Марқӯс* Пешгуфтор
Пешгуфтор
Чуноне ки аз сарчашмаҳои қадимтарини таърихӣ маълум аст, Юҳанно, ки лақабаш Марқӯс буд, муаллифи ин китоб мебошад. Муаллиф ин Хушхабарро аз рӯйи нақли Петруси фиристода навиштааст, ки ӯ шоҳиди воқеаҳои ҳаёт ва маргу зиндашавии Исои Масеҳ буд.
Ин китоб аз ҷиҳати ҳаҷм дар байни чор Хушхабари Аҳди Нав кӯтоҳтарин мебошад. Аз рӯйи замони навишта шуданаш бошад, аввалин Хушхабар аст, ки дар бораи хизматгузорӣ ва таълимоти Исои Масеҳ нақл мекунад.
Дар ин китоб калимаҳои зиёди арамӣ ва расму оинҳои яҳудиён шарҳ дода шудаанд. Ин гувоҳӣ медиҳад, ки Хушхабари Марқӯс барои ғайрияҳудиён навишта шудааст. Марқӯс аллакай аз аввали китоб сар карда, диққати хонандаро ба муъҷизаҳои бузурги Исо ҷалб месозад. Исо баъд аз интихоб кардани чор нафар шогирдаш дарҳол ба нишон додани муъҷиза сар карда, мардеро аз рӯҳи нопок халос мекунад, хушдомани Шимъӯн, як тӯда одамони бемор ва инчунин марди махавро шифо медиҳад. Девҳо қудрати Исоро дида, бо тарсу ларз ба Ӯ итоат мекарданд. Вале роҳбарони динӣ ба Исо зид баромада, мардумро ба шӯр меоварданд ва Ӯро куштан мехостанд.
Марқӯс аз шаҳодатҳои ҳаққонии шоҳидони зиндагии Исо истифода бурда, таъкид мекунад, ки Исои Масеҳ на фақат пайғамбар, балки бештар аз он Писари Худо мебошад.
Муаллиф воқеаҳоро ба таври ҳаяҷонбахш тасвир намуда, ба ҳама мефаҳмонад, ки Исо аз рӯҳҳои нопок, аз беморӣ ва аз марг дида қудратмандтар аст. Аммо мувофиқи китоби Марқӯс муъҷизаи бузургтарини Исо азоб кашида, ҷон додани Ӯ буд. Ин муъҷизаро аввалин шуда мирисади румӣ фаҳмид. Вай дар салиб ҷони Худро фидо кардани Исоро дида гуфт: «Дар ҳақиқат ин Мард Писари Худо буд» (15:39).
Марқӯс муносибати Исоро нисбат ба ғайрияҳудиён тасвир карда, бо суханони «Хонаи ибодат барои ҳамаи халқҳо» аҳамияти паҳн кардани хушхабарро дар байни халқҳои ғайрияҳудӣ ифода намудааст.
Инчунин Марқӯс, ки худаш пайрави Исо буд, ба хонандагон хотиррасон мекунад, ки ҳаёти масеҳиёна осон нест, зеро пайрави Исо бояд ба дигарон хизмат кунад ва аз азобу уқубатҳо натарсад. Аввалин пайравони Исо, ки қабрро холӣ диданд, се зан буданд. Фаришта ба онҳо гуфт: «Ҳайрон нашавед! Шумо Исои Носирии ба салиб мехкӯбшударо меҷӯед. Вай зинда шуд ва дар ин ҷо нест!» (16:6).
Šiuo metu pasirinkta:
Марқӯс* Пешгуфтор: KMO
Paryškinti
Dalintis
Kopijuoti
Norite, kad paryškinimai būtų įrašyti visuose jūsų įrenginiuose? Prisijunkite arba registruokitės
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад