Юҳанно* 19

19
1Он вақт Пилотус фармуд, ки Исоро бо қамчин зананд. 2Сарбозон аз хор тоҷе бофта, бар сари Ӯ гузоштанд ва ба Ӯ ҷомаи бунафшранг пӯшонданд. 3Онҳо ба пеши Ӯ омада, «Зинда бод Шоҳи Яҳудиён!» мегуфтанду Ӯро торсакӣ мезаданд. 4Пилотус боз берун баромада, ба онҳо гуфт: «Акнун ман ин одамро пеши шумо меорам. Бидонед, ки ман дар Ӯ ҳеҷ айбе наёфтам». 5Исо берун баромад ва дар сар тоҷи хордору дар тан ҷомаи бунафшранг дошт. Пилотус ба онҳо гуфт: «Ана ин одам!»
6Коҳинони калон ва посбонон Ӯро дида, фарёд карданд: «Ӯро ба салиб мехкӯб кунед! Ӯро мехкӯб кунед!» Пилотус ба онҳо гуфт: «Шумо худатон Ӯро гирифта, мехкӯб кунед! Зеро ман дар Ӯ ҳеҷ айбе наёфтам». 7Онҳо ба ӯ ҷавоб доданд: «Мо дар шариат қонун дорем, ки мувофиқи он Ӯ бояд бимирад, чунки Худро Писари Худо эълон кардааст».
8Вақте ки Пилотус инро шунид, аз пештара зиёдтар тарсид. 9Ӯ боз ба дохили дарбор баргашта, аз Исо пурсид: «Ту аз куҷоӣ?» Вале Исо ҷавобе надод. 10«Бо ман гап задан намехоҳӣ? – пурсид Пилотус. – Магар намедонӣ, ман қудрат дорам, ки Туро озод кунам ва қудрат дорам, ки Туро ба салиб мехкӯб кунонам?» 11Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Агар ба ту аз боло қудрат дода намешуд, ту бар Ман ҳеҷ қудрат намедоштӣ. Бино бар ин, касе, ки Маро ба ту таслим кардааст, гуноҳи бузургтаре дорад».
12Аз ин лаҳза Пилотус кӯшиш кард, ки Ӯро озод кунад, вале мардум фарёд мезаданд: «Агар Ӯро озод кунӣ, ту дӯсти шоҳаншоҳ нестӣ! Касе, ки худро подшоҳ эълон мекунад, вай душмани шоҳаншоҳ аст!»
13Вақте ки Пилотус ин суханонро шунид, Исоро берун овард ва дар ҷое ба номи Сангфарш, ки ба забони ибриён онро «Ҷабто» мегуфтанд, ба курсии ҳукмбарорӣ нишаст. 14Арафаи иди Наҷот, қариби нисфирӯзӣ шуда буд. Пилотус ба мардум гуфт: «Ана Шоҳи шумо!» 15Онҳо фарёд зада гуфтанд: «Нест кун! Нест кун! Ӯро мехкӯб кун!» «Шумо мехоҳед, ки ман Шоҳи шуморо мехкӯб кунам?» – гуфт Пилотус. Коҳинони калон ҷавоб доданд: «Мо ғайр аз шоҳаншоҳ подшоҳи дигаре надорем!»
16Он гоҳ Пилотус Исоро барои мехкӯб кардан ба дасти сарбозон супорид.
Исо ба салиб мехкӯб мешавад
17Онҳо Исоро бурданд ва Ӯ то «Ҷойи косахонаи сар», ки ба забони ибриён «Ҷолҷото» ном дошт, салиби Худро бардошта, рафт. 18Дар он ҷо Ӯро ба салиб мехкӯб карданд ва ҳамроҳи Ӯ боз ду нафари дигарро, якеро аз тарафи чап ва дигареро аз тарафи рост ба салибҳо мехкӯб карданд ва Исо дар мобайни онҳо буд. 19Пилотус лавҳачаеро нависонда, ба салиб мехкӯб кунонд, ки дар он чунин навишта шуда буд: «Исои Носирӣ, Шоҳи Яҳудиён». 20Одамони зиёд ин навиштаро хонданд, чунки ҷое, ки Исо мехкӯб шуд, аз шаҳр дур набуд ва он суханон ба забонҳои ибрӣ, лотинӣ ва юнонӣ навишта шуда буданд.
21Коҳинони калони яҳудиён ба Пилотус гуфтанд: «„Шоҳи яҳудиён“ нанавис, балки бинавис, ки „Ин Одам «Ман Шоҳи яҳудиён ҳастам» мегуфт“». 22«Ҳамон чи ки навиштам, мемонад», – ҷавоб дод Пилотус.
23Баъд аз он ки сарбозон Исоро мехкӯб карданд, либоси Ӯро гирифта, аз рӯйи шумораи сарбозон ба чор қисм тақсим карданд. Куртаи Ӯро ҳам гирифтанд. Ин курта яклухт бофта шуда буд ва ҷойи дарз надошт. 24Онҳо ба якдигар гуфтанд: «Биёед, инро пора намекунему қуръа партофта мебинем, ки соҳиби он кӣ мешавад».#19:24 Забур 21:19
Дар навиштаҷот омадааст: «Куртаи Маро дар байни худ тақсим карданд ва бар либосҳоям қуръа партофтанд». Барои иҷро шудани ин навиштаҷот ҳамаи ин ба амал омад. 25Чунин буд амали сарбозон.
Дар назди салиби Исо модар ва холааш, Марями зани Клӯпо ва Марями Маҷдалия истода буданд. 26Исо модари Худ ва дар назди ӯ шогирди дӯстдоштаашро дида, ба модараш гуфт: «Модар, ана ин писари туст». 27Баъд ба он шогирд гуфт: «Ана, ин модари туст». Аз ҳамон вақт он шогирд модари Исоро ба хонаи худ бурд.
Марги Исо
28Баъд аз ин Исо донист, ки ҳама чиз иҷро шуд ва барои ба амал омадани пешгӯйии навиштаҷот гуфт: «Ташна мондам!»
29Дар он ҷо як косаи пур аз сирко буд ва латтаеро гирифта, ба сирко тар карданд ва ба нӯги пояи растании зуфо гузошта, ба лабони Ӯ наздик оварданд. 30Чун Исо сиркоро чашид, гуфт: «Иҷро шуд!» Баъд сар хам карда ҷон дод.
31Он рӯзи тайёрӣ ба рӯзи шанбе буд, ки ба иди бузург рост омад. Бино бар ин, сардорони яҳудӣ намехостанд, ки ҷасади мехкӯбшудагон дар салиб бимонад. Барои ҳамин онҳо аз Пилотус дархост карданд, ки пойҳои мехкӯбшудагонро шикананд ва ҷасади онҳоро аз салиб ба пойин фароранд. 32Сарбозон омада, аввал пойҳои шахси мехкӯбшудаи якум ва баъд мехкӯбшудаи дуюмро шикастанд. 33Вале вақте ки ба Исо наздик омаданд, диданд, ки Ӯ мурдааст, бинобар ин пойҳои Ӯро нашикастанд. 34Яке аз сарбозон бо найза ба паҳлуи Исо зад ва ҳамон дам аз бадани Ӯ хун ва об ҷорӣ шуд.
35Касе, ки тамоми ин ҳодисаҳоро дидааст, шаҳодат медиҳад, то шумо низ имон оваред. Шаҳодати ӯ рост аст ва ӯ медонад, ки ҳақиқатро мегӯяд. 36Ҳамаи ин барои он ба амал омад, ки гуфтаҳои навиштаҷот, ки «Ҳеҷ як устухони Ӯ шикаста нахоҳад шуд»#19:36 Хуруҷ 12:46; Ададҳо 9:12 иҷро шаванд. 37Боз дар дигар ҷойи навиштаҷот гуфта шудааст, ки «Онҳо ба касе нигоҳ хоҳанд кард, ки Ӯро найза заданд».#19:37 Закарё 12:10
Дафни Исо
38Баъд аз он Юсуф, аз шаҳри Ромо, ки аз тарси роҳбарони яҳудӣ шогирди махфии Исо буд, аз Пилотус иҷозат хост, ки ҷасади Исоро гирад. Пилотус иҷозат дод ва ӯ омада, ҷасади Исоро гирифт. 39Никудимус, ки пештар шабона ба дидани Исо омада буд, низ омад ва қариб сию чор кило мурри моеи хушбӯй бо гиёҳи дорувор омехтаро бо худ овард. 40Онҳо аз рӯйи расми яҳудиён ҷасади Исоро гирифта, онро бо ҳамон равғанҳои хушбӯй молида, ба кафан печонданд. 41Дар назди ҷойи мехкӯб шудани Исо боғе буд. Дар он боғ қабри наве буд, ки ҳанӯз касе дар он дафн нашуда буд. 42Азбаски арафаи рӯзи шанбеи яҳудиён буд ва қабр ҳам наздик буд, Исоро дар он ҷо дафн карданд.

Zur Zeit ausgewählt:

Юҳанно* 19: KMO

Markierung

Teilen

Kopieren

None

Möchtest du deine gespeicherten Markierungen auf allen deinen Geräten sehen? Erstelle ein kostenloses Konto oder melde dich an.