Юҳанно* 11

11
Марги Элъозор
1Марде, ки Элъозор ном дошт, бемор шуд. Ӯ аз деҳаи Байт-Анё буд, ки дар он Марям бо хоҳараш Марто зиндагӣ мекард. 2Марям ҳамон зане буд, ки ба пойҳои Худованд Исо атриёт молида, онҳоро бо мӯйи сари худ хушк карда буд. Элъозори бемор бародари ӯ буд. 3Хоҳарони Элъозор ба Исо чунин хабар фиристоданд: «Эй Хоҷа, он касе, ки Ту дӯст медорӣ, бемор аст».
4Исо ин хабарро шунида гуфт: «Ин беморӣ на барои марг, балки барои шуҳрату ҷалоли Худо ва барои он аст, ки Писари Худо ба воситаи он шуҳрату ҷалоли Худро нишон диҳад». 5Исо Мартову хоҳари ӯ ва Элъозорро дӯст медошт. 6Вале аз бемории Элъозор хабардор шуда бошад ҳам, боз ду рӯзи дигар дар ҷое, ки буд, монд.
7Баъд ба шогирдонаш гуфт: «Биёед, ба Яҳудия бармегардем». 8«Устод, – гуфтанд шогирдони Ӯ, – навакак мардум Туро сангсор кардан мехостанд ва Ту боз ба он ҷо рафтанӣ ҳастӣ?» 9Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Магар рӯз аз дувоздаҳ соат иборат нест? Касоне, ки рӯзона роҳ мераванд, пешпо намехӯранд, чунки рӯшноии ин ҷаҳонро мебинанд. 10Аммо касоне, ки шабона роҳ мераванд, пешпо мехӯранд, чунки равшанӣ надоранд». 11Исо инро гуфта, давом дод: «Дӯсти мо Элъозор хобидааст, лекин Ман рафта, ӯро бедор мекунам». 12Шогирдон ба Ӯ гуфтанд: «Хоҷа, агар ӯ хоб рафта бошад, сиҳат мешавад».
13Исо марги Элъозорро дар назар дошт, аммо онҳо фикр мекарданд, ки Ӯ дар бораи хоби одӣ гап мезанад. 14Он гоҳ Исо ошкоро ба онҳо гуфт: «Элъозор мурдааст, 15вале Ман барои шумо хурсандам, ки дар он ҷо набудам, то ки имони шумо ба Ман қавитар гардад. Ҳоло бошад, биёед, назди ӯ меравем». 16Он гоҳ Тумо, ки ӯро боз Дугоник меномиданд, ба шогирдони дигар гуфт: «Биёед, мо ҳам меравем, то ҳамроҳи Ӯ бимирем!»
Исо зинда мекунад ва ҳаёт мебахшад
17Вақте ки Исо ба он ҷо расида омад, Ӯ фаҳмид, ки Элъозор аллакай чор рӯз дар қабр аст. 18Деҳаи Байт-Анё аз Уршалим дур набуд, тақрибан дар масофаи се километер ҷойгир буд. 19Бино бар ин, бисёре аз яҳудиён ба назди Марто ва Марям омаданд, то ки барои марги бародарашон ҳамдардиашонро изҳор намоянд. 20Марто чун хабари ба назди онҳо омада истодани Исоро шунид, ба пешвози Ӯ берун баромад, вале Марям дар хона монд.
21Марто ба Исо гуфт: «Хоҷа, агар Ту дар ин ҷо мебудӣ, бародарам намемурд! 22Аммо медонам, ки ҳоло ҳам ҳар чи аз Худо талаб кунӣ, ба Ту медиҳад». 23«Бародарат зинда мешавад», – гуфт ба ӯ Исо. 24«Медонам, ки дар рӯзи қиёмат, ҳангоми зинда шудани мурдагон вай ҳам зинда мешавад», – ҷавоб дод Марто. 25Исо гуфт: «Ман Ҳамоне ҳастам, ки мурдагонро зинда мекунад ва ҳаёт мебахшад! Касе ки ба Ман имон дорад, бимирад ҳам, зинда мешавад. 26Инчунин ҳар касе ки дар Ман зиндагӣ мекунад ва ба Ман имон меоварад, ҳаргиз намемирад. Ту ба ин бовар мекунӣ?» 27«Бале, Хоҷа, – ҷавоб дод Марто, – ман бовар мекунам, ки Ту Масеҳ ва Писари Худо ҳастӣ, ки бояд ба ҷаҳон ояд».
28Инро гуфта, Марто рафт ва хоҳари худ Марямро ҷеғ зада, фақат ба ӯ гуфт: «Устод омадааст ва туро даъват мекунад».
29Марям инро шунида, зуд аз ҷояш бархест ва ба назди Исо рафт. 30Исо ҳанӯз ба деҳа надаромада буд, балки дар ҳамон ҷое монд, ки Марто ба пешвозаш баромада буд.
31Дар хона ҳамроҳи Марям яҳудиёне буданд, ки ӯро дилбардорӣ мекарданд. Вақте онҳо диданд, ки Марям зуд аз ҷояш хеста аз хона баромад, гумон карданд, ки вай ба сари қабр рафта, гиря мекунад ва аз паси ӯ равона шуданд. 32Вақте Марям ба он ҷое, ки Исо буд, омада Ӯро дид, худро пеши пойҳояш партофта гуфт: «Хоҷа, агар Ту дар ин ҷо мебудӣ, бародарам намемурд».
33Вақте Исо Марям ва одамони ҳамроҳаш омадаро гирён дид, оҳи аламнок кашид ва дилаш пур аз хашму ғам шуда 34гуфт: «Шумо ӯро дар куҷо гузоштед?» Онҳо ҷавоб дода гуфтанд: «Рафтем, Хоҷа, нишон медиҳем». 35Аз чашмони Исо ашк ҷорӣ шуд. 36Он гоҳ яҳудиён гуфтанд: «Бубинед, ки Ӯ чӣ қадар Элъозорро дӯст медошт!» 37Лекин баъзеи онҳо гуфтанд: «Ӯ, ки чашмони кӯрро бино карда буд, магар коре карда наметавонист, ки Элъозор ҳам намурад?»
Исо Элъозорро зинда мекунад
38Исо бори дигар пур аз хашму ғам шуда, ба сари қабр омад. Ин як ғоре буд, ки дар даромадгоҳи он санг гузошта шуда буд. 39«Сангро дур кунед!» – гуфт Исо. Марто, хоҳари шахси мурда ба Ӯ гуфт: «Хоҷа, охир аз мурдани ӯ аллакай чор рӯз гузаштааст ва бӯй гирифтааст». 40Исо ба ӯ гуфт: «Магар Ман ба ту нагуфта будам, ки агар имон оварӣ, шуҳрату ҷалоли Худоро мебинӣ?»
41Сангро дур карданд. Исо ба боло нигоҳ карда гуфт: «Эй Падар, шукри Туро мекунам, ки дуои Маро шунидӣ. 42Ман медонистам, ки Ту ҳамеша дуои Маро мешунавӣ, вале инро ба хотири мардуме, ки дар ин ҷо истодаанд, гуфтам, то онҳо имон оваранд, ки Маро Ту фиристодаӣ!» 43Инро гуфта, бо овози баланд хитоб кард: «Эй Элъозор, берун баро!» 44Мурда, ки дасту пойҳояш бо кафану рӯяш бо рӯймол печонда шуда буд, аз қабр баромад. Исо ба онҳо гуфт: «Дасту пойҳои ӯро кушоед, то ки роҳ равад!»
Нақшаи куштани Исо
45Бисёре аз яҳудиёне, ки назди Марям омада буданд, муъҷизаи Исоро дида ба Ӯ имон оварданд. 46Аммо баъзе аз онҳо ба пеши фарисиён рафта, дар бораи корҳои Исо хабар доданд.
47Он гоҳ коҳинони калон ва фарисиён маҷлиси шӯрои пиронро ҷамъ карда, гуфтанд: «Чӣ кор мекунем? Ин одам муъҷизаҳои зиёде нишон медиҳад. 48Агар мо иҷозат диҳем, ки Ӯ кори Худро давом диҳад, ҳама ба Ӯ имон меоваранд. Он вақт румиён омада, маъбади моро ва ҳам халқамонро нест мекунанд».
49Яке аз онҳо ба номи Қаёфо, ки дар он сол саркоҳин буд, гуфт: «Шумо ҳеҷ чизро намефаҳмед! 50Магар аён нест, ки агар ба ҷойи тамоми мардум як нафар бимирад, беҳтар аст, аз он ки тамоми халқ нобуд шавад».
51Қаёфо инро ба ихтиёри худ нагуфт, балки чун дар ҳамон сол саркоҳин буд, ӯ чунин пешгӯйӣ кард, ки Исо барои халқ мемирад. 52Вале на танҳо барои халқи яҳудиён, инчунин барои муттаҳид гардондани тамоми фарзандони Худо, ки дар рӯйи замин парокандаанд, мемирад. 53Аз ҳамон рӯз сар карда, онҳо роҳи чӣ тавр куштани Исоро фикр мекарданд. 54Аз ин сабаб Исо дигар дар Яҳудия ошкоро намегашт. Вай аз он ҷо ба Эфроим ном шаҳре, ки дар наздикии биёбон ҷойгир шуда буд, рафта, бо шогирдонаш дар ҳамон ҷо монд.
55Иди Наҷоти яҳудиён наздик мешуд ва аз гӯшаву канори мамлакат мардуми зиёд ба Уршалим равона шуданд, то пеш аз сар шудани ид расму ойини покшавиро ба ҷо оваранд. 56Онҳо дар ҷустуҷӯи Исо буданду дар маъбади Худо аз ҳамдигар мепурсиданд: «Чӣ фикр доред, Ӯ ба ид намеояд?» 57Зеро коҳинони калон ва фарисиён фармон бароварданд, ки агар касе дар куҷо будани Исоро донад, бояд ба онҳо хабар диҳад, то Ӯро дастгир кунанд.

Zur Zeit ausgewählt:

Юҳанно* 11: KMO

Markierung

Teilen

Kopieren

None

Möchtest du deine gespeicherten Markierungen auf allen deinen Geräten sehen? Erstelle ein kostenloses Konto oder melde dich an.