1
Юҳанно* 15:5
Китоби Муқаддас Оммафаҳм
Ман ток ҳастам ва шумо шохаҳо ҳастед. Танҳо онҳое, ки дар Ман ҳастанд ва Ман дар онҳо ҳастам, ҳосили фаровон ба бор меоваранд, чунки бе Ман шумо ҳеҷ коре карда наметавонед.
Bandingkan
Telusuri Юҳанно* 15:5
2
Юҳанно* 15:4
Дар Ман бимонед, чунон ки Ман дар шумо ҳастам. Ҳамон тавр ки шоха агар дар ток набошад, аз худ ҳосил ба бор оварда наметавонад, ҳамчунин шумо низ, агар дар Ман намонед, аз худ самар оварда наметавонед.
Telusuri Юҳанно* 15:4
3
Юҳанно* 15:7
Агар шумо дар Ман бимонед ва суханони Ман дар шумо бимонанд, ҳар чизеро, ки талаб кунед, бароятон иҷро мешавад!
Telusuri Юҳанно* 15:7
4
Юҳанно* 15:16
Шумо Маро интихоб накардаед, балки Ман шуморо интихоб карда, таъйин намудаам, ки рафта мева биёред, ки то абад мемонад. Он гоҳ ҳар чи ба номи Ман аз Падар талаб кунед, Ӯ ба шумо медиҳад.
Telusuri Юҳанно* 15:16
5
Юҳанно* 15:13
Вақте ки касе ҷонашро барои дӯстонаш фидо мекунад, аз ин муҳаббати бузургтаре нест.
Telusuri Юҳанно* 15:13
6
Юҳанно* 15:2
Ҳар шохаеро, ки дар Ман ҳосил намедиҳад, Ӯ бурида мепартояд ва ҳар шохаи ҳосилдиҳандаро хомток мекунад, то меваи бештаре ба бор оварад.
Telusuri Юҳанно* 15:2
7
Юҳанно* 15:12
Фармони Ман ин аст: чунон ки Ман шуморо дӯст медорам, ҳамон тавр шумо якдигарро дӯст доред.
Telusuri Юҳанно* 15:12
8
Юҳанно* 15:8
Падари Ман бо он шуҳрату ҷалол меёбад, ки шумо самари зиёд меоваред ва бо ин нишон медиҳед, ки шогирдони Ман ҳастед.
Telusuri Юҳанно* 15:8
9
Юҳанно* 15:1
Исо суханашро давом дода гуфт: «Ман токи ҳақиқӣ ҳастам ва Падари Ман токпарвар аст.
Telusuri Юҳанно* 15:1
10
Юҳанно* 15:6
Ҳар кӣ дар Ман намонад, мисли шоха партофта шуда, баъд хушк мешавад. Чунин шохаҳоро ҷамъ карда, ба оташ мепартоянду месӯзонанд.
Telusuri Юҳанно* 15:6
11
Юҳанно* 15:11
Ман инро ба шумо барои он гуфтам, ки шодии Ман дар шумо бошад ва шодиатон комил гардад.
Telusuri Юҳанно* 15:11
12
Юҳанно* 15:10
Ман фармонҳои Падарамро иҷро кардам ва дар муҳаббаташ зиндагӣ мекунам. Ҳамон тавр шумо низ агар фармонҳои Маро иҷро кунед, дар муҳаббати Ман зиндагӣ мекунед.
Telusuri Юҳанно* 15:10
13
Юҳанно* 15:17
Пас, фармони Ман барои шумо ин аст, ки ҳамдигарро дӯст доред.
Telusuri Юҳанно* 15:17
14
Юҳанно* 15:19
Агар шумо аз ин ҷаҳон мебудед, ҷаҳон шуморо ҳамчун аз они худ дӯст медошт. Вале аз сабаби он ки Ман шуморо аз ин ҷаҳон интихоб карда гирифтам ва шумо аз ин ҷаҳон нестед, ин ҷаҳон аз шумо нафрат дорад.
Telusuri Юҳанно* 15:19
Beranda
Alkitab
Rencana
Video