале агар каси дигар ба назди шумо аз номи худ биёяд, шумо ӯро қабул мекунед. 44Агар шумо таърифи якдигарро маъқул донед ва барои ба даст овардани таъриф аз Худои яккаву ягона кӯшиш накунед, чӣ тавр имон оварда метавонед?!
45Гумон накунед, ки Ман шуморо дар пеши Падар айбдор мекунам, айбдоркунандаи шумо Мусо аст, ки ба ӯ умед мебандед! 46Агар шумо ба Мусо боварӣ медоштед, ба Ман ҳам имон меовардед, зеро ӯ дар бораи Ман навишта буд. 47Вале агар шумо ба он чи, ки ӯ навиштааст, имон наоваред, чӣ тавр ба суханони Ман бовар мекунед?»

Terpilih Sekarang Ini:

Юҳанно* 5: KMO

Highlight

Kongsi

Salin

None

Ingin menyimpan sorotan merentas semua peranti anda? Mendaftar atau log masuk