Юҳанно* 9

9
Шифо ёфтани кӯри модарзод
1Исо роҳ рафта шахсеро дид, ки кӯри модарзод буд. 2Шогирдон аз Исо пурсиданд: «Устод, чаро ин кас кӯр таваллуд шудааст? Кӣ гуноҳ кард: худаш ё падару модараш?» 3Исо дар ҷавоб гуфт: «Ӯ на ба сабаби гуноҳи худаш ва на ба сабаби гуноҳи падару модараш кӯр таваллуд шудааст. Кӯрии вай барои он аст, ки корҳои Худо дар ҳаёти вай нишон дода шаванд. 4Ҳоло ки рӯз аст, мо бояд корҳои Фиристандаи Маро иҷро кунем. Вақте ки шаб мешавад, касе кор карда наметавонад. 5То вақте ки Ман дар ҷаҳонам, Ман нури ҷаҳон ҳастам».
6Инро гуфта, ба замин туф карду онро бо хок омехта, гилро ба чашмони кӯр молид ва 7ба ӯ гуфт: «Рафта, дар ҳавзи Шилуаҳ рӯятро бишӯй». (Маънои калимаи «Шилуаҳ» фиристода аст).
Ӯ рафта, рӯяшро шусту бо чашмони бино баргашт. 8Ҳамсояҳои ӯ ва касони дигаре, ки ӯро дар вақти садақа пурсиданаш дида буданд, ба ҳамдигар мегуфтанд: «Оё ин ҳамон шахс нест, ки нишаста гадоӣ мекард?» 9«Бале, ин ҳамон шахс аст», – мегуфтанд баъзеҳо. Дигарон мегуфтанд: «Не, ӯ фақат монанд аст». Он мард бошад, мегуфт, ки ман ҳамон одам ҳастам. 10«Ту чӣ тавр бино шудӣ?» – пурсиданд аз ӯ. 11Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Марде бо номи Исо гиле сохта, ба чашмони ман молиду гуфт, ки ба Шилуаҳ рафта, рӯямро шӯям. Ман рафта, рӯямро шустаму бино шудам». 12«Ӯ дар куҷост?» – пурсиданд онҳо. «Намедонам», – ҷавоб дод ӯ.
Пурсуҷӯ оид ба шифо ёфтани марди кӯр
13Ҳамон мардеро, ки пештар кӯр буд, назди фарисиён бурданд. 14Рӯзе ки Исо гил сохта, чашмони ӯро шифо дод, рӯзи шанбе буд. 15Фарисиён ҳам аз вай пурсиданд, ки чӣ тавр ӯ бино шуд. Ӯ ҷавоб дод: «Ӯ ба чашмонам гил молиду ман рӯямро шустам ва акнун мебинам». 16Баъзе фарисиён гуфтанд: «Одаме, ки ин корро кардааст, аз ҷониби Худо нест, чунки қоидаҳои рӯзи шанберо риоя намекунад». Лекин дигарон мегуфтанд: «Магар шахси гунаҳкор метавонад чунин муъҷизаҳоро нишон диҳад?» Ҳамин тавр дар миёни онҳо баҳсу мунозира ба вуҷуд омад.
17Онҳо боз аз кӯр пурсиданд: «Ту дар бораи Вай чӣ гуфта метавонӣ? Охир Вай чашмони туро бино кард-ку». «Ӯ пайғамбар аст», – ҷавоб дод он мард.
18Онҳо то даме ки падару модари он кӯрро даъват накарданд, боварӣ надоштанд, ки ин одам пештар кӯр буду баъд бино шуд. Баъд аз даъват кардан 19аз онҳо пурсиданд: «Ин писари шумост? Шумо мегӯед, ки ӯ кӯр таваллуд шуда буд. Пас чӣ тавр ӯ ҳоло дида метавонад?» 20Падару модари вай ҷавоб доданд: «Мо медонем, ки ин писари мост ва кӯр таваллуд шуда буд. 21Аммо намедонем, ки чӣ тавр ӯ ҳоло бино шудааст ва намедонем, ки чашмони ӯро кӣ шифо додааст. Аз худаш пурсед. Ӯ калонсол аст ва худаш дар бораи худ гуфта метавонад». 22Падару модари ӯ аз тарси роҳбарони яҳудӣ чунин ҷавоб доданд, зеро роҳбарони яҳудӣ чунин қарор карданд: ҳар кӣ Исоро Таъйиншудаи Худо гӯяд, аз ҷамоатхона пеш карда мешавад. 23Барои ҳамин падару модари вай ҳам гуфтанд, ки «Ӯ ба воя расидааст, аз худаш пурсед».
24Инак, шахсеро, ки кӯр буд, бори дигар ҷеғ зада, ба ӯ гуфтанд: «Ба Худо қасам хӯр, ки ҳақиқатро мегӯйӣ! Мо медонем, ки он Шахс гунаҳкор аст». 25«Гунаҳкор аст ё не, ман намедонам, – ҷавоб дод ӯ. – Ҳаминашро медонам, ки ман кӯр будам ва акнун мебинам». 26Онҳо боз пурсиданд: «Ӯ бо ту чӣ кор кард? Чӣ тавр чашмони туро бино кард?» 27«Ман ба шумо гуфта будам, вале шумо гӯш накардед, – ҷавоб дод ӯ. – Чаро боз шунидан мехоҳед? Шояд шумо ҳам шогирди Ӯ шуданӣ ҳастед?» 28Онҳо ӯро дашном дода, гуфтанд: «Ту худат шогирди Ӯ ҳастӣ, вале мо шогирдони Мусо ҳастем. 29Мо медонем, ки Худо бо Мусо гап задааст, вале дар бораи ин одам ҳатто аз куҷо буданашро намедонем».
30Он мард дар ҷавоб гуфт: «Аҷиб аст, ки шумо аз куҷо будани Ӯро намедонед, ҳол он ки Ӯ чашмони маро бино кард. 31Мо медонем, ки Худо дуои гунаҳкоронро намешунавад, фақат онҳоеро мешунавад, ки худотарс ҳастанд ва хости Ӯро иҷро мекунанд. 32Аз қадим ҳеҷ кас нашунидааст, ки касе кӯри модарзодро бино карда бошад! 33Агар Ӯ аз ҷониби Худо намеомад, Ӯ ҳеҷ чиз карда наметавонист!» 34Онҳо ба ӯ ҷавоб доданд: «Ту пурра дар гуноҳ таваллуд шудаӣ ва боз моро таълим медиҳӣ?!» Инро гуфта, ӯро аз ҷамоатхона берун ронданд.
Кӯрии рӯҳонӣ
35Вақте Исо фаҳмид, ки он мардро берун ронданд, вайро ёфта пурсид: «Ту ба Писари Одамизод имон дорӣ?» 36Ӯ ҷавоб дод: «Хоҷа, ба ман бигӯ, ки Ӯ Кист, то ба Ӯ имон оварам». 37«Ту Ӯро дидаӣ, – гуфт Исо. – Ӯ ҳамон Касест, ки ҳоло бо ту гап мезанад». 38«Эй Хоҷа, имон дорам!» – ҷавоб дод ӯ ва ба Исо саҷда кард. 39Исо гуфт: «Ман ба ин ҷаҳон барои ҳукм кардан омадаам, то онҳое, ки кӯр ҳастанд, бино шаванд ва онҳое, ки бино ҳастанд, кӯр шаванд».
40Баъзе фарисиёне, ки назди Ӯ истода буданд, ин суханонро шунида ба Ӯ гуфтанд: «Чӣ, ба гумонат мо ҳам кӯр ҳастем?» 41Исо ҷавоб дод: «Агар шумо кӯр мебудед, дар гуноҳ айбдор намешудед. Вале ҳоло худатон мегӯед, ки бино ҳастед, пас гуноҳатон дар гардани худатон мемонад».

Zur Zeit ausgewählt:

Юҳанно* 9: KMO

Markierung

Teilen

Kopieren

None

Möchtest du deine gespeicherten Markierungen auf allen deinen Geräten sehen? Erstelle ein kostenloses Konto oder melde dich an.