Юҳанно* 12

12
Ба сари Исо рехтани равғани атрафшони қиматбаҳо
1Шаш рӯз пеш аз сар шудани иди Наҷот Исо ба Байт-Анё ба хонаи ҳамон Элъозоре, ки Исо ӯро зинда карда буд, омад. 2Ба хотири Ӯ зиёфат барпо карданд. Марто хизмат мекард ва Элъозор бо ҳамроҳии Исо ва меҳмонони дигар дар сари дастархон нишаста буд. 3Марям бошад, як шишаи равғани атрафшони ниҳоят қиматбаҳоро гирифта, ба пойҳои Исо молиду бо мӯйҳояш пойҳои Ӯро хушк кард. Хонаро бӯйи муаттар фаро гирифт.
4Ҳамин вақт Яҳудои Исқарют, яке аз шогирдон, ки дар оянда ба Исо хиёнат мекунад, гуфт: 5«Чаро ин атриётро ба сесад динор нафурӯхтанду пулашро ба камбағалон тақсим накарданд?» 6Ӯ хазинадор буд ва барои манфиати худ аз он ҷо пул мегирифт. Бино бар ин, ӯ на аз сабаби ғами камбағалонро хӯрдан, балки ба сабаби дузд буданаш он суханонро гуфт. 7Вале Исо дар ҷавоб гуфт: «Марямро ором гузор! Вай ин атриётро барои рӯзи дафни Ман нигоҳ доштааст. 8Камбағалон ҳамеша бо шумо ҳастанд, вале Ман ҳамеша бо шумо нестам».
9Дар айни ҳол бисёре аз аҳолии Яҳудия дар Байт-Анё будани Исоро дониста, ба он ҷо рафтанд. Вале онҳо на фақат ба хотири Исо, балки барои дидани Элъозор ҳам, ки Исо ӯро зинда карда буд, ба он ҷо рафта буданд. 10Он гоҳ коҳинони калон қарор доданд, ки Элъозорро ҳам бикушанд, 11зеро ба хотири ӯ мардуми зиёди Яҳудия аз онҳо рӯ гардонда, ба Исо имон меоварданд.
Исо бо тантана ба Уршалим ворид мешавад
12Рӯзи дигар мардуми сершуморе, ки ба ид омада буданд, шуниданд, ки Исо ба Уршалим омада истодааст. 13Он гоҳ онҳо шохаҳои дарахти нахлро ҳамчун рамзи шодӣ ба даст гирифта, ба пешвози Ӯ баромаданд ва фарёд мекарданд:
«Шаъну шараф ба Худо!
Баракат ёбад касе, ки ба номи Худованд меояд!#12:13 Забур 117:25-26
Баракат ёбад Шоҳи Исроил!»
14Исо хареро ёфта, ба он савор шуд, зеро дар навиштаҷот чунин гуфта шудааст:
15«Натарсед, эй сокинони шаҳри Уршалим!
Ана, Шоҳи шумо савораи харе омада истодааст».#12:15 Закарё 9:9
16Шогирдони Ӯ инро он вақт нафаҳмиданд, вале ҳангоме ки Исо ба тамоми шуҳрату ҷалоли Худо соҳиб шуд, онҳо ба ёд оварданд, ки дар навиштаҷот ҳамаи ин дар борааш навишта шуда буд ва бо Ӯ ҳамин тавр ҳам рӯй дод.
17Мардуме, ки дар пешашон Исо Элъозори мурдаро аз қабр ҷеғ зада, зинда карда буд, паҳн кардани ин хабарро давом медоданд. 18Аз сабаби шунидани ин муъҷиза тӯдаи зиёди одамон ба пешвози Ӯ баромаданд. 19Аммо фарисиён ба якдигар гуфтанд: «Медонед, аз дастамон ҳеҷ коре намеояд! Ана бинед, тамоми ҷаҳон аз пайи Ӯ меравад!»
Исо маргашро пешгӯйӣ мекунад
20Дар байни онҳое, ки барои саҷда ба ид омада буданд, ғайрияҳудиён ҳам буданд. 21Онҳо ба назди Филиппус, ки аз аҳли Байт-Сайдои Ҷалил буд, омада гуфтанд: «Хоҷа, мо мехоҳем, ки Исоро бинем». 22Филиппус рафта, инро ба Андриёс хабар дод ва баъд ҳардуяшон рафта, ба Исо гуфтанд. 23Исо ҷавоб дод: «Вақту соати он расидааст, ки тамоми шуҳрату ҷалоли Писари Одамизод ошкор гардад! 24Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям: то донаи гандум ба замин афтида намирад, вай як донаи танҳо мемонад, аммо агар бимирад – ҳосили зиёд меоварад. 25Касе ки ҳаёташро азиз дорад, онро аз даст медиҳад, вале касе ки дар ин дунё аз ҳаёти худ нафрат кунад, онро барои ҳаёти абадӣ нигоҳ медорад. 26Ҳар кӣ ба Ман хизмат мекунад, бояд аз пасам ояд ва ҳар ҷое, ки Ман ҳастам, хизматгорам низ ҳамон ҷо мешавад. Касеро, ки ба Ман хизмат мекунад, Падарам сарфароз менамояд.
27Ҷонам ҳоло дар азоб аст ва чӣ гӯям? Бигӯям, ки „Падар, Маро аз ин соат халос кун!“, вале Ман маҳз барои ҳамин соат омадаам! 28Эй Падар, номи Худро шуҳрат деҳ!»
Он гоҳ аз осмон садое шунида шуд: «Аллакай шуҳрат додам ва боз ҳам шуҳрати бештар медиҳам!»
29Тӯдаи мардум, ки дар он ҷо истода буданд, ин овозро шунида, баъзеашон гуфтанд, ки ин садои раъду барқ буд, дигарон гуфтанд, ки фариштае ба Ӯ сухан гуфт. 30Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ин садо на ба хотири Ман, балки ба хотири шумо буд! 31Акнун вақти ҳукм шудани ин ҷаҳон аст, ҳоло ҳукмрони ин ҷаҳон берун ронда мешавад! 32Вақте ки Ман аз замин боло бардошта мешавам, ҳамаро ба сӯи Худ мекашам!» 33Бо ин суханон Ӯ ишора мекард, ки чӣ тарз ҷон медиҳад.
34Мардум ҷавоб доданд: «Мо аз навиштаҷот медонем, ки Масеҳ то абад зинда мемонад. Пас, чӣ тавр мегӯйӣ, ки Писари Одамизод бояд боло бардошта шавад? Охир, Писари Одамизод кист?» 35Исо ба онҳо гуфт: «Боз муддати кӯтоҳе нур бо шумо мемонад. Ҳанӯз ки нур доред, роҳ равед, то ки торикӣ шуморо фаро нагирад, зеро ҳар кӣ дар торикӣ роҳ меравад, намедонад, ки куҷо меравад. 36Пас, ҳанӯз ки нур бо шумост, ба он имон оваред, то ки писарони нур шавед!» Исо инро гуфта, он ҷойро монда рафт ва аз назари онҳо ғоиб шуд.
Беимонии одамон
37Бо вуҷуди он ки Исо дар ҳузури онҳо мӯъҷизоти бисёр нишон дод, онҳо ба Ӯ имон наоварданд. 38Ишаъё пайғамбар гуфта буд:
«Эй Худованд, кист, ки ба паёми мо бовар кардааст?
Қудрати Худо ба кӣ ошкор гардидааст?»#12:38 Ишаъё 53:1
Ин пешгӯйӣ ҳамин тавр иҷро шуд.
39Инчунин онҳо боз аз он сабаб имон оварда натавонистанд, ки Ишаъё пайғамбар чунин ҳам гуфта буд:
40«Худо чашмони онҳоро нобино
Ва ақли онҳоро тира кардааст,
То ки онҳо бо чашмони худ набинанд
Ва бо ақли худ дарк накунанд,
Вагарна ба Ман рӯ меоварданд,
То Ман онҳоро шифо диҳам».#12:40 Ишаъё 6:10
41Ишаъё барои он чунин гуфта буд, ки шуҳрату ҷалоли Исоро дид ва дар бораи Ӯ сухан гуфт.
42Ба ҳар ҳол, бисёри одамон, ҳатто аз байни мансабдорон низ ба Исо имон оварданд, вале аз тарси фарисиён ошкоро ба ин иқрор намешуданд, ки мабодо онҳоро аз ҷамоатхонаҳо пеш накунанд. 43Зеро онҳо назар ба таърифе, ки аз ҷониби Худо аст, таърифи инсониро зиёдтар дӯст доштанд.
44Исо бо овози баланд хитоб кард: «Ҳар кӣ ба Ман имон оварад, на ба Ман, балки ба Касе, ки Маро фиристодааст, имон меоварад. 45Ҳар кӣ Маро мебинад, он Касеро мебинад, ки Маро фиристодааст. 46Ман ҳамчун нур ба ҷаҳон омадаам, то ҳар кӣ ба Ман имон оварад, дар торикӣ намонад. 47Ман ҳеҷ касеро, ки суханони Маро мешунаваду иҷро намекунад, ҳукм нахоҳам кард, чунки Ман на барои ҳукм кардани ҷаҳон, балки барои наҷот додани он омадаам. 48Касе, ки Маро инкор мекунад ва суханони Маро қабул намекунад, вай аллакай ҳукмкунанда дорад. Дар рӯзи қиёмат он суханон, ки Ман гуфтам, ӯро ҳукм мекунанд, 49чунки Ман аз Худ сухан нагуфтаам, балки Падаре, ки Маро фиристодааст, чӣ гуфтану чӣ гуна сухан гуфтанамро фармон додааст. 50Ва Ман медонам, ки фармони Ӯ ҳаёти абадӣ мебахшад. Бино бар ин, Ман танҳо он чиро мегӯям, ки Падар ба Ман гуфтааст».

Zur Zeit ausgewählt:

Юҳанно* 12: KMO

Markierung

Teilen

Kopieren

None

Möchtest du deine gespeicherten Markierungen auf allen deinen Geräten sehen? Erstelle ein kostenloses Konto oder melde dich an.