YouVersion logotips
Meklēt ikonu

Ҳастӣ 31

31
БОБИ СИЮ ЯКУМ
1Ва Яъқуб суханони писарони Лобонро шунид, ки мегуфтанд: «Яъқуб тамоми дороии падари моро гирифтааст, ва аз дороии падари мо тамоми ин сарватро ба вуҷуд овардааст».
2Ва Яъқуб рӯи Лобонро дид, ва инак, нисбат ба ӯ на ончунон буд, ки дирӯз ва парирӯз буд.
3Ва Худованд ба Яъқуб гуфт: «Ба замини падарат ва ба зодгоҳат баргард, ва Ман бо ту хоҳам буд».
4Ва Яъқуб кас фиристода, Роҳел ва Леёро ба саҳро, назди чорвои худ ҷеғ зад.
5Ва ба онҳо гуфт: «Ман рӯи падари шуморо мебинам, ки нисбат ба ман на ончунон аст, ки дирӯз ва парирӯз буд. Аммо Худои падарам бо ман буд.
6Ва шумо медонед, ки бо тамоми қуввати худ ба падари шумо хизмат кардам.
7Ва падари шумо маро фиреб карда, даҳ маротиба музди маро тағьир дод, аммо Худо ӯро нагузошт, ки ба ман бадӣ кунад.
8Ҳангоме ки ӯ гуфт: „Музди ту барраҳои хол‐хол бошад“, тамоми чорво хол‐хол зоид. Ва ҳангоме ки гуфт: „Музди ту барраҳои доғдор бошад“, тамоми чорво доғдор зоид.
9Ва Худо чорвои падари шуморо гирифта, ба ман дод.
10Боре, дар мавсими бордоршавии чорво, ман дар хоб чашм андохтам ва дидам, ва инак, такаҳое ки бо чорво ҷуфт мешуданд, доғдор, хол‐хол ва ало буданд.
11Ва фариштаи Худо дар хоб ба ман гуфт: „Эй Яъқуб!“ Гуфтам: „Лаббай!“
Овози Худо Яъқубро даъват менамояд, ки ба ватан баргардад.
12Ва гуфт: „Чашм андоз ва бубин, ки ҳамаи такаҳое ки бо чорво ҷуфт мешаванд, доғдор, хол‐хол ва ало ҳастанд; зеро ки ҳар он чи Лобон бо ту кардааст, дидаам.
13Манам Худои Байт‐Ил, ҷое ки бар сутуне равған рехтӣ, ва бо Ман назр кардӣ. Акнун бархез, аз ин замин берун бирав; ва ба замини зодгоҳи худ баргард“».
Гурехтани Яъқуб.
14Роҳел ва Леё ба ҷавоби ӯ гуфтанд: «Оё ҳанӯз дар хонаи падари мо ҳиссае ё меросе барои мо боқист?
15Магар дар назари ӯ чун бегонаҳо ба шумор намеравем? Зеро ки моро фурӯхт, ва ҳатто пули моро хӯрд.
16Бинобар ин тамоми сарвате ки Худо аз падари мо гирифтааст, аз они мо ва фарзандони мост. Ва акнун ҳар он чи Худо ба ту гуфтааст, ба ҷо овар».
17Ва Яъқуб бархоста, фарзандон ва занони худро ба шутурон савор кард;
18Ва тамоми чорво ва тамоми дороии худро, ки пайдо карда буд, яъне чорвои хусусии худро, ки дар Фаддони Арам пайдо карда буд, бо худ гирифт, то ки назди падари худ Исҳоқ ба замини Канъон биравад.
19Ва азбаски Лобон барои буридани пашми чорвои худ рафта буд, Роҳел бутҳои падари худро дуздид.
20Вале Яъқуб Лобони арамиро чапғалат дод, чунки ӯро аз рафтани худ огоҳ накард.
21Ва ӯ бо ҳар он чи дошт, гурехт, ва бархоста, аз наҳр гузашт, ва рӯй ба ҷониби кӯҳи Ҷилъод ниҳод.
22Ва дар рӯзи сеюм ба Лобон хабар доданд, ки Яъқуб гурехтааст.
23Ва хешовандони худро бо худ гирифта, ҳафт рӯз ӯро дунболагирӣ кард, ва дар кӯҳи Ҷилъод ба ӯ даррасид.
24Ва шабонгоҳ Худо дар хоби Лобони арамӣ зоҳир гардида, ба ӯ гуфт: «Эҳтиёт бош, ки ба Яъқуб нек ё бад нагӯӣ».
25Ва Лобон ба Яъқуб даррасид; ва Яъқуб хаймаи худро дар кӯҳ барафрошта буд, ва Лобон низ бо хешовандони худ дар кӯҳи Ҷилъод манзил кард.
26Ва Лобон ба Яъқуб гуфт: «Чӣ кор аст, ки кардӣ? Барои чӣ маро чапғалат додӣ ва духтаронамро мисли асирони ҳарбӣ гирифта бурдӣ?
27Чаро пинҳонӣ гурехтӣ, ва маро дар иштибоҳ андохтӣ, ва чизе ба ман нагуфтӣ? Ман туро бо шодӣ ва сурудҳо, бо даф ва барбат гусел мекардам.
28Ва маро нагузоштӣ, ки набераҳо ва духтарони худро бибӯсам; рафтори беақлонае кардӣ.
29Дар дастам қуввате ҳаст, ки ба шумоён бадӣ кунам, вале Худои падари шумо дишаб ба ман хитоб карда, гуфт: „Эҳтиёт бош, ки ба Яъқуб неқ ё бад нагӯӣ“.
30Ва акнун, ки рафтанӣ будӣ, зеро ба хонаи падари худ рағбати калон доштӣ, пас чаро худоёни маро дуздидӣ?»
