Корнома* 3

3
Шифо ёфтани марди ланг
1Рӯзе Петрус ва Юҳанно ба маъбади Худо мерафтанд. Соат сеи рӯз, яъне вақти дуо буд. 2Назди дарвозаи маъбади Худо, ки Зебо ном дошт, марди ланге менишаст. Вай ланги модарзод буд. Ҳар рӯз ӯро оварда назди дарвоза мемонданд, то ки аз одамони ба маъбади Худо меомада садақа пурсад. 3Вай чун дид, ки Петрусу Юҳанно ба дарвоза медароянд, аз онҳо садақа пурсидан гирифт. 4Петрусу Юҳанно ба вай чашм дӯхтанд ва Петрус гуфт: «Ба мо нигоҳ кун!»
5Шахси ланг бо умеди он ки садақа медиҳанд, ба онҳо нигоҳ кард. 6Аммо Петрус ба вай гуфт: «Нуқраву тилло надорам, лекин он чи дорам, ба ту медиҳам. Ба номи Исои Масеҳи Носирӣ бархезу роҳ рав!»
7Петрус аз дасти росташ гирифта, ба вай кӯмак намуд, то ки аз ҷояш бархезад. Ҳамон лаҳза буҷулак ва кафи пойҳои он мард қувват гирифтанд. 8Вай ҷаҳида хесту ба қадамзанӣ сар кард ва бо онҳо ба маъбади Худо даромад. Дар он ҷо вай ҷастухез мекарду Худоро ситоиш менамуд. 9Мардум ҳама диданд, ки вай қадам мезанаду Худоро ситоиш мекунад ва 10бениҳоят ҳайрон шуданд. Зеро ӯро шинохтанд, ки пеш вай назди дарвозаи Зебо нишаста садақа мепурсид.
Сухани Петрус ба мардум
11Чун марди шифоёфта аз Петрусу Юҳанно дур намешуд, мардум ҳайрон шуда ба назди онҳо шитофтанд ва дар айвони Сулаймон ҷамъ омаданд. 12Петрус инро дида, ба мардум гуфт: «Исроилиён! Барои чӣ ҳайрон мешавед? Барои чӣ ба мо чунон нигоҳ мекунед, ки гӯё мо бо қувват ё диндории худ ин одамро ба по монда бошем? 13Худои Иброҳиму Исҳоқу Яъқуб, яъне Худои падарбузургони мо хизматгори Худ – Исоро шуҳрату ҷалол бахшид. Аммо шумо Ӯро таслим кардед ва дар назди Пилотус, ки Ӯро озод карданӣ буд, аз Ӯ рӯй гардондед. 14Шумо Шахси пок ва Росткорро рад намуда, аз Пилотус хоҳиш кардед, ки одамкушро озод кунад. 15Шумо Офаранда ва сарчашмаи ҳаётро куштед, лекин Худо Ӯро аз марг зинда кард ва мо ба он шоҳид ҳастем. 16Ин одамро шумо хуб медонеду мешиносед. Ҳоло, ҳамин ки ба номи Исо имон овард, қувват пайдо кард. Шумо ҳама дидед, ки номи Исо ва имон ба Ӯ ин одамро пурра шифо дод.
17Акнун, бародарон, ман медонам, ки шумо ва роҳбаронатон ин корро аз нофаҳмӣ кардед. 18Аммо Худо он чиро, ки бо забони ҳамаи пайғамбарон пешгӯйӣ карда буд, иҷро намуд. Масеҳ, яъне Таъйиншудаи Худо бояд азоб мекашид.
19Бино бар ин, ҳоло тавба карда ба Худо рӯй оваред, то ки гуноҳҳоятон шуста шавад. 20Сипас, замоне мерасад, ки Худованд ба шумо қуввати тоза мебахшаду Исои Масеҳро мефиристад, ки барои шумо таъйин шудааст.
21Исои Масеҳ бояд дар осмон бимонад, то даме ки Худо ҳамаи онро, ки дар замони қадим ба воситаи пайғамбарони муқаддасаш ваъда кардааст, барқарор намояд. 22Мусо чунин гуфтааст: „Худованд Худои шумо аз байни халқатон ба шумо Пайғамбаре ба мисли ман ба миён хоҳад овард. Шумо бояд ҳамаи он чиро, ки Ӯ мегӯяд, иҷро кунед. 23Касе, ки ба Ӯ гӯш намекунад, аз халқи Худо дур ва нест карда мешавад“.#3:23 Ибодат 23:29; Такрори Шариат 18:15, 18-19 24Аз Самуил сар карда, ҳама пайғамбарон дар бораи ҳамин рӯзҳо пешгӯйӣ кардаанд. 25Шумо фарзандони пайғамбарон ҳастед ва аз ин сабаб дар аҳду паймоне, ки Худо бо падарбузургони мо бастааст, ҳисса доред. Зеро Ӯ ба Иброҳим чунин гуфтааст: „Ба воситаи насли ту ҳамаи халқҳои рӯйи замин баракат меёбанд“.#3:25 Ибтидо 22:18; 26:4 26Инак, Худо хизматгори Худ – Исоро бархезонда, пеш аз ҳама ба назди шумо фиристод, то ки ҳар яки шуморо баракат дода, аз кирдори бад баргардонад».

Zur Zeit ausgewählt:

Корнома* 3: KMO

Markierung

Teilen

Kopieren

None

Möchtest du deine gespeicherten Markierungen auf allen deinen Geräten sehen? Erstelle ein kostenloses Konto oder melde dich an.