Марқӯс* 1
1
Насиҳати Яҳёи Таъмиддиҳанда
1Хушхабар дар бораи Исои Масеҳ, ки Писари Худо аст, чунин сар мешавад: 2Дар китоби Ишаъё пайғамбар суханони Худо омадаанд:
«Ман пешопеши Ту хабаррасони Худро мефиристам,
то барои омаданат роҳ тайёр кунад.#1:2 Малокӣ 3:1
3Касе дар биёбон фарёд зада мегӯяд:
„Барои Худованд роҳро тайёр кунед ва онро рост намоед!“»#1:3 Ишаъё 40:3
4Ин шахс Яҳё буд, ки ӯро Таъмиддиҳанда меномиданд. Ӯ ба биёбон омада, мардумро насиҳат мекард. Ӯ ба онҳо мегуфт, ки барои бахшида шудани гуноҳҳояшон бояд тавба карда, аз гуноҳ даст кашанд ва дар об таъмид бигиранд, ки рамзи шуста шудани гуноҳҳо мебошад.
5Мардуми тамоми сарзамини Яҳудия ва аҳолии шаҳри Уршалим назди Яҳё меомаданд. Онҳо ба гуноҳҳои худ иқрор мешуданд ва Яҳё онҳоро дар дарёи Урдун таъмид медод.
6Либоси Яҳё аз пашми шутур, камарбанди ӯ аз чарм ва хӯрокаш малаху асали саҳроӣ буд. 7Ӯ ба мардум эълон карда мегуфт: «Баъд аз ман Тавонотаре меояд, ки ман ҳатто сазовори хам шуда кушодани банди пойафзори Ӯ нестам. 8Ман шуморо бо об таъмид медиҳам, вале Ӯ шуморо бо Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо таъмид хоҳад дод».
Таъмиди Исо
9Рӯзе Исо аз шаҳри Носира, ки дар вилояти Ҷалил буд, ба назди Яҳё омад ва Яҳё Ӯро дар дарёи Урдун таъмид дод. 10Вақти аз об баромадан Исо дид, ки осмон кушода шуд ва Рӯҳулқудс ба сурати кабӯтаре пойин фаромада, дар болои Вай қарор гирифт. 11Сипас, аз осмон овозе садо дод: «Ту Писари азизи Ман ҳастӣ ва Ман аз Ту хеле хушнудам».
12Рӯҳулқудс дарҳол Исоро ба биёбон бурд. 13Ӯ дар он ҷо чил рӯз монд ва шайтон Ӯро меозмуд. Исо дар байни ҳайвоноти ваҳшӣ буд ва фариштагон ба Ӯ хизмат мекарданд.
Оғози хизмати Исо
14Пас аз дастгир шудани Яҳё Исо ба вилояти Ҷалил омад ва хушхабари Худоро ба мардум эълон мекард. 15Ӯ мегуфт: «Вақт фаро расид ва Подшоҳии Худо наздик аст. Тавба карда, аз гуноҳҳоятон рӯй гардонед ва ба хушхабар имон оваред».
16Рӯзе ҳангоме ки Исо аз назди баҳри Ҷалил мегузашт, ду бародареро дид, ки моҳигир буданд. Онҳо ба баҳр тӯр меандохтанд. Номи яке Шимъун ва номи дигаре Андриёс буд. 17Исо ба онҳо гуфт: «Маро пайравӣ кунед, то ба ҷойи моҳӣ, ҷамъ кардани мардумро ба шумо омӯзам». 18Онҳо тӯрҳои худро дарҳол партофта, Ӯро пайравӣ карданд.
19Каме дуртар рафта Исо писарони Забдойро дид, ки Яъқуб ва Юҳанно ном доштанд. Онҳо дар қаиқи худ тӯрҳои моҳигириро таъмир мекарданд. 20Исо дарҳол онҳоро даъват намуд ва онҳо падарашон Забдойро бо мардикорон дар қаиқ монда, Ӯро пайравӣ карданд.
Шифо ёфтани марди ҷинзада
21Сипас, онҳо ба шаҳри Кафарнаҳум омада, дар рӯзи шанбе, яъне рӯзи истироҳат ба ҷамоатхона рафтанд. Дар он ҷо Исо ба таълим додани мардум оғоз намуд. 22Мардум аз таълимоти Ӯ дар ҳайрат монданд, зеро Ӯ на ба монанди устодони шариат, балки чун шахси соҳибқудрат онҳоро таълим медод.
