Матто* 7
7
Айбдор кардани дигарон
1Исо давом дода гуфт: «Дигаронро айбдор накунед, то ки худ айбдор ҳисоб нашавед. 2Зеро чи хеле ки дигаронро айбдор кунед, ҳамон тавр шумо низ айбдор ҳисоб мешавед ва бо кадом санги тарозу, ки баркашед, бо ҳамон санг барои шумо бармекашанд. 3Чаро шумо хасро дар чашми бародари худ мебинеду кундаро, ки дар чашми худатон ҳаст, намебинед? 4Чӣ хел ҷуръат карда ба бародаратон мегӯед, ки „Иҷозат деҳ хасро аз чашмат барорам“, ҳол он ки дар чашми худатон кунда доред? 5Эй дурӯяҳо! Аввал кундаро аз чашми худатон бароред, он гоҳ дурусттар дида метавонед, ки чӣ хел хасро аз чашми бародаратон бароред.
6Он чи муқаддас аст, ба сагон надиҳед ва марвориди худро пеши хукон напартоед, то ки марворидро поймол карда, шуморо надаранд.
Натиҷаи дуо кардан
7Талаб кунед ва ба шумо дода мешавад, биҷӯед ва пайдо мекунед, дарро бикӯбед ва он ба рӯятон кушода мешавад. 8Чун ҳар кӣ талаб мекунад, ба даст меорад, ҳар кӣ меҷӯяд, пайдо мекунад ва ҳар кас ки дарро мекӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад. 9Оё дар байни шумо падаре ҳаст, ки агар писараш нон талаб кунад, ба вай санг диҳад? 10Ё агар моҳӣ талаб кунад, ба вай мор медиҳад? 11Агар шумо бо вуҷуди дилсиёҳиатон ба фарзандони худ додани чизҳои хубро донед, чӣ қадар Падари осмонии шумо тайёр аст чизҳои хубро ба онҳое диҳад, ки аз Ӯ металабанд.
12Ҳар рафтореро, ки аз дигарон нисбати худ дидан хоҳед, ҳамон тавр аввал худи шумо нисбати дигарон рафтор кунед. Зеро асоси шариати Мусо ва гуфтаҳои пайғамбарон дар ҳамин аст.
Дарвозаи танг
13Аз дарвозаи танг дароед, чунки дарвозаи васеъ ва роҳи осонгузар шуморо ба ҳалокат меоварад ва касоне, ки аз он мегузаранд, бисёр ҳастанд. 14Лекин ба ҳаёти абадӣ шуморо дарвозаи басо тангу роҳи мушкилгузар меоварад ва кам касон онро меёбанд.
Фарқ кардани пайғамбарони бардурӯғ
15Аз пайғамбарони бардурӯғ эҳтиёт шавед, онҳо ба назди шумо дар намуди гӯсфандон меоянд, аммо дар ботин онҳо гургони даранда ҳастанд. 16Шумо онҳоро аз рӯйи амалашон мешиносед. Оё аз буттаи хор ангур ё анҷир мечинанд? 17-18 Ҳар дарахти солим меваи хуб медиҳад ва меваи бад дода наметавонад, вале дарахти бад меваи бад медиҳад ва меваи хуб дода наметавонад. 19Ҳамаи дарахтоне, ки меваи хуб намеоваранд, бурида ба оташ партофта мешаванд.
20Хуллас, пайғамбарони бардурӯғро низ шумо аз амалашон мешиносед.
Исо киро «намешиносам» мегӯяд
21На ҳама касоне, ки Маро доимо Хоҷаи худ меноманд, ба Подшоҳии Худо медароянд. Фақат онҳое, ки хости Падари Маро, ки дар осмон аст, иҷро мекунанд, ба Подшоҳии Худо медароянд. 22Ҳангоме ки рӯзи қиёмат фаро мерасад, мардуми зиёд ба Ман мегӯянд: „Эй Хоҷа! Магар мо ба номи Ту пайғоми Худоро ба одамон эълон намекардем? Магар ба номи Ту ҷинҳоро ронда, муъҷизаҳои зиёд нишон намедодем?“ 23Он гоҳ Ман ба рӯяшон мегӯям: „Эй бадкорон! Ман шуморо ҳеҷ гоҳ намешинохтам. Дур шавед аз наздам!“
Бинокори дурандешу бинокори беақл
24Пас ҳар касе, ки ин гуфтаҳои Маро мешунаваду онҳоро иҷро мекунад, монанди марди дурандешест, ки хонаашро дар болои санг сохта буд. 25Баъд борон бориду обхезӣ шуд ва шамоли сахт хеста, бошиддат бар он хона вазид, лекин хона фурӯ нарафт, чунки дар болои санг сохта шуда буд. 26Вале ҳар касе, ки ин гуфтаҳои Маро мешунаваду онро иҷро намекунад, монанди марди беақлест, ки хонаашро дар болои рег сохта буд. 27Баъд борон бориду обхезӣ шуд ва шамоли сахт хеста, бошиддат бар он хона вазид ва хона фурӯ рафта, ба замин яксон шуд».
28Вақте ки Исо суханони Худро ба охир расонд, мардум аз таълимоти Ӯ дар ҳайрат монданд, 29зеро Ӯ на ба монанди устодони шариат, балки чун шахси соҳибқудрат онҳоро таълим медод.
Pilihan Saat Ini:
Матто* 7: KMO
Sorotan
Berbagi
Salin
Ingin menyimpan sorotan di semua perangkat Anda? Daftar atau masuk
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад