Юҳанно* 13

13
Исо пойҳои шогирдонро мешӯяд
1Як рӯз пеш аз иди Наҷот Исо дид, ки вақту соати аз ин дунё гузаштан ва ба пеши Падараш рафтани Ӯ расидааст. Ӯ дар ин дунё одамони Худро дӯст медошт ва муҳаббаташ нисбат ба онҳо то охир пойдор буд.
2-3 Шайтон аллакай ба дили Яҳудои писари Шимъуни Исқарют фикри дар ҳаққи Исо хиёнат карданро ҷо карда буд. Исо медонист, ки Падар ҳама чизро ба дасти Ӯ супоридааст ва Ӯ аз ҷониби Худо омада, ба пеши Худо бармегардад. Аз ин рӯ, ҳангоми хӯроки шом 4Ӯ аз сари дастархон бархеста, ҷомаашро кашиду миёни Худро бо сачоқ баст. 5Пас, ба тағорае об рехта, ба шустан ва бо сачоқи дар миён бастааш хушк кардани пойҳои шогирдон шурӯъ кард.
6Ӯ ба назди Шимъуни Петрус омад ва Шимъуни Петрус гуфт: «Хоҷа, магар Ту пойҳои маро шустанӣ ҳастӣ?!» 7Исо ҷавоб дод: «Ҳоло ту кори карда истодаамро намефаҳмӣ, баъдтар мефаҳмӣ». 8Он гоҳ Петрус ба Ӯ гуфт: «Ҳаргиз пойҳои маро намешӯйӣ». Исо ҷавоб дод: «Агар нашӯям, ту бо Ман ҳеҷ муносибате нахоҳӣ дошт!» 9Шимъуни Петрус дар ҷавоб гуфт: «Хоҷа, пас на фақат пойҳоямро, балки дастону сарамро низ бишӯй!» 10«Барои касе, ки баданашро шустааст, танҳо пойҳояшро шустан лозим аст, чунки ӯ комилан пок аст, – гуфт Исо. – Шумо ҳам пок ҳастед, вале на ҳама». 11Зеро Ӯ медонист, ки дар ҳаққаш кӣ хиёнат мекунад ва барои ҳамин гуфт, ки на ҳама пок ҳастанд.
12Баъд аз он ки пойҳои онҳоро шуст, либосашро пӯшиду боз ба сари дастархон нишаста гуфт: «Оё медонед, ки Ман бароятон чӣ кор кардам? 13Шумо Маро Устод ва Хоҷа меномед ва ин дуруст аст, чунки Ман ҳамонам. 14Пас, агар Ман, ки Хоҷа ва Устоди шумо ҳастам, пойҳои шуморо шуста бошам, шумо низ бояд пойҳои якдигарро бишӯед. 15Ман ба шумо намунаи ибрат шудам, ки шумо айнан ба мисле ки Ман нисбат ба шумо рафтор кардам, рафтор кунед. 16Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, ки хизматгор аз хоҷаи худ ва шахси фиристодашуда аз фиристандаи худ бузургтар нест. 17Акнун ки шумо ин чизҳоро медонед, хушбахт мешавед, агар онҳоро ба амал оваред.
18Ман на дар бораи ҳамаи шумо мегӯям. Ман касони интихобкардаамро медонам. Вале бигзор суханони навиштаҷот ба амал оянд: „Касе ки нони Маро мехӯрд, бар зидди Ман бархостааст“.#13:18 Забур 40:10 19Инро ҳоло пеш аз рӯй доданаш ба шумо мегӯям, то ки ҳангоми ба амал омадани ин ҳодиса имон оваред, ки ин Ман ҳастам.#13:19 Нигоҳ ба эзоҳи 8:24. 20Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, ҳар кӣ фиристодаи Маро қабул кунад, Маро қабул мекунад ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, Фиристандаи Маро қабул мекунад».
Пешгӯйии Исо дар бораи хиёнат дар ҳаққи Ӯ
21Чун Исо ин суханонро гуфт, рӯҳан ба изтироб омада эълон кард: «Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, яке аз шумо ба Ман хиёнат мекунад».
22Шогирдон ба якдигар нигоҳ карда, дар ҳайрат монданд, ки Ӯ инро дар бораи кӣ гуфта бошад. 23Яке аз шогирдон, ки Исо ӯро дӯст медошт, дар паҳлуи Ӯ такя карда нишаста буд. 24Шимъуни Петрус ба ӯ ишора кард, то аз Исо бипурсад, ки Ӯ инро дар бораи кӣ гуфт. 25Он шогирд ба Исо наздиктар шуда пурсид: «Хоҷа, ин кист?» 26Исо ҷавоб дод: «Луқмаи нонро дар коса тар карда ба касе диҳам, ҳамон аст». Баъд луқмаи нонро тар карда, ба Яҳудои писари Шимъуни Исқарют дод. 27Ҳамин ки Яҳудо луқмаи нонро гирифт, шайтон ба вуҷуди ӯ дохил шуд. Исо ба ӯ гуфт: «Он ниятеро, ки дар дил дорӣ, зудтар иҷро бикун».
28Ҳеҷ касе аз онҳое, ки дар сари дастархон буданд, нафаҳмиданд, ки барои чӣ Исо ба ӯ ин суханро гуфт. 29Азбаски хазинаи пул дар дасти Яҳудо буд, баъзеҳо гумон карданд, ки Исо ба ӯ фармуд, то ҳар чи барои ид лозим аст, барояшон бихарад ё ки ба бенавоён чизе бидиҳад.
30Яҳудо нонро гирифта, ҳамон замон берун баромад. Шаб буд.
Фармони нав
31Вақте ки ӯ берун баромад, Исо гуфт: «Акнун Писари Одамизод шуҳрату ҷалол ёфт ва Худо низ ба воситаи Ӯ шуҳрату ҷалол ёфт. 32Азбаски Худо дар Ӯ шуҳрату ҷалол ёфт, пас Худо низ Ӯро ҳамроҳи Худ шуҳрату ҷалол медиҳад ва инро ба зудӣ мекунад. 33Эй фарзандонам, муддати кам мондааст, ки Ман ҳамроҳи шумо мемонам. Шумо Маро ҷустуҷӯ хоҳед кард, вале, чӣ тавре ки ба роҳбарони яҳудӣ гуфта будам, акнун ба шумо низ мегӯям, ба он ҷое, ки Ман меравам, шумо омада наметавонед. 34Ман ба шумо фармони нав медиҳам, ки якдигарро дӯст доред. Ҳамон тавре ки Ман шуморо дӯст доштам, шумо низ якдигарро дӯст доред. 35Агар нисбат ба якдигар муҳаббат дошта бошед, ҳама хоҳанд фаҳмид, ки шумо шогирдони Ман ҳастед».
Исо инкори Петрусро пешгӯйӣ мекунад
36Шимъуни Петрус аз Ӯ пурсид: «Хоҷа, Ту ба куҷо меравӣ?» «Ба ҷое, ки Ман меравам, ту ҳоло аз паси Ман омада наметавонӣ, – ҷавоб дод Исо, – аммо баъдтар хоҳӣ омад». 37Петрус ба Ӯ гуфт: «Хоҷа! Чаро ман ҳоло аз паси Ту рафта наметавонам? Ман тайёрам ҷони худро барои Ту фидо кунам!» 38Исо ҷавоб дод: «Ҷонатро фидои Ман мекунӣ?! Ба ту сухани ҳақ ва ростро мегӯям, пеш аз он, ки хурӯс ҷеғ занад, ту се бор Маро инкор хоҳӣ кард!»

Zur Zeit ausgewählt:

Юҳанно* 13: KMO

Markierung

Teilen

Kopieren

None

Möchtest du deine gespeicherten Markierungen auf allen deinen Geräten sehen? Erstelle ein kostenloses Konto oder melde dich an.