Юҳанно* 20

20
Зиндашавии Исо
1Пагоҳии барвақти рӯзи якуми ҳафта, яъне якшанбе, ҳанӯз равшан нашуда, Марями Маҷдалия ба сари қабр омад ва дид, ки санг аз даромадгоҳи он гирифта шудааст. 2Ӯ давида назди Шимъуни Петрус ва шогирди дигар, ки Исо ӯро дӯст медошт, омада, ба онҳо гуфт: «Онҳо Хоҷаи моро аз қабр бурдаанд ва мо намедонем, ки Ӯро дар куҷо гузоштаанд».
3Пас Петрус ва он шогирди дигар ба тарафи қабр равона шуданд. 4Ҳардуи онҳо медавиданд, вале шогирди дигар аз Петрус тезтар давида, аввалин шуда ба сари қабр расида омад. 5Ӯ хам шуда кафанро дид, вале ба даруни қабр надаромад. 6Аз паси ӯ Шимъуни Петрус ҳам давида омад. Вай ба даруни қабр даромада дид, ки кафан ҳаст ва 7матое, ки дар сари Исо буд, на бо кафан, балки дар каноре ҷудо печонда шудааст. 8Он гоҳ шогирди дигар ҳам, ки аввалин шуда ба сари қабр омада буд, ба қабр даромаду ҳамаи инро дида имон овард. 9Онҳо ҳанӯз суханони навиштаҷотро намефаҳмиданд, ки дар бораи Ӯ гуфта шуда буд, ки бояд баъд аз марг зинда шавад. 10Шогирдон ба хонаашон баргаштанд.
Исо ба Марями Маҷдалия аён мешавад
11Аммо Марям берун аз қабр истода гиря мекард. Ӯ гирякунон хам шуда ба даруни қабр нигоҳ кард 12ва дар ҷое, ки пештар Исо гузошта шуда буд, ду фариштаи сафедпӯшро дид, ки яке аз тарафи сар ва дигаре аз тарафи пойҳояш нишастаанд. 13«Эй зан, чаро гиря мекунӣ?» – пурсиданд онҳо. Марям ба онҳо ҷавоб дод: «Хоҷаи маро бурдаанд ва ман намедонам, ки Ӯро дар куҷо гузоштаанд».
14Инро гуфта, ӯ ба қафо рӯ гардонда дид, ки дар рӯ ба рӯйи ӯ Исо истодааст. Вале ӯ надонист, ки ин Исо аст. 15Исо ба вай гуфт: «Эй зан, чаро гиря мекунӣ? Ту киро меҷӯйӣ?» Марям Ӯро боғбон фикр карда ба Ӯ гуфт: «Эй хоҷа, агар ту Ӯро бурда бошӣ, ба ман бигӯй, ки дар куҷо гузоштаӣ, то Ӯро гирифта барам». 16«Эй Марям!» – гуфт Исо. Марям рӯ оварда, фарёд зад: «Эй Раббунӣ!» Маънои «Раббунӣ» дар забони иброниён устод аст. 17Исо ба ӯ гуфт: «Ба Ман даст нарасон, ки ҳанӯз ба пеши Падар боло нарафтаам. Лекин назди бародаронам рафта бигӯ, ки Ман назди Падари Ман ва Падари шумо ва ба назди Худои Ман ва Худои шумо меравам». 18Марями Маҷдалия ба назди шогирдон омада гуфт: «Ман Худованд Исоро дидам!» Инчунин суханони Исоро, ки ба ӯ гуфта буд, ба онҳо нақл кард.
Исо ба шогирдонаш аён мешавад
19Бегоҳии рӯзи якуми ҳафта, яъне рӯзи якшанбе, вақте ки шогирдон якҷоя ҷамъ шуда, аз тарси роҳбарони халқ дарҳоро маҳкам баста менишастанд, Исо даромаду дар миёни онҳо истода гуфт: «Ба шумо сулҳу осоиштагӣ мехоҳам!» 20Инро гуфта, дастҳо ва паҳлӯяшро ба онҳо нишон дод. Шогирдон аз дидани Худованд Исо хурсанд шуданд. 21«Ба шумо сулҳу осоиштагӣ мехоҳам! – такрор кард Исо. – Чунон ки Падар Маро фиристодааст, Ман низ шуморо мефиристам».
22Баъд аз ин суханон Ӯ ба сӯйи онҳо пуф карда гуфт: «Рӯҳулқудсро қабул кунед! 23Гуноҳҳои касонеро, ки бубахшед, ба онҳо бахшида мешаванд ва онҳоеро, ки набахшед, гуноҳ дар гардани онҳо мемонад».
Исо ва Тумо
24Тумо яке аз он дувоздаҳ шогирди Исо, ки боз Дугоник номида мешуд, ҳангоми омадани Исо дар он ҷо ҳамроҳи онҳо набуд. 25Шогирдони дигар ба ӯ гуфтанд: «Мо Худованд Исоро дидем!» Вале ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «То бо чашмони худам пайҳои мехро дар дастони Ӯ набинам ва ангуштамро ба он нагузорам ва дастамро ба захми паҳлӯяш намонам, бовар намекунам!»
26Баъд аз як ҳафта шогирдон боз ҷамъ омаданд ва Тумо ҳам ҳамроҳи онҳо буд. Дар баста буд, вале Исо даромада, дар миёни онҳо истода гуфт: «Ба шумо сулҳу осоиштагӣ мехоҳам!» 27Баъд ба Тумо гуфт: «Ангуштатро ба ин ҷо гузору дастонамро бин ва дастатро ба захми паҳлӯям гузор! Дигар шубҳа накуну бовар кун!» 28Тумо ба Исо ҷавоб дод: «Эй Худованди ман ва Худои ман!»
29Он гоҳ Исо ба ӯ гуфт: «Магар аз сабаби он бовар мекунӣ, ки Маро мебинӣ? Вале хушбахтанд онҳое, ки Маро надида имон овардаанд».
Мақсади навиштани ин китоб
30Исо дар ҳузури шогирдони Худ бисёр мӯъҷизоти дигареро ҳам нишон дода буд, ки дар бораи онҳо дар ин китоб гуфта нашудааст. 31Вале ҳамаи ин барои он навишта шудааст, ки шумо ба Масеҳ, яъне Таъйиншуда ва Писари Худо будани Исо имон оваред ва бо имон ба воситаи қудрати номи Ӯ ҳаёти абадӣ ёбед.

Zur Zeit ausgewählt:

Юҳанно* 20: KMO

Markierung

Teilen

Kopieren

None

Möchtest du deine gespeicherten Markierungen auf allen deinen Geräten sehen? Erstelle ein kostenloses Konto oder melde dich an.