Матто* 10

10
Дувоздаҳ фиристодаи Исо
1Исо ба наздаш дувоздаҳ шогирдашро даъват карда, ба онҳо қудрат дод, ки рӯҳҳои нопокро аз одамон берун кунанд ва ҳар дарду бемории одамонро шифо диҳанд. 2Номҳои он дувоздаҳ фиристода чунинанд: аввалин Шимъун, ки ӯро ҳамчунин Петрус меноманд, бародари Шимъун Андриёс, баъд бародарон Яъқуб ва Юҳанно, ки писарони Забдой буданд, 3Филиппус ва Барталмо, Тумо ва Матто (оне ки андоз ҷамъ мекард), Яъқуби писари Ҳалфой, Таддо, 4Шимъуни Ватандӯст ва Яҳудои Исқарютӣ, ки баъдтар ба Исо хиёнат мекунад.
Вазифаи дувоздаҳ фиристода
5Исо ба ин дувоздаҳ нафар вазифа дода, онҳоро барои иҷро намудани он фиристод. Ӯ ин тавр гуфт: «Ба назди халқҳои ғайрияҳудӣ наравед ва ба шаҳрҳои сомариён надароед, 6балки назди халқи Исроил, ки монанди гӯсфандони гумроҳшуда ҳастанд, рафта 7эълон кунед, ки Подшоҳии Худо наздик аст. 8Беморонро шифо диҳед, мурдагонро зинда кунед, одамонеро, ки гирифтори бемории пӯст ҳастанд, пок созед ва ҷинҳоро берун кунед. Ин қудрат ба шумо ройгон дода шудааст, пас шумо низ ин корро ройгон кунед. 9Вақте ки ба сафар мебароед, дар камарбандатон тангаҳои тиллоӣ, нуқрагӣ ва мисин нагиред. 10Инчунин борхалта, асо ва либоси иловагию пойафзор нагиред, чунки меҳнаткаш сазовори хӯроки худ аст.
11Ҳангоме ки ба ягон шаҳр ё деҳа медароед, одами шоистаро пурсон шавед ва то рӯзи аз он ҷо рафтанатон дар хонаи ӯ бимонед. 12Баробари ба он хона даромадан салом диҳед. 13Агар аҳли хонавода шуморо нағз қабул кунанд, барояшон сулҳ талаб кунед. Агар аҳли хонавода шуморо нағз қабул накунанд, бигзор сулҳи талаб кардаатон ба худатон баргардад. 14Вале агар ҳеҷ кас шуморо қабул накунад ё ба суханонатон гӯш надиҳад, он хонадон ё шаҳрро тарк карда, ҳамчун аломати огоҳӣ чангу хокашро аз поятон афшонед. 15Ба ростӣ ба шумо мегӯям, дар рӯзи қиёмат аҳволи мардуми бадкирдори Садум ва Амуро аз ҳоли он шаҳр сабуктар хоҳад буд.
Азобу уқубатҳои дарпешистода
16Инак, Ман шуморо ба назди одамон, ҳамчун гӯсфандон ба байни гургҳо мефиристам. Мисли мор ҳушёру мисли кабӯтар безарар бошед. 17Аз одамон эҳтиёт шавед, чунки онҳо шуморо дастгир карда, ба додгоҳ мебаранд ва дар ҷамоатхонаҳо қамчинкорӣ мекунанд. 18Ба хотири Маро пайравӣ карданатон шуморо дар назди ҳокимону подшоҳон ба ҷавобгарӣ мекашанд. Он гоҳ имконият пайдо мекунед, ки дар пеши онҳо ва ғайрияҳудиён дар бораи Ман шаҳодат диҳед. 19Ҳангоме ки шуморо ба додгоҳ мебаранд, ғам нахӯред, ки ба онҳо чӣ бояд гӯед ё чӣ тавр бояд сухан ронед, чунки дар он вақт суханоне, ки бояд гӯед, ба дилатон андохта мешаванд. 20Он гоҳ на шумо, балки Рӯҳи Падари осмониатон ба воситаи шумо сухан меронад.
21Дар он айём бародар бародари худро ва падар фарзанди худро ба қатл мерасонад. Фарзандон ба падару модари худ муқобил мебароянд ва онҳоро ба марг месупоранд. 22Ба сабаби Маро пайравӣ карданатон ҳама шуморо бад мебинанд. Вале касе ки то ба охир истодагарӣ намояд, наҷот хоҳад ёфт. 23Вақте ки шуморо азоб доданӣ шуда дар шаҳре дунболагирӣ кунанд, ба шаҳри дигар гурезед. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳанӯз шумо ба ҳамаи шаҳрҳои Исроил нарафта Писари Одамизод меояд.
24Шогирд аз устодаш ва хизматгор аз хоҷааш баландтар нест. 25Барои шогирд басанда аст, ки монанди устодаш шавад ва барои хизматгор кофист, ки монанди хоҷааш шавад. Агар сардори хонадонро Баал-Забул, сардори ҷинҳо номида бошанд, пас аъзоёни хонадонро чӣ қадар бадтар меноманд.
Дар бораи тарс
26Аз ин рӯ, аз одамон натарсед. Зеро ҳеҷ чизи пӯшидае нест, ки ошкор нашавад ва ҳеҷ чизи пинҳоне нест, ки маълум нагардад. 27Он чизеро, ки Ман ба шумо махфӣ мегӯям, кушоду равшан гӯед. Он чизеро, ки ба шумо пичиррос зада мегӯям, аз болои боми хонаҳо бо овози баланд эълон намоед. 28Аз одамон, ки ҷисмро мекушанду ҷонро кушта наметавонанд, натарсед. Балки аз Ҳамоне тарсед, ки ҳам ҷон ва ҳам ҷисмро дар дӯзах нобуд карда метавонад.
29Арзиши ду гунҷишк як танга аст, аммо бе хости Падари шумо яктои он ба замин намеафтад. 30Ӯ ҳатто шумораи торҳои мӯятонро медонад. 31Бино бар ин, натарсед, арзиши шумо аз бисёр гунҷишкҳо ҳам зиёдтар аст.
32Пас, ҳар кӣ дар пеши мардум мегӯяд, ки пайрави Ман аст, Ман низ дар назди Падари осмониам пайрави Ман буданашро тасдиқ мекунам. 33Лекин ҳар кӣ дар пеши мардум Маро рад кунад, Ман низ ӯро дар назди Падари осмониам рад мекунам.
На сулҳ, балки зиддият
34Фикр накунед, ки Ман барои ба замин сулҳ овардан омадаам. Ман на барои овардани сулҳ, балки барои шамшери зиддият овардан омадаам. 35Ман омадаам, ки писарро аз падар, духтарро аз модар, келинро аз хушдоманаш ҷудо кунам. 36Худи аъзои хонадони одам душманони ӯ хоҳанд буд.
37Касе ки падар ё модари худро аз Ман бештар дӯст медорад, сазовори Ман нест. Инчунин, касе ки писар ё духтари худро аз Ман бештар дӯст медорад, сазовори Ман нест. 38Касе ки салиби азобу маргашро бо худ набардораду аз паси Ман наояд, сазовори Ман нест. 39Касе ки ҳаёташро нигоҳ доштан хоҳад, онро аз даст медиҳад, вале касе ки ба хотири Ман ҳаёташро фидо кунад, онро нигоҳ медорад.
Гирифтани мукофот
40Касе ки шуморо қабул мекунад, дар асл Маро қабул мекунад ва касе ки Маро қабул мекунад, дар асл Фиристандаи Маро қабул мекунад. 41Касе ки пайғамбарро ба хотири пайғамбар буданаш қабул мекунад, мукофоти пайғамбаронаро хоҳад гирифт. Касе ки одами некукорро ба хотири некукор буданаш қабул мекунад, мукофоти некукоронро хоҳад гирифт. 42Ҳамчунин касе ки ба яке аз пайравони хурдтарини Ман ба хотири шогирд буданаш ақаллан як пиёла оби хунук диҳад, ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки бе мукофот нахоҳад монд».

اکنون انتخاب شده:

Матто* 10: KMO

های‌لایت

به اشتراک گذاشتن

کپی

None

می خواهید نکات برجسته خود را در همه دستگاه های خود ذخیره کنید؟ برای ورودثبت نام کنید یا اگر ثبت نام کرده اید وارد شوید