1
Луқо* 8:15
Китоби Муқаддас Оммафаҳм
Аммо донаҳои ба замини ҳосилхез афтода касоне мебошанд, ки каломро мешунаванд ва онро дар дили нек ва пок нигоҳ дошта, бо сабру тоқат самар меоранд.
Bandingkan
Telusuri Луқо* 8:15
2
Луқо* 8:14
Донаҳое, ки ба миёни хорҳо афтодаанд, онҳое мебошанд, ки каломро мешунаванд, вале ғаму ташвиш ва сарвату лаззати зиндагӣ онҳоро пахш мекунад ва онҳо ҳеҷ самаре ба бор намеоваранд.
Telusuri Луқо* 8:14
3
Луқо* 8:13
Донаҳое, ки ба замини санглох афтодаанд, онҳое мебошанд, ки каломро шунида, бо шодӣ онро қабул мекунанд, вале азбаски реша надоранд, муддати кӯтоҳе имондор буда, дар вақти озмоиш имони худро аз даст медиҳанд.
Telusuri Луқо* 8:13
4
Луқо* 8:25
Сипас, Вай ба шогирдонаш гуфт: «Имонатон куҷост?!» Шогирдон тарсиданд ва ҳайрон монда ба якдигар мегуфтанд: «Ин Кист, ки ҳатто ба шамолу баҳр фармон медиҳад ва онҳо ба Ӯ итоат мекунанд?»
Telusuri Луқо* 8:25
5
Луқо* 8:12
Донаҳое, ки ба пайраҳа афтодаанд, онҳое мебошанд, ки каломро мешунаванд, вале шайтон омада онро аз дилашон медуздад, то ки имон наоваранд ва наҷот наёбанд.
Telusuri Луқо* 8:12
6
Луқо* 8:17
Зеро ҳеҷ чизи пинҳоне нест, ки ошкор нашавад ва чизи пӯшидае нест, ки маълум ва равшан нагардад.
Telusuri Луқо* 8:17
7
Луқо* 8:47-48
Вақте он зан дид, ки дигар пинҳон монда наметавонад, тарсону ларзон омада пеши пойи Исо афтид ва дар ҳузури ҳамаи мардум ба Ӯ иқрор шуд, ки чаро ба Ӯ даст расонд ва чӣ тавр зуд шифо ёфт. Исо ба ӯ гуфт: «Эй духтарам, туро имонат шифо дод. Рав ва дар амон бош».
Telusuri Луқо* 8:47-48
8
Луқо* 8:24
Шогирдон Исоро бедор карда гуфтанд: «Устод! Устод! Ҳалок мешавем!» Ӯ аз хоб хеста, ба шамолу мавҷҳои пурталотум фармон дод ва тӯфон хомӯш шуда, ҳама ҷоро оромӣ фаро гирифт.
Telusuri Луқо* 8:24
Beranda
Alkitab
Rencana
Video