Луқо* 20
20
Савол дар бораи ҳуқуқи Исо
1Рӯзе, вақте ки Исо дар маъбади Худо мардумро таълим дода, хабари хушро эълон мекард, ба наздаш коҳинони калон, устодони шариат ва пирони қавм омада 2пурсиданд: «Ба мо бигӯй, Ту бо кадом ҳуқуқ чунин корҳоро мекунӣ? Ин ҳуқуқро ба Ту кӣ додааст?» 3Исо дар ҷавоб гуфт: «Ман ҳам ба шумо як саволе дорам. Шумо ба Ман ҷавоб диҳед, ки 4ба Яҳё кӣ ҳуқуқ дода буд, ки одамонро таъмид диҳад: Худо ё инсон?» 5Онҳо бо ҳам муҳокима намуда, гуфтанд: «Агар „Худо дода буд“ гӯем, Ӯ аз мо мепурсад, ки чаро ба Яҳё бовар накардед? 6Аммо агар „инсон“ гӯем, тамоми мардум моро сангсор мекунад, чунки одамон боварии комил доранд, ки Яҳё пайғамбар буд». 7Онҳо ҷавоб доданд, ки намедонанд ва 8Исо ба онҳо гуфт: «Пас, Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунам».
Масал дар бораи иҷоракорон
9Баъд Исо ба халқ нақл кардани ин масалро сар кард: «Шахсе токзоре бунёд кард ва онро ба чанд нафар иҷора дода, ба муддати дурудароз ба кишвари дигар сафар кард. 10Чун вақти ҳосилғундорӣ расид, ӯ хизматгореро ба назди токпарварон фиристод, то ҳаққи худро аз он токзор бигирад. Вале токпарварон ӯро зада, бо дасти холӣ фиристоданд. 11Он вақт ӯ хизматгори дигарро фиристод. Вале онҳо ӯро ҳам зада, ҳақорат карданду бо дасти холӣ фиристоданд. 12Ӯ боз хизматгори сеюмашро фиристод. Вайро низ захмдор карда, берун партофтанд. 13Он гоҳ соҳиби токзор гуфт: „Чӣ бояд бикунам? Писари азизамро мефиристам, шояд ӯро иззату эҳтиром кунанд“. 14Вале токпарварон писари ӯро дида, ба якдигар гуфтанд: „Вай меросхӯр аст! Биёед, ӯро мекушем, то ки соҳиби мерос шавем!“ 15Ва ӯро аз токзор берун бароварда куштанд.
Ба фикри шумо соҳиби токзор бо онҳо чӣ гуна рафтор мекунад? 16Вай баргашта, он токпарваронро мекушад ва токзорро ба дигарон медиҳад».
Онҳое, ки Исоро мешуниданд, гуфтанд: «Худо нигоҳ дорад!» 17Ӯ ба онҳо нигоҳ карда гуфт: «Пас ин калимаҳои навиштаҷот чӣ маъно доранд:
„Он сангеро, ки бинокорон нодаркор ҳисоб карда, як сӯ партофтанд,
санги асосии таҳкурсии бино гардид“#20:17 Забур 117:22.
18Ҳар кӣ ба болои он санг ғалтад, майда-майда мешавад ва агар ин санг ба болои касе афтад, вайро маҷақ мекунад».
Савол дар бораи супоридани андоз
19Устодони шариату коҳинони калон фаҳмиданд, ки ин масал бар зидди онҳо буд ва хостанд ҳамон замон Исоро дастгир кунанд, вале аз мардум метарсиданд. 20Онҳо якчанд нафарро барои аз пайи Исо поидан фиристоданд, то ки худро ростқавл нишон дода, Ӯро бо сухан ба дом афтонанду барои ҳукм шудан ба дасти ҳокими румӣ супоранд.
21Онҳо аз Исо пурсиданд: «Устод! Мо медонем, ки суханону таълимоти Ту аз рӯйи ҳақиқат аст. Медонем, ки нисбати ҳеҷ кас рӯйбинӣ надорӣ ва роҳҳои Худоро аз рӯйи ҳақиқат таълим медиҳӣ. 22Бигӯ, ки оё ба шоҳаншоҳи Рум андоз супорем ё не?» 23Ӯ аз макри онҳо пай бурда, ба онҳо гуфт: 24«Ба Ман ягон тангаи динорро нишон диҳед. Дар ин танга акс ва номи кӣ аст?» «Шоҳаншоҳ», – ҷавоб доданд онҳо. 25Исо ба онҳо гуфт: «Пас, он чи аз они шоҳаншоҳ аст, ба шоҳаншоҳ бидиҳед ва он чи аз они Худост, ба Худо».
26Онҳо натавонистанд Исоро пеши мардум бо сухан ба дом афтонанд ва аз ҷавоби Ӯ ба ҳайрат афтода, хомӯш шуданд.
Савол дар бораи зиндашавӣ
27Чанд нафар аз равияи саддуқиён, ки зиндашавии мурдагонро инкор мекарданд ба назди Исо омаданду 28ба Ӯ чунин савол доданд: «Устод, Мусо дар шариат ба мо навиштааст, ки агар бародари касе фарзанд наёфта бимирад, бигзор вай зани ӯро ба никоҳи худ дарорад ва фарзандони ба дунё омадаро ҳамчун насли бародари марҳумаш бидонад#20:28 Такрори Шариат 25:5.
29Инак, ҳафт бародар буданд. Бародари калонӣ зан гирифт, аммо фарзанд надида аз олам чашм пӯшид. 30-31 Бародари дуюм, сеюм ва ҳамин тавр ҳамаи ҳафт бародарон зани бародарашонро ба занӣ мегирифтанд, вале ҳеҷ яке аз онҳо фарзанде ба дунё наоварда вафот кард. 32Оқибат зан ҳам аз олам чашм пӯшид. 33Пас, рӯзе, ки мурдаҳо зинда мешаванд, вай зани кадоме аз онҳо мешавад? Охир ҳамаи ҳафт бародарон ӯро ба занӣ гирифта буданд!»
34Исо ҷавоб дод: «Одамони ин дунё зан мегиранд ва ба шавҳар мебароянд. 35Вале онҳое, ки лоиқ дониста шудаанд, ки зинда шаванд, пас аз ба он дунё рафтанашон на зан мегиранду на шавҳар мекунанд. 36Онҳо дигар намемиранд, чунки мисли фариштаҳо мешаванд. Онҳо фарзандони Худо ҳастанд, охир Худо онҳоро зинда кардааст. 37Дар ҳикояи буттаи сӯхтаистода, Мусо Худовандро Худои Иброҳиму Исҳоқу Яъқуб номида,#20:37 Хуруҷ 3:6 нишон дод, ки мурдагон зинда мешаванд. 38Ӯ на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст. Барои Худо ҳама зинда ҳастанд». 39Он гоҳ баъзе аз устодони шариат гуфтанд: «Хуб гуфтӣ, Устод!»
40Ва дигар ҳеҷ кас ҷуръат накард, ки ба Ӯ саволе диҳад.
Масеҳ Писари кист?
41Аммо Исо ба онҳо гуфт: «Барои чӣ одамон мегӯянд, ки Масеҳ, яъне Таъйиншудаи Худо писари шоҳ Довуд аст? 42-43 Охир, худи Довуд дар китоби Забур мегӯяд:
„Худованд ба Худованди ман гуфт:
«То даме ки душманонатро зери пойҳоят нагузорам,
аз дасти ростам бишин»“#20:42–43 Забур 109:1.
44Довуд Масеҳро „Худованд“ меномад. Пас, чӣ тавр Вай писари шоҳ Довуд шуда метавонад?»
Огоҳӣ аз худнамоии роҳбарони динӣ
45Ҳангоме ки тамоми мардум ба суханони Вай гӯш мекарданд, Исо ба шогирдони Худ гуфт: 46«Аз устодони шариат эҳтиёт бошед. Ба онҳо маъқул аст, ки либосҳои қимат пӯшида гарданд ва мардум дар бозорҳо ба онҳо бо иззату эҳтиром салом диҳанд. Онҳо дар ҷойҳои беҳтарини ҷамоатхонаҳо нишастан ва дар зиёфатҳо болонишиниро дӯст медоранд. 47Онҳо намоишкорона дурудароз дуо мехонанд, вале дар асл молу мулки бевазанонро хӯрда ғорат мекунанд! Онҳо барои ин корҳояшон ҷазои сахттаринро мебинанд».
Šiuo metu pasirinkta:
Луқо* 20: KMO
Paryškinti
Dalintis
Kopijuoti
Norite, kad paryškinimai būtų įrašyti visuose jūsų įrenginiuose? Prisijunkite arba registruokitės
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад