Юҳанно* 8

8
Бахшида шудани зани гунаҳкор
1Исо бошад, ба кӯҳи Зайтун рафт. 2Саҳарии барвақт Ӯ боз ба маъбади Худо омад. Тамоми мардум ба наздаш омаданд ва Исо нишаста ба таълим додани онҳо шурӯъ кард. 3Дар ин вақт устодони шариату фарисиён ба назди Ӯ занеро оварданд, ки ҳангоми зино карданаш дастгир шуда буд. Ӯро дар пеши ҳама гузошта, 4ба Исо гуфтанд: «Эй Устод, ин зан ҳангоми зино карданаш дастгир шудааст. 5Мусо дар шариат фармудааст, ки чунин занон бояд сангсор карда шаванд. Ту чӣ мегӯйӣ?» 6Онҳо ин суханонро барои ба дом афтондани Исо гуфтанд, то ки баъд Ӯро айбдор намоянд.
Аммо Исо хам шуда бо ангушташ дар рӯйи замин чизе менавишт. 7Азбаски онҳо савол доданро бас намекарданд, Исо бархеста, ба онҳо гуфт: «Касе ки дар байни шумо бегуноҳ бошад, бигзор аввалин шуда, ӯро бо санг занад!» 8Исо боз хам шуда дар рӯйи замин менавишт.
9Мардум инро шуниданд ва аз калонсолон сар карда аз паси якдигар баромада рафтанд. Он гоҳ Исо бо зане, ки дар пеши Ӯ истода буд, танҳо монд. 10Ӯ сари Худро бардошта, аз зан пурсид: «Эй зан, ҳамаи онҳо куҷо шуданд? Магар касе туро айбдор накард?» 11«Ҳеҷ кас, Хоҷа», – гуфт он зан. «Ман ҳам туро айбдор намекунам, – гуфт Исо. – Рав ва дигар гуноҳ накун».
Нури ҷаҳон
12Исо боз ба мардум гуфт: «Ман нури ҷаҳон ҳастам. Касе, ки аз паси Ман меравад, дар торикӣ намегардад, балки нури ҳаёт хоҳад дошт». 13Фарисиён ба Ӯ гуфтанд: «Ту аз номи Худат шаҳодат медиҳӣ, бинобар ин шаҳодати Ту эътибор надорад». 14Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ҳатто агар Ман аз номи Худам шаҳодат диҳам, шаҳодати Ман эътибор дорад, зеро Ман медонам, ки аз куҷо омадаам ва ба куҷо меравам, вале шумо инро намедонед. 15Шумо аз рӯйи меъёри инсонӣ ҳукм мекунед, аммо Ман ҳеҷ касро ҳукм намекунам. 16Агар Ман ҳукм кунам ҳам, ҳукми Ман ҳақ аст, чунки Ман танҳо нестам: Падаре, ки Маро фиристодааст, бо Ман аст. 17Дар шариати шумо ҳам навишта шудааст, ки шаҳодати ду шоҳид эътибор дорад. 18Ман аз номи Худам шаҳодат медиҳам ва Падаре, ки Маро фиристодааст, низ бар Ман шаҳодат медиҳад». 19Бино бар ин, онҳо пурсиданд: «Падари Ту куҷост?» «Шумо на Маро мешиносед ва на Падарамро, – ҷавоб дод Исо. – Агар шумо Маро мешинохтед, Падари Маро низ мешинохтед». 20Исо ин суханонро ҳангоме гуфта буд, ки дар назди хазинаи маъбади Худо таълим медод. Вале касе Ӯро дастгир накард, чунки вақту соати Ӯ ҳоло нарасида буд.
Пешгӯйии марги Исо
21Исо боз ба онҳо гуфт: «Ман меравам ва шумо Маро ҷустуҷӯ мекунед, вале ба сабаби гуноҳатон хоҳед мурд. Инчунин ба он ҷое, ки Ман меравам, шумо омада наметавонед». 22Роҳбарони яҳудӣ гуфтанд: «Ӯ „Ба он ҷое, ки Ман меравам, шумо омада наметавонед“ гуфта, чиро дар назар дошт? Оё Ӯ худкушӣ кардан мехоҳад?» 23Исо ба онҳо гуфт: «Шумо аз олами пойин ҳастед, вале Ман аз олами боло. Шумо аз ин ҷаҳон ҳастед, вале Ман аз ин ҷаҳон нестам. 24Ман ба шумо гуфтам, ки „ба сабаби гуноҳҳоятон хоҳед мурд“. Зеро, агар имон наоваред, ки ин Ман ҳастам#8:24 «Ман ҳастам» – ин номест, ки Худо бо он Худро номида буд (Хуруҷ 3:14)., шумо ҳатман дар гуноҳҳоятон мемиред!» 25«Ту кистӣ?» – пурсиданд онҳо аз Исо. Ӯ ҷавоб дод: «Ман ҳамонам, ки аз аввал ба шумо гуфта будам. 26Ман барои айбдор кардани шумо чизҳои зиёде гуфта метавонам, вале касе, ки Маро фиристодааст, ҳақ аст ва Ман он чиро, ки аз Ӯ шунидам, ба ҷаҳон эълон мекунам».
27Онҳо нафаҳмиданд, ки Вай ба онҳо дар бораи Падар мегуфт. 28Инак, Исо давом дода гуфт: «Вақте ки Писари Одамизодро дар салиб боло мебардоред, мефаҳмед, ки ин Ман ҳастам ва аз Худ ҳеҷ кореро намекунам, фақат он чизҳоеро мегӯям, ки Падар ба Ман таълим додааст. 29Фиристандаи Ман бо Ман аст, Ӯ Маро танҳо нагузоштааст, зеро Ман ҳамеша кори табъи дили Ӯро мекунам».
30Бисёр касон аз рӯйи ин суханон ба Ӯ имон оварданд.
Шогирди ҳақиқӣ
31Пас Исо ба онҳое, ки ба Ӯ бовар карданд, гуфт: «Агар шумо гуфтаҳои Маро риоя кунед, шогирдони ҳақиқии Ман мешавед 32ва ҳақиқатро мефаҳмед ва ин ҳақиқат шуморо озод мекунад». 33Онҳо гуфтанд: «Мо аз авлоди Иброҳим ҳастем ва ҳаргиз ғуломи касе набудем! Пас „озод хоҳед шуд“ гуфта, чиро дар назар дорӣ?» 34Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, ҳар касе ки гуноҳ мекунад, ғуломи гуноҳ аст. 35Ғулом аъзои доимии хонадон нест, аммо писар ҳамеша аъзои хонадон мемонад. 36Агар Писар шуморо озод кунад, он вақт ҳақиқатан озод хоҳед шуд. 37Ман медонам, ки шумо аз авлоди Иброҳим ҳастед, бо вуҷуди он шумо барои куштани Ман тайёред, чунки суханони Маро қабул намекунед. 38Ман ба шумо чизҳоеро мегӯям, ки дар назди Падарам дидаам, шумо бошед, он кореро мекунед, ки аз падари худ шунидаед».
39«Падари мо Иброҳим аст!» – ба Ӯ ҷавоб доданд онҳо. Исо ба онҳо гуфт: «Агар шумо ҳақиқатан аз авлоди Иброҳим мебудед, корҳои Иброҳимро ба ҷо меовардед. 40Вале шумо Маро, ки ростиро аз Худо шунида ба шумо гуфтам, куштан мехоҳед! Иброҳим чунин корро накардааст! 41Шумо корҳои падари худро ба ҷо меоваред!» «Мо-ку ҳаромзода нестем! – гуфта ба ғазаб омаданд онҳо, – мо як падар дорем, ки Ӯ Худо аст!»
42Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Агар Худо падари шумо мебуд, шумо Маро дӯст медоштед, зеро Ман аз ҷониби Худо омадаам. Ман худсарона наомадаам, балки Ӯ Маро фиристодааст. 43Чаро шумо суханони Маро намефаҳмед? Чунки шумо тоқати шунидани онҳоро надоред! 44Падари шумо шайтон аст ва шумо хоҳишҳои падари худро иҷро кардан мехоҳед. Ӯ аз ибтидо одамкуш буд ва ҳеҷ гоҳ рост нагуфтааст, зеро дар ӯ ҳақиқат нест. Дурӯғ гуфтан ба ӯ хос аст, ӯ дурӯғ мегӯяд, чунки ӯ дурӯғгӯй ва падари ҳамаи дурӯғҳост. 45Лекин, азбаски Ман рост мегӯям, шумо ба Ман имон намеоваред. 46Кадоме аз шумо метавонад Маро дар ягон гуноҳ айбдор кунад? Пас, агар Ман ба шумо ростиро гӯям, чаро ба Ман имон намеоред? 47Касе ки аз Худо бошад, ба каломи Худо гӯш медиҳад. Шумо аз он сабаб гӯш намедиҳед, ки аз Худо нестед».
Исо ва Иброҳим
48Мардум ба Ӯ гуфтанд: «Магар мо нагуфтем, ки Ту сомарӣ ҳастӣ ва ҷин дорӣ?» 49Исо ҷавоб дод: «Ман ҷин надорам, балки Падари Худро ҳурмат мекунам, вале шумо Маро бадном мекунед. 50Ман дар ҷустуҷӯи шуҳрату ҷалоли Худ нестам, Каси дигаре дар ҷустуҷӯи он аст ва Ӯ Ҳукмкунанда мебошад. 51Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям: касе ки гуфтаҳои Маро иҷро мекунад, ҳаргиз нахоҳад мурд».
52Онҳо ба Вай гуфтанд: «Акнун мо аниқ фаҳмидем, ки Ту ҷин дорӣ. Аҷдоди мо Иброҳим мурд ва пайғамбарон ҳам мурданд. Вале Ту мегӯйӣ, ки касе суханони Туро иҷро кунад, ҳаргиз намемирад. 53Иброҳим мурд, магар Ту аз ӯ бузургтар ҳастӣ?! Пайғамбарон ҳам мурдаанд. Ту Худро кӣ ҳисоб мекунӣ?!» 54Исо ҷавоб дод: «Агар Ман Худро шуҳрату ҷалол медодам, шуҳрату ҷалоли Ман арзише намедошт. Аммо Маро Падарам шуҳрату ҷалол медиҳад, ки шумо Ӯро Худои худ мехонед! 55Шумо ҳеҷ вақт Ӯро намешинохтед, вале Ман Ӯро мешиносам. Агар Ман мегуфтам, ки Ӯро намешиносам, монанди шумо дурӯғгӯй мешудам. Вале Ман Ӯро мешиносам ва гуфтаҳои Ӯро ба ҷо меорам. 56Падари шумо Иброҳим шод буд, ки рӯзи омадани Маро мебинад. Вай ин рӯзро дид ва хурсанд шуд!»
57«Ту ҳанӯз панҷоҳсола нашудаӣ ва наход Иброҳимро дида бошӣ?!» – гуфтанд одамон. 58Исо ҷавоб дод: «Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, ки ҳанӯз пеш аз таваллуд шудани Иброҳим Ман ҳастам». 59Он гоҳ онҳо барои сангсор кардани Ӯ санг гирифтанд, вале Исо Худро пинҳон карда, аз маъбади Худо баромада рафт.

Zur Zeit ausgewählt:

Юҳанно* 8: KMO

Markierung

Teilen

Kopieren

None

Möchtest du deine gespeicherten Markierungen auf allen deinen Geräten sehen? Erstelle ein kostenloses Konto oder melde dich an.