Аъмоли Ҳаввориён 1
1
БОБИ ЯКУМ
Муқаддима.
1Номаи аввалро навиштаам, эй Теофилус, дар бораи ҳар он чи Исо ба амал овард ва таълим дод аз ибтидо,
2То ҳамон рӯзе ки ба василаи Рӯхулқудс ба ҳаввориёни баргузидаи Худ дастурҳо дод ва ба осмон бурда шуд;
Хизматгузории Исои Масеҳ баъд аз эҳьё шудан.
3Ба онҳо низ, баъд аз азобу уқубаташ, бо далелҳои бисьёр Худро зинда нишон дод ва дар давоми чиҳил рӯз ба онҳо зоҳир шуда, дар бораи Малакути Худо сухан гуфт,
4Ва онҳоро ҷамъ карда, чунин амр фармуд: «Ерусалимро тарк накунед, балки мунтазири он ваъдаи Падар бошед, ки аз Ман шунидаед;
5Зеро ки Яҳьё бо об таъмид медод, лекин шумо, баъд аз чанд рӯз, бо Рӯҳулқудс таъмид хоҳед ёфт».
6Пас, онҳое ки ҷамъ шуда буданд, ба Ӯ савол дода, гуфтанд: «Худовандо, оё дар ҳамин вақт салтанатро бар Исроил аз нав барқарор хоҳӣ кард?»
7Ба онҳо гуфт: «Кори шумо нест, ки замонҳо ва мӯҳлатҳоеро, ки Падар бо кудрати Худ муқаррар намудааст, бидонед;
8Аммо вақте ки Рӯҳулқудс бар шумо нозил шавад, қувват хоҳед ёфт ва дар Ерусалим ва дар тамоми Яҳудо ва Сомария ва то ақсои дуньё шоҳидони Ман хоҳед буд».
Ба осмон сууд кардани Исо.
9Ҳамин ки инро гуфт, боло бурда шуд, ва онҳо менигаристанд, ва абре Ӯро аз пеши назари онҳо гирифта бурд.
10Чун Ӯ боло мебаромад, ва онҳо ба осмон менигаристанд, ногоҳ ду марди сафедпӯш назди онҳо пайдо шуданд
11Ва гуфтанд: «Эй мардони Ҷалил! Чаро ин ҷо истода, сӯи осмон нигаронед? Ҳамин Исо, ки аз пеши шумо ба осмон боло бурда шуд, чӣ тавре ки Ӯро сӯи осмон равона дидед, боз ҳамон тавр хоҳад баргашт».
Интизорӣ ба Рӯҳулқудс.
12Он гоҳ онҳо аз кӯҳи Зайтун, ки дар наздикии Ерусалим ба масофати роҳравии рӯзи шанбе#1:12 Роҳравии рӯзи шанбе — тақрибан як километр. воқеъ аст, сӯи Ерусалим равона шуданд
13Ва, чун расиданд, ба болохонае баромаданд, ки дар он ҷо Петрус ва Яъқуб, Юҳанно ва Андриёс, Филиппус ва Тумо, Барталмо ва Матто, Яъқуб ибни Ҳалфой ва Шимъӯни Ғаюр ва Яҳудо ибни Яъқуб иқомат доштанд;
14Ҳамаи онҳо якдилона ба дуо машғул буданд, ва ҳамроҳашон занон ва Марьям модари Исо ва бародарони Ӯ низ буданд.
Интихоб шудани Матьёс.
15Дар он рӯзҳо Петрус дар миёни шогирдон, ки дар ҷамъомад тақрибан саду бист нафар буданд, бархоста, гуфт:
16«Эй бародарон! Мебоист он Навишта иҷро мешуд, ки Рӯҳулқудс бо забони Довуд дар бораи Яҳудо пешгӯӣ кард, ки вай роҳнамо буд ба онҳое ки Исоро дастгир карданд;
17Вай ба мо мансуб гардида, насибе дар ин ҳизмат ёфт;
18Ва инак, вай ба музди бадкирдории худ мазраае харид ва бар он рӯйнокӣ афтода, шикамаш кафид, ва тамоми амъояш берун шуд;
19Хабари ин ба гӯши ҳамаи сокинони Ерусалим расид, ва он мазраа ба забони онҳо Ҳақалдамо, яъне „Мазрааи хунин“ номида шудааст.
20Зеро ки дар китоби Забур навишта шудааст:
„Манзили вай хароб гардад
ва касе дар он сокин нашавад“; ва:
„Ҷоҳу ҷалоли варо дигаре бигирад“.
21Бинобар ин аз касоне ки ҳамроҳи мо буданд дар тамоми он муддате ки Исои Худованд бо мо рафтуомад дошт,
22Яъне аз вақти таъмиди Яҳьё то рӯзе ки Ӯ аз пеши мо боло бурда шуд, — яке аз онҳо бояд бо мо шоҳиди эҳьёи Ӯ бишавад».
23Ва ду нафарро: Юсуфро, ки Барсаббо ном дошта, лақабаш Юстус буд, ва Матьёсро пешниҳод карданд
24Ва дуо карда, гуфтанд: «Ту, эй Худованд, ки Орифулқалб ҳастӣ, бинамо якеро, ки аз ин ду баргузидаӣ,
25То ки вай насиби ин хизмат ва ҳаввориятро пайдо кунад, ки Яҳудо аз он маҳрум шуда, ба макони худ рафтааст».
26Қуръае барои онҳо партофтанд, ва қуръа ба номи Матьёс баромад, ва ӯ ба ёздаҳ ҳаввориён мансуб гашт.
ទើបបានជ្រើសរើសហើយ៖
Аъмоли Ҳаввориён 1: KM92
គំនូសចំណាំ
ចែករំលែក
ចម្លង

ចង់ឱ្យគំនូសពណ៌ដែលបានរក្សាទុករបស់អ្នក មាននៅលើគ្រប់ឧបករណ៍ទាំងអស់មែនទេ? ចុះឈ្មោះប្រើ ឬចុះឈ្មោះចូល
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.