Луқо* 21
21
Ду тангаи бевазан
1Исо як назар андохта, бойҳоеро дид, ки ба сандуқи хайрия садақаҳои худро меандохтанд. 2Ӯ бевазани камбағалеро низ дид, ки ба он ҷо ду тангаи хурди мисинро андохт. 3Баъд гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ин бевазани бечора аз ҳама зиёдтар хайрот кард. 4Чунки онҳо аз зиёдатии сарваташон садақа карданд, вай бошад, тамоми ризқу рӯзиашро дод».
Азобу уқубатҳои дарпешистода
5Вақте ки баъзеҳо дар бораи маъбади Худо сухан меронданду таъриф мекарданд, ки он бо чӣ гуна сангҳои зебо ва ҳадяҳои қиматбаҳо оро дода шудааст, Исо гуфт: 6«Рӯзҳое меоянд, ки аз ҳамаи ин чизҳои медидаатон санг бар болои санг намонда, ба замин яксон мешавад». 7Аз Ӯ пурсиданд: «Устод, пас ин ҳодиса кай рӯй медиҳад ва ба амал омадани онро аз кадом аломат мефаҳмем?» 8Ӯ ҷавоб дод: «Эҳтиёт шавед, ки мабодо гумроҳ нашавед, зеро бисёр касон бо номи Ман омада мегӯянд: „Ман ҳамонам!“ ва ё „Вақташ расид!“ Аз паси онҳо наравед! 9Вақте ки садоҳои ҷангҳову шӯришҳоро мешунавед, ба воҳима наафтед. Зеро аввал бояд ҳамаи ин воқеаҳо рӯй диҳанд, вале ин маънои якбора расидани охирзамонро надорад». 10Баъд Исо ба онҳо гуфт: «Як халқ бо халқи дигар ва як давлат бо давлати дигар меҷангад. 11Заминҷунбиҳои сахт мешавад ва дар ҳар ҷо гуруснагӣ ва бемориҳои марговар меояд. Аз осмон ҳодисаҳои пурдаҳшат ва аломатҳои бузург намоён хоҳанд гашт. 12Вале, пеш аз он ки ҳамаи ин ба амал ояд, шуморо дастгир карда, азоб медиҳанд ва ба ҷамоатхонаву зиндонҳо мебаранд. Ба хотири номи Ман шуморо ба назди подшоҳону ҳокимон мебаранд ва 13имконият пайдо мекунед, ки дар бораи Ман шаҳодат диҳед. 14Қарор диҳед, ки дар бораи чӣ ҷавоб доданатон пешакӣ ташвиш намекашед. 15Зеро Ман ба шумо чунон ҳикмате ато мекунам ва суханонеро ба даҳонатон мегузорам, ки ҳеҷ яке аз душманонатон наметавонад бар он муқобилате нишон дода, норозигии худро баён кунад. 16Ҳатто падару модарон, бародарон, хешон ва дӯстонатон шуморо таслим хоҳанд намуд ва баъзеи шумо кушта мешавед. 17Ба сабаби Маро пайравӣ карданатон ҳама ба шумо бо чашми нафрат нигоҳ мекунанд. 18Вале як тори мӯйе ҳам аз сари шумо нахоҳад афтод. 19Истодагарӣ намоед ва ҳаётро ба даст хоҳед овард.
Пешгӯйии Исо дар бораи вайрон шудани Уршалим
20Ҳамин ки Уршалимро дар иҳотаи аскарон дидед, бидонед, ки вақти вайрон шудани он наздик аст. 21Он вақт касоне, ки дар Яҳудия ҳастанд, ба кӯҳистон гурезанд. Касоне, ки дар ин шаҳр ҳастанд, аз ин ҷо бираванд ва касоне, ки дар деҳот ҳастанд, ба шаҳр барнагарданд. 22Чун он рӯзҳо, ҳамчун иҷрошавии гуфтаҳои навиштаҷот, рӯзҳои ҷазо мешаванд.
23Вой бар ҳоли ҳомиладорон ва модароне, ки кӯдаки ширхӯр хоҳанд дошт, чунки дар замин мусибати бузурге ба амал меояду ин мардум гирифтори ғазаб мешавад. 24Баъзеҳо аз дами шамшер ҳалок мегарданду дигаронро ба мамлакатҳои гуногун асир карда мебаранд. Ғайрияҳудиён бошанд, то вақти ба охир расидани давраи онҳо, Уршалимро поймол мекунанд.
Аломати омадани Писари Одамизод
25Дар офтобу моҳу ситорагон аломатҳо зоҳир мешаванд ва дар рӯйи замин мардум ба ғаму андӯҳ печида, аз хурӯши баҳру мавҷҳо ба ҳайрат меафтанд. 26Аз барои он ки ҳама чиз дар осмон ба ҷунбиш меояд, одамон аз наздик шудани мусибате, ки ба сари ҷаҳон меояд, тарсида беҳуш мешаванд. 27Дар он вақт одамон Писари Одамизодро мебинанд, ки дар абр бо қудрат ва шуҳрату ҷалоли бузурге меояд#21:27 Дониёл 7:13-14. 28Вақте ки ба амал омадани ин гуфтаҳо сар мешавад, қомататонро рост карда саратонро боло бардоред, чунки вақти озод шуданатон наздик аст».
Масал дар бораи дарахти анҷир
29Баъд Исо ба онҳо чунин масалеро нақл кард: «Ба дарахти анҷир ва дигар дарахтҳо нигоҳ кунед. 30Вақте мебинед, ки онҳо барг мебароранд, медонед, ки тобистон аллакай наздик аст. 31Ҳамин тавр ҳангоме ки ба амал омадани ин ҳодисаҳоро мебинед, донед, ки Подшоҳии Худо наздик аст. 32Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳанӯз одамони ин насл аз олам нагузашта, ҳамаи ин ба амал меояд. 33Замину осмон нест мешаванд, аммо гуфтаҳои Ман то абад мемонанд. 34Пас, бохабар бошед, ки дилҳои шумо саргарми айшу ишрат, бадмастӣ ва ташвишҳои ин рӯзгор нашавад ва он рӯз ногаҳон, 35мисли дом барои шумо фаро нарасад. Он рӯз ба сари тамоми сокинони рӯйи замин хоҳад омад. 36Ҳамеша бедор бошед ва дуо гӯед, то қувват дошта бошед, ки аз даҳшатҳои оянда халосӣ ёбед ва дар назди Писари Одамизод истед».
37Ҳар рӯз Исо дар маъбади Худо таълим медод ва чун бегоҳ фаро мерасид, ба кӯҳи Зайтун рафта, ҳамон ҷо шабро рӯз мекард. 38Тамоми мардум бошанд, саҳарии барвақт барои шунидани суханони Ӯ ба ҳавлии маъбади Худо меомаданд.
Šiuo metu pasirinkta:
Луқо* 21: KMO
Paryškinti
Dalintis
Kopijuoti
Norite, kad paryškinimai būtų įrašyti visuose jūsų įrenginiuose? Prisijunkite arba registruokitės
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад