YouVersioni logo
Search Icon

Инҷили Луқо 9

9
БОБИ НӮҲУМ
Исо дувоздаҳ шогирдонро мефиристад,
то ки башорат диҳанд.
1Он дувоздаҳро даъват намуда, бар ҳамаи девҳо, ва барои шифо додани касалиҳо ба онҳо кувват ва қудрат бахшид,
2Ва онҳоро фиристод, то ки Малакути Худоро мавъиза намоянд ва беморонро шифо диҳанд.
3Ба онҳо гуфт: «Барои роҳ ҳеҷ чизе нагиред: на асое, на тӯрбае, на ноне, на пуле; ва набояд ду пероҳан дошта бошед;
4Ва ба ҳар ҳона, ки даромадед, дар он ҷо бимонед ва аз он ҷо боз ба роҳ дароед;
5Ва агар дар ягон ҷо шуморо қабул накунанд, вақте ки аз он шаҳр берун меравед, ғубори пойҳои худро биафшонед, то ки шаҳодате бар онҳо гардад».
6Онҳо рафтанд ва деҳ ба деҳ гашта, дар ҳама ҷо башорат медоданд ва шифо мебахшиданд.
Беқарории Ҳиродус аз боиси Исо.
7Вақте ки тетрарҳ Ҳиродус овозаи тамоми амалиёти Ӯро шунавид, дар ҳайрат афтод: зеро баъзе касон мегуфтанд, ки Яҳьё аз мурдагон эҳьё шудааст;
8Дигарон мегуфтанд, ки Ильёс зоҳир гардидааст; вале баъзеи дигарон мегуфтанд, ки яке аз анбиёи қадим эҳьё шудааст.
9Ва Ҳиродус гуфт: «Ман сари Яҳьёро аз танаш ҷудо кардаам; пас, Ин кист, ки дар бораи Ӯ чунин гапҳоро мешунавам?» Ва меҳост Ӯро бубинад.
Ҳаввориён бармегарданд.
Сер шудани панҷ ҳазор мард.
10Ҳаввориён баргашта, корҳои худро ба Ӯ нақл карданд; ва Ӯ онҳоро алоҳида ҳамроҳи Худ гирифта, ба ҷои хилвате рафт, ки дар қарибии Байт‐Сайдо ном шаҳре буд.
11Аммо мардум ҳабардор шуда, аз ақиби Ӯ рафтанд; ва Ӯ онҳоро пазироӣ карда, бо онҳо дар бораи Малакути Худо сӯҳбат кард ва касонеро, ки ба шифо эҳтиёҷ доштанд, шифо дод.
12Бегоҳирӯзӣ наздик буд. Он дувоздаҳ назди Ӯ омада, гуфтанд: «Мардумро ҷавоб деҳ, то ки ба қасаба ва деҳоти атроф рафта, манзил ва хӯрок барои худ пайдо кунанд, чунки ин ҷои мо як ҷои хилват аст».
13Ба онҳо гуфт: «Шумо ба онҳо ҳӯрок диҳед». Гуфтанд: «Мо фақат панҷ нон ва ду моҳӣ дорем; оё рафта, барои тамоми ин мардум ҳӯроке бихарем?»
14Зеро ки онҳо тақрибан панҷ ҳазор мард буданд. Лекин Ӯ ба шогирдони Худ гуфт: «Онҳоро даста‐даста панҷоҳнафарӣ шинонед».
15Ва чунин карданд, ва ҳамаро шинонданд.
16Ва Ӯ панҷ нон ва ду моҳиро гирифта ва ба осмон нигариста, онҳоро баракат дод ва пора карда, ба шогирдонаш дод, то пеши мардум гузоранд.
17Ҳама хӯрданду сер шуданд; ва аз пораҳои боқимонда дувоздаҳ сабадро пур карда бардоштанд.
Мардум ва шогирдон Исоро кӣ мегӯянд.
18Боре, вақте ки Ӯ дар ҷои хилвате дуо мегуфт, ва шогирдонаш бо Ӯ буданд, Ӯ аз онҳо пурсид: «Мардум Маро кӣ мегӯянд?»
19Дар ҷавоб гуфтанд: «Баъзе мегӯянд, ки Яҳьёи Таъмиддиҳандаӣ; баъзе мегӯянд, ки Ильёсӣ; ва баъзе мегӯянд, ки яке аз анбиёи қадим эҳьё шудааст».
20Аз онҳо пурсид: «Шумо Маро кӣ мегӯед?» Петрус дар ҷавоб гуфт: «Масеҳи Худо».
21Ва Ӯ ба онҳо фармони қатъӣ дод, ки инро ба касе нагӯянд;
Исо дар бораи мамоти Худ ва эҳьёи Худ сухан меронад.
22Ва гуфт, ки Писари Одам бояд бисьёр азоб кашад ва аз тарафи пирон, саркоҳинон ва китобдонон рад карда ва кушта шавад, ва дар рӯзи сеюм эҳьё шавад.
Исоро чӣ гуна пайравӣ бояд кард?
23Ва ба ҳама гуфт: «Агар касе хоҳад аз ақиби Ман биёяд, бояд хештанро инкор кунад ва салиби худро бардошта, Маро пайравӣ намояд;
24Зеро ҳар кӣ ҷони худро раҳонидан хоҳад, онро барбод медиҳад; ва ҳар кӣ ҷони худро дар роҳи Ман барбод диҳад, онро мераҳонад;
25Зеро ба одам чӣ фоида дорад, ки агар вай тамоми дуньёро ба даст оварад, лекин худро талаф кунад, ё ки ба худ зиён расонад?
26Зеро ҳар кӣ аз Ман ва аз суханони Ман шарм кунад, Писари Одам, ҳангоме ки дар ҷалоли Худ ва дар ҷалоли Падар ва фариштагони муқаддас меояд, аз вай шарм ҳохад кард;
Дигаргун шудани Худованд.
27Ба ростӣ ба шумо мегӯям: баъзе, ки дар ин ҷо истодаанд, то Малакути Худоро набинанд, зоиқаи маргро нахоҳанд чашид».
28Баъд аз ин гапҳо тақрибан ҳашт рӯз гузашта буд, ки Петрус, Юҳанно ва Яъқубро бо Худ гирифта, ба кӯҳе барои дуо гуфтан баромад.
29Ва ҳангоме ки дуо мегуфт, чеҳраи Ӯ дигаргун шуд, ва либосаш сафеди дурахшон гардид.
30Ва инак, ду мард бо Ӯ гуфтугӯ мекарданд, ки Мусо ва Ильёс буданд:
31Онҳо дар ҷалоле зоҳир гардида, дар бораи оқибати Ӯ, ки бояд дар Ерусалим ба амал ояд, сухан меронданд.
32Аммо Петрус ва онҳоеро ки бо Ӯ буданд, хоб рабуда буд; ва ҳангоме ки бедор шуданд, ҷалоли Ӯро, ва он ду мардро, ки бо Ӯ истода буданд, диданд.
33Вақте ки Мусо ва Ильёс аз пеши Ӯ мерафтанд, Петрус ба Исо гуфт: «Эй Устод! Дар ин ҷо будани мо некӯст; пас се чодар месозем: яке барои Ту, яке барои Мусо ва яке барои Ильёс», — ва намедонист, чӣ мегӯяд.
34Ҳанӯз вай ин суханро мегуфт, абре пайдо шуда, бар онҳо соя андохт; ва чун дохили абр шуданд, ба ҳарос афтоданд.
35Ва овозе аз даруни абр баромад, ки мегуфт: «Ин аст Писари Маҳбуби Ман; ӯро бишнавед».
36Ва овоз баромадан замон, Исо танҳо монд. Ва онҳо лаб фурӯ бастанд ва аз он чи дида буданд, ба ҳеҷ кас дар он айём гап назаданд.
Шифо ёфтани девона.
37Рӯзи дигар, вақте ки онҳо аз кӯҳ фуромаданд, мардуми бисьёре Ӯро пешвоз гирифтанд.
38Ва инак марде аз байни мардум фарьёд зада, гуфт: «Эй Устод! Аз Ту илтимос мекунам, ки ба писари ман як назар андозӣ, чунки вай фарзанди ягонаи ман аст:
39Рӯҳе ӯро мегирад, ва ӯ ногаҳон наъра мезанад, ва сахт печутоб мехӯрад, ба тавре ки кафк аз даҳонаш мебарояд; ва ӯро тамоман беҳолу бемадор карда, базӯр аз ӯ даст мекашад;
40Аз шогирдони Ту илтимос кардам, ки онро берун кунанд, лекин натавонистанд».
41Исо дар ҷавоб гуфт: «Эй насли беимон ва каҷрафтор, то ба кай бо шумо бошам ва шуморо тоқат кунам? Писаратро ин ҷо биёр».
42Вақте ки вай наздик меомад, дев вайро ба замин ғалтонида, сахт печутоб дод; аммо Исо рӯҳи палидро мазаммат намуд, ва писарро шифо дода, ба падари вай супурд.
43Ва ҳама аз бузургии Худо дар ҳайрат монданд. Ва ҳангоме ки ҳама аз ҳамаи кардаҳои Исо тааҷҷуб менамуданд, Ӯ ба шогирдони Худ гуфт:
Исо бори дуюм дар бораи мамоти Худ сухан меронад.
44«Ин суханонро дар гӯши худ ҷо кунед: Писари Одам ба дасти одамон таслим карда хоҳад шуд».
45Лекин онҳо ин суханро нафаҳмиданд, ва он аз онҳо пӯшида монд, ба тавре ки онро дарк накарданд; ва тарсиданд, ки дар бораи ин сухан аз Ӯ бипурсанд.
Ба муқобили иззатталабии шогирдон.
46Ва ба майнаи онҳо фикре омад, ки кадоме аз онҳо бузургтар аст.
47Исо андешаи дили онҳоро дарьёфта, кӯдакеро гирифту пеши Худ ба по гузошт
48Ва ба онҳо гуфт: «Ҳар кӣ ин кӯдакро ба исми Ман қабул кунад, Маро қабул мекунад; ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, Фиристандаи Маро қабул мекунад; зеро ҳар кӣ дар байни шумо аз ҳама хурдтар аст, вай бузург хоҳад буд».
Рашки сохтаи шогирдон.
49Дар айни ҳол Юҳанно гуфт: «Эй Устод! Мо касеро дидем, ки ба исми Ту девҳоро берун мекард, ва ӯро манъ кардем, чунки ӯ ҳамроҳи мо намегардад».
50Исо ба вай гуфт: «Манъ накунед, зеро ҳар кӣ зидди шумо нест, вай тарафдори шумост».
Сомариён Исоро пазироӣ намекунанд.
51Ва чун айёми сууди Ӯ наздик мешуд, Ӯ азми сафари Ерусалим кард;
52Ва қосидонро пешопеши Худ фиристод; ва онҳо рафта, вориди як қаса баи сомариён шуданд, то ки барои Ӯ тадорук кунанд:
53Аммо Ӯро пазироӣ накарданд, зеро ки Ӯ рӯй ба ҷониби Ерусалим ниҳода буд.
54Шогирдони Ӯ Яъқуб ва Юҳанно инро дида, гуфтанд: «Худовандо! Оё мехоҳӣ бигӯем, ки оташе аз осмон омада, онхоро маҳв намояд, чунон ки Ильёс низ карда буд?»
55Аммо Ӯ рӯ гардонда, онҳоро манъ кард ва гуфт: «Намедонед, ки шумо ба кадом рӯҳ мансуб ҳастед;
56Зеро ки Писари Одам на барои нобуд кардани ҷонҳои одамон, балки барои наҷот додани онҳо омадааст». Ва ба қасабаи дигаре рафтанд.
Ҷиддияти пайравӣ кардан ба Исо.
57Ва ҳангоме ки онҳо дар роҳ буданд, шахсе ба Ӯ гуфт: «Худовандо! Ҳар ҷо равӣ, Туро пайравӣ хоҳам кард».
58Исо ба вай гуфт: «Рӯбоҳон лона ва мурғони ҳаво ошьёна доранд; лекин Писари Одам ҷое надорад, ки сар ниҳад».
59Ба дигаре гуфт: «Маро пайравӣ кун». Вай гуфт: «Худовандо! Ба ман иҷозат деҳ, ки рафта, аввал падари худро дафн кунам».
60Лекин Исо ба вай гуфт: «Бигзор, ки мурдагон мурдагони худро дафн кунанд: аммо ту рафта, аз Малакути Худо башорат деҳ».
61Боз шаҳси дигаре гуфт: «Худовандо! Туро пайравӣ хоҳам кард, лекин аввал ба ман иҷозат деҳ, ки бо аҳли хонаи худ хайрухуш кунам».
62Лекин Исо ба вай гуфт: «Касе ки дасташро болои амоч монда бошад ва ба ақиб нигоҳ кунад, ба Малакути Худо лоиқ нест».

Tõsta esile

Share

Kopeeri

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in