23Айнан ҳамон вақт дар ҷамоатхона марде, ки гирифтори рӯҳи нопок, яъне ҷин буд, фарёд зада гуфт: 24«Моро ба ҳоламон гузор! Ту ба мо чӣ кор дорӣ, эй Исои Носирӣ? Магар барои нобуд кардани мо омадаӣ?! Туро медонам! Ту Шахси поки Худо ҳастӣ!»
25Вале Исо рӯҳи нопокро сарзаниш карда фармуд: «Хомӯш шав ва аз вай берун баро». 26Рӯҳи нопок мардро ба замин афтонда, бо овози баланд фарёд заду аз вай берун шуд. 27Ҳама ба ҳайрат афтоданд ва ба якдигар мегуфтанд: «Ин чӣ таълимоти нав ва боқудратест? Ӯ ҳатто ба рӯҳҳои нопок амр медиҳад ва онҳо ба Вай итоат мекунанд!» 28Овозаи Исо зуд дар тамоми вилояти Ҷалил паҳн шуд.
Шифо ёфтани бисёр одамон
29Ҳамин ки Исо аз ҷамоатхона баромад, бо ҳамроҳии Яъқуб ва Юҳанно ба хонаи Шимъуну Андриёс рафт. 30Вақте ки ба он ҷо расиданд, ба Исо зуд гуфтанд, ки хушдомани Шимъун бо таби баланд дар бистар хобидааст. 31Вай назди зан омад ва аз дасташ гирифта, ӯро бархезонд. Таби зан паст шуд ва ӯ ба меҳмоннавозии онҳо машғул шуд.
32Он бегоҳ, ҳангоми нишасти офтоб одамон ҳамаи беморону ҷинзадагонро ба назди Исо оварданд. 33Тамоми аҳолии шаҳр ҳам назди дари хонаи онҳо ҷамъ омаданд. 34Ӯ одамони зиёдро аз бемориҳои гуногун шифо дод ва бисёр ҷинҳоро аз даруни одамон берун кард, аммо ба ҷинҳо иҷозати гап заданро намедод, чунки онҳо кӣ будани Ӯро медонистанд.
Дуои Исо дар ҷойи беодам
35Саҳарии барвақт, вақте ҳанӯз торик буд, Исо берун баромада, ба ҷойи беодам рафта, дуо кард. 36Шимъун ва ҳамроҳонаш бошанд, ба ҷустуҷӯи Исо баромаданд. 37Ӯро ёфта, ба Вай гуфтанд: «Ҳама Туро мекобанд». 38Вале Исо гуфт: «Биёед, ба шаҳру деҳоти гирду атроф низ биравем, то ки ба мардуми он ҷо ҳам хушхабарро эълон намоям, чунки Ман барои иҷрои ҳамин кор омадаам».
39Баъд Ӯ ба тамоми гӯшаву канори вилояти Ҷалил сафар карда, дар ҷамоатхонаҳо хушхабарро эълон мекард ва ҷинҳоро аз одамон берун меронд.
Покшавии марде, ки бемории пӯст дошт
40Рӯзе ба назди Исо марде, ки бемории пӯст дошт, омад. Вай ба зону нишаста зорӣ карда гуфт: «Агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок созӣ». 41Дили Исо ба ҳоли мард сӯхт ва дасташро ба вай расонда гуфт: «Албатта, мехоҳам! Пок шав!» 42Дарҳол бемории мард нест шуда, баданаш пок гашт.
43Исо ӯро зуд ҷавоб дода таъкидкунон 44гуфт: «Дар ин бора ба ҳеҷ кас нагӯй, балки рост назди коҳин рафта, худро нишон деҳ. Баъд барои пок шудани худ, чӣ тавре ки Мусо фармудааст, қурбонӣ бикун, то ба мардум шаҳодате гардад». 45Вале он мард берун баромада ошкоро ин хабари хушро паҳн мекард. Барои ҳамин Исо дигар озодона ба шаҳр даромада натавонист, балки дар саҳро монд. Бо вуҷуди ин, мардум аз ҳама ҷо ба назди Ӯ меомаданд.
Šiuo metu pasirinkta:
Марқӯс* 1: KMO
Paryškinti
Dalintis
Kopijuoti
![None](/_next/image?url=https%3A%2F%2Fimageproxy.youversionapi.com%2F58%2Fhttps%3A%2F%2Fweb-assets.youversion.com%2Fapp-icons%2Flt.png&w=128&q=75)
Norite, kad paryškinimai būtų įrašyti visuose jūsų įrenginiuose? Prisijunkite arba registruokitės
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад