Инҷили Юҳанно 21
21
БОБИ БИСТУ ЯКУМ
Исо назди кӯли Табария.
1Баъд аз он боз Исо дар соҳили баҳри Табария ба шогирдон зоҳир шуд. Зоҳир шуданаш ин тавр буд:
2Шимъӯни Петрус, Тумо, ки Экизак номида мешуд, Натанъил, ки аз Қонои Ҷалил буд, писарони Забдой ва ду нафари дигар аз шогирдони Ӯ бо ҳам буданд.
3Ва Шимъӯни Петрус ба онҳо гуфт: «Мехоҳам ба сайди моҳӣ биравам». Ба вай гуфтанд: «Мо низ ҳамроҳи ту меравем». Дарҳол рафта, ба қаиқ савор шуданд, ва он шаб чизе сайд накарданд.
4Вақте ки субҳ шуд, Исо дар соҳил истода буд, лекин шогирдон надонистанд, ки ин Исост.
5Исо ба онҳо гуфт: «Эй фарзандон! Оё назди шумо хӯроке ҳаст?» Ба Ӯ ҷавоб доданд: «Не».
6Ӯ ба онҳо гуфт: «Тӯрро ба тарафи рости қаиқ биандозед, ва хоҳед ёфт». Онҳо андохтанд, ва аз бисьёрии моҳӣ онро кашида натавонистанд.
7Он шогирде ки Исо дӯст медошт, ба Петрус гуфт: «Ин Худованд аст». Чун Шимъӯни Петрус шунид, ки ин Худованд аст, ҷомаашро ба худ печонд, чунки бараҳна буд, ва худро дар баҳр андохт;
8Ва шогирдони дигар бо қаиқ омаданд, — зеро ки аз соҳил дур набуданд, балки қариб ба дусад зироъ#21:8 Зироъ — андозаест аз оринҷ то нӯги ангушти миёна (тахминан 48 см)., — ва тӯри пур аз моҳиро кашиданд.
9Ва чун ба хушкӣ баромаданд, оташи афрӯхта ва моҳии бар он гузошташуда ва нон диданд.
10Исо ба онҳо гуфт: «Аз он моҳие ки ҳозир сайд кардед, биёред».
11Шимъӯни Петрус рафта, тӯрро пур аз моҳиёни бузург, ки саду панҷоҳу се адад буданд, ба хушкӣ кашид, ва бо вуҷуди бисьёрии моҳӣ тӯр надарид.
12Исо ба онҳо гуфт: «Биёед, хӯрок бихӯред». Лекин аз шогирдон касе ҷуръат накард, ки аз Ӯ бипурсад: «Ту кистӣ?» Зеро медонистанд, ки ин Худованд аст.
13Ва Исо пеш омада, нонро гирифт ва ба онҳо дод, ва ҳамчунин моҳиро.
14Ин бори сеюм буд, ки Исо, пас аз эҳьё шуданаш аз мурдагон, ба шогирдони Худ зоҳир шуд.
Имтиҳони Петрус ва ба вай баргардонидани хизматгузории ҳавворигӣ.
15Баъд аз хӯрок хӯрданашон, Исо ба Шимъӯни Петрус гуфт: «Эй Шимъӯн ибни Юнус! Оё Маро бештар аз инҳо дӯст медорӣ?» Ба Ӯ гуфт: «Оре, Худовандо! Ту медонӣ, ки Туро дӯст медорам». Ба вай гуфт: «Барраҳои Маро бичарон».
16Боз бори дигар ба вай гуфт: «Эй Шимъӯн ибни Юнус! Оё Маро дӯст медорӣ?» Ба Ӯ гуфт: «Оре, Худовандо! Ту медонӣ, ки Туро дӯст медорам». Ба вай гуфт: «Гӯсфандони Маро чӯпонӣ намо».
17Ва бори сеюм ба вай гуфт: «Эй Шимъӯн ибни Юнус! Оё Маро дӯст медорӣ?» Петрус ғамгин шуд, ки бори сеюм аз вай пурсид: «Оё Маро дӯст медорӣ?» ва ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Ту аз ҳама чиз воқиф ҳастӣ; Ту медонӣ, ки Туро дӯст медорам». Исо ба вай гуфт: «Гӯсфандони Маро бичарон;
18Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: вақте ки ҷавон будӣ, камаратро худат мебастӣ ва ба ҳар ҷо, ки мехостӣ, мерафтӣ; лекин вақте ки пир шавӣ, дастҳоятро дароз хоҳӣ кард, ва дигаре туро баста, ба он ҷое ки намехоҳӣ, туро хоҳад бурд».
19Чунин гуфт, то ишорат кунад, ки бо чӣ гуна фавт вай бояд Худоро ҷалол диҳад. Ва чун инро гуфт, ба вай фармуд: «Аз ақиби Ман биё».
20Петрус ба атроф нигоҳ карда, дид, ки он шогирде ки Исо дӯст медошт, аз ақиби онҳо меояд, ва ин ҳамон буд, ки дар вақти таоми шом бар сандуқи синаи Ӯ такья зада, гуфта буд: «Худовандо! Кист он ки Туро таслим мекунад?»
21Чун Петрус вайро дид, ба Исо гуфт: «Худовандо! Оқибати ин чӣ хоҳад буд?»
22Исо ба вай гуфт: «Агар хости Ман ин бошад, ки то вақти омаданам вай бимонад, ин ба ту чӣ дахл дорад? Аз ақиби Ман биё».
23Бинобар ин дар миёни бародарон чунин сухан паҳн шуд, ки он шогирд нахоҳад мурд. Лекин Исо ба вай нагуфт, ки вай нахоҳад мурд, балки гуфт: «Агар хости Ман ин бошад, ки то вақти омаданам вай бимонад, ин ба ту чӣ дахл дорад?»
24Ва ин шогирдест, ки ба ин чизҳо шаҳодат медиҳад ва инҳоро навишт; ва мо медонем, ки шаҳодати вай рост аст.
25Боз бисьёр аъмоли дигаре Исо ба ҷо овард, ки агар муфассалан навишта шавад, ба гумонам, тамоми дуньё ҳам он китобҳои навишташударо гунҷоиш дода наметавонист. Омин.
ទើបបានជ្រើសរើសហើយ៖
Инҷили Юҳанно 21: KM92
គំនូសចំណាំ
ចែករំលែក
ចម្លង

ចង់ឱ្យគំនូសពណ៌ដែលបានរក្សាទុករបស់អ្នក មាននៅលើគ្រប់ឧបករណ៍ទាំងអស់មែនទេ? ចុះឈ្មោះប្រើ ឬចុះឈ្មោះចូល
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.