31Ва Яъқуб ба ҷавоби Лобон гуфт: «Зеро тарсидам ва гумон кардам, ки мабодо духтарони худро аз ман бо зӯрӣ бигирӣ.
32Назди ҳар кас худоёнатро биёбӣ, ӯ зинда намонад! Дар ҳузури хешовандони мо ҳар он чи аз чизу чораат назди ман бишносӣ, барои худ бигир». Вале Яъқуб намедонист, ки Роҳел онҳоро дуздидааст.
33Ва Лобон ба хаймаи Яъқуб, ва ба хаймаи Леё, ва ба хаймаи ду каниз даромад, лекин наёфт. Ва аз хаймаи Леё баромада, ба хаймаи Роҳел даромад.
34Ва Роҳел бутҳоро гирифта, зери зини шутур ниҳод, ва бар онҳо нишаст. Ва Лобон тамоми хаймаро тафтиш кард, лекин наёфт.
35Ба падараш гуфт: «Ба назари оғои ман бад нанамояд, ки дар ҳузурат бархоста наметавонам, зеро ки қоидаи занон бар ман аст». Ва ҷустуҷӯ карда, бутҳоро наёфт.
36Ва Яъқуб ба хашм омада, бо Лобон мунозира кард. Ва Яъқуб ба ҷавоби Лобон гуфт: «Гуноҳ ва хатои ман чист, ки маро таъқиб мекунӣ?
37Модоме ки ҳамаи чизҳои маро тафтиш кардӣ, аз ҳамаи чизҳои хонаи худ чӣ ёфтӣ? Ин ҷо пеши хешовандони ман ва хешовандони худ бинеҳ, то ки дар миёни ҳар дуи мо ҳакам шаванд.
38Дар ин бист сол, ки ман бо ту будам, мешҳо ва модабузҳои ту бача напартофтаанд, ва қӯчқорҳои рамаи туро нахӯрдаам;
39Ҳайвони кафидаро пеши ту наовардаам: худам товонашро медодам; чизе хоҳ рӯзона талаф мешуд ва хоҳ шабона талаф мешуд, талофии онро аз ман мегирифтӣ.
40Рӯзҳо аз гармӣ ва шабҳо аз хунукӣ азоб мекашидам; ва хоб аз чашмам мегурехт.
41Чунин буд бист соли умри ман дар хонаи ту. Ба ту чордаҳ сол барои ду духтарат ва шаш сол барои чорвоят хизмат кардам; ва ту даҳ маротиба музди маро тағьир додӣ.
42Агар Худои падарам, Худои Иброҳим ва Ҳайбати Исҳоқ бо ман намебуд, ту ҳоло маро тиҳидаст равона мекардӣ. Худо мусибати маро, ва ранҷи дастҳои маро дид, ва дишаб доварӣ кард».
43Ва Лобон ба ҷавоби Яъқуб гуфт: «Ин духтарон духтарони мананд; ва ин фарзандон фарзандони мананд; ва ин чорво чорвои ман аст, ва ҳар он чи ту мебинӣ, аз они ман аст; пас имрӯз ба ин духтарони худам ва ба фарзандоне ки зоидаанд, ман чӣ кор карда метавонам?
44Ва акнун биё, ман ва ту аҳд бибандем, то ки дар миёни ман ва ту шаҳодате бошад».
45Ва Яъқуб санге гирифта, мисли сутуне рост монд.
46Ва Яъқуб ба хешовандони худ гуфт: «Санг ҷамъ кунед!» Ва онҳо санг ҷамъ карда, пуштае сохтанд; ва дар он ҷо, бар пушта хӯрок хӯрданд.
47Ва Лобон онро Яҷар‐Соҳадуто номид, вале Яъқуб онро Ҷалъэд номид.
48Ва Лобон гуфт: «Имрӯз ин пушта дар миёни ман ва ту шоҳид аст». Ба ин сабаб онро Ҷалъэд номид,
49Ва Мисфо низ; ба он сабаб, ки гуфт: «Худованд дар миёни ман ва ту дидбонӣ кунад, вақте ки аз назари якдигар ғоиб шавем.
50Агар духтарони маро озор диҳӣ, ва агар болои духтарони ман занони дигар бигирӣ, агарчи ҳеҷ касе дар миёни мо нест, вале огоҳ бош, ки Худо дар миёни ман ва ту шоҳид аст».
51Ва Лобон ба Яъқуб гуфт: «Инак ин пушта ва инак сутуне ки дар миёни худам ва ту гузоштам.
52Ин пушта шоҳид аст ва ин сутун шоҳид аст, ки ман аз ин пушта сӯи ту нагзарам, ва ту аз ин пушта ва ин сутун бо қасди баде сӯи ман нагзарӣ.
53Худои Иброҳим ва Худои Ноҳӯр, ки Худои падари онҳост, дар миёни мо ҳакам бошанд». Ва Яъқуб ба Ҳайбати падари худ Исҳоқ қасам ёд кард.
54Ва Яъқуб дар он кӯҳ ҷонвареро қурбонӣ кард, ва хешовандони худро ба нон хӯрдан даъват намуд, ва онҳо нон хӯрданд ва дар кӯҳ шабро гузаронданд.
55Бомдодон Лобон бархоста, набераҳо ва духтарони худро бӯсид, ва онҳоро баракат дод, ва равона шуд, ва Лобон ба маскани худ баргашт.

Pašlaik izvēlēts:

Ҳастӣ 31: KM92

Izceltais

Dalīties

Kopēt

None

Vai vēlies, lai tevis izceltie teksti tiktu saglabāti visās tavās ierīcēs? Reģistrējieties vai pierakstieties