Луқо* Пешгуфтор

Пешгуфтор
Муаллифи ин китоб маълумотеро, ки дар ин хушхабар ҷамъ овардааст, аз даҳони нафароне шунида буд, ки онҳо шоҳидони зиндаи ҳаёт ва фаъолияти Исои Масеҳ буданд. Номи муаллиф Луқо буд ва шумо метавонед маълумоти бештарро дар бораи ӯ аз пешгуфтори китоби Корномаи Фиристодагон пайдо кунед. Агарчи ӯ китоби Хушхабарро барои Теофилус ном шахсе навиштааст, он барои хонандаи имрӯза низ аҳамияти бузург дорад, чунки дар он хонанда бо таълимоту мақсади асосии ҳаёти Исои Масеҳ шинос мешавад.
Яҳудиён дар шаҳри Уршалим соҳиби маъбади Худо буданд, ки коҳинон дар он хизмат мекарданд. Коҳинон аз як қабилаи махсуси яҳудиён таъйин мешуданд ва онҳо дар пеши Худо намояндаи халқ буданд. Ҳамаи яҳудиён интизори Масеҳ, яъне Таъйиншудаи махсуси Худо буданд, ки Ӯ онҳоро аз дасти румиён наҷот медиҳад, лекин мақсади Исои Масеҳ дигар наҷот буд. Луқо Исоро на фақат ҳамчун Наҷотбахши Исроил, балки Наҷотбахши тамоми дунё тасвир намудааст.
Ҳамчунин дар ин китоб ба муҳтоҷиҳо ва мушкилиҳои одамон эътибори калон дода шудааст. Аз рӯйи сухани муаллиф Рӯҳулқудс (яъне Рӯҳи Худо) Исоро пур карда, Ӯро барои нақли хушхабар ба бечорагон ҳидоят кардааст (4:18). Дар китоб ба мавзӯи дуо низ аҳамияти махсус дода шуда, дар вақтҳои мушкил ба дуо машғул шудани Исо зикр карда мешавад. Ҳамчунин муаллиф мавқеи занон, кӯмак ба камбағалон, ба роҳи рост ҳидоят кардани гунаҳкорон ва мавзӯи Рӯҳулқудсро васеъ тасвир мекунад.
Исои Масеҳ на танҳо шахсияти таърихии нотакрор буд, ки барои намунаи ибрат шудан ба замин омада буд, балки Ӯ мақсади аз ин ҳам бузургтар дошт, ки инро хонандагон аз хондани китоб дарк мекунанд.

Sorotan

Berbagi

Salin

None

Ingin menyimpan sorotan di semua perangkat Anda? Daftar atau masuk