Корнома* 2

2
Рӯҳулқудс фуруд меояд
1Дар рӯзи иди Ҳосилот пайравони Исои Масеҳ дар хонае ҷамъ омада буданд. 2Баногоҳ аз осмон мисли шувваси шамоли сахт садое омада, тамоми хонаро, ки дар он нишаста буданд, пур кард. 3Сипас, онҳо диданд, ки чизе ба монанди шӯълачаҳои оташ ҷудо-ҷудо бар ҳар яки онҳо фуруд омад. 4Рӯҳулқудс онҳоро фаро гирифт ва онҳо бо забонҳои гуногун гап заданро сар карданд. Ин қобилиятро Рӯҳулқудс ба онҳо мебахшид.
5Он вақтҳо дар Уршалим яҳудиёни худотарс истиқомат доштанд, ки аз кишварҳои гуногун омада буданд. 6Онҳо тӯда шуда сӯйи садои баланд наздик омаданд ва ҳар яке суханони шогирдонро бо забони модарии худ шунида, хеле ба ҳаяҷон омаданд 7ва ҳайрон шуда гуфтанд: «Оё ин одамон аз вилояти Ҷалил нестанд? 8Пас, чӣ тавр ҳар яки мо мешунавем, ки онҳо бо забони модариамон сухан меронанд? 9Бинед, мо портиён, модиён, эломиён, мардуми Байнаннаҳрайн, Яҳудия, Каппадукия, Понтус, вилояти Осиё, 10Фриҷия, Памфилия ва Миср ҳастем, вале сухани онҳоро ҳамчун забони худ мефаҳмем. Ҳамчунин аз Либия (ин дар наздикии Қайравон аст), Криту Арабистон ва меҳмонони румӣ, 11яҳудиёну онҳое, ки дини яҳудиро қабул кардаанд, мебошем. Пас, чӣ тавр мо мешунавем, ки ҳар яки онҳо бо забони модарии мо дар бораи корҳои бузурги Худо шаҳодат медиҳанд?» 12Онҳо ҳама ҳайрону гаранг шуда, аз ҳамдигар мепурсиданд: «Ин чӣ маъно дошта бошад?»
13Вале баъзеи дигар масхаракунон мегуфтанд: «Инҳо майи тоза нӯшида, маст шудаанд».
Сухани Петрус ба мардум
14Он гоҳ Петрус ва ёздаҳ фиристодаи дигар аз ҷой бархостанд ва Петрус бо овози баланд ба мардум гуфт: «Мардуми Яҳудия ва сокинони Уршалим! Ба сухани ман диққат диҳед. 15Гумон накунед, ки инҳо маст ҳастанд. Охир, соат нуҳи саҳар аст-ку?! 16Баръакс, он чи мебинед, иҷро шудани пешгӯйии пайғамбар Юил аст, ки гуфтааст:
17„Дар рӯзҳои охир, – мегӯяд Худо,
– Рӯҳи Худро бар ҳама одамон хоҳам рехт ва писарону духтарони шумо пайғамбарӣ хоҳанд кард.
Ба ҷавонмардони шумо чизҳои рӯҳонӣ аён хоҳад шуд ва пиронатон хобҳо хоҳанд дид.
18Бар ҳамаи ғуломону канизонам Рӯҳамро хоҳам рехт ва онҳо пайғамбарӣ хоҳанд кард.
19Аз боло дар осмон муъҷизаҳо ва аз пойин дар замин аломатҳо, яъне хун, оташ ва дуд нишон хоҳам дод.
20Пеш аз он ки рӯзи бузургу пурҷалоли Худованд бирасад,
Офтоб ба торикӣ ва моҳ ба ранги хун табдил меёбад.
21Он гоҳ, ҳар касе ки номи Худовандро ба забон гирифта фарёд кунад, наҷот хоҳад ёфт“#2:21 Юил 2:28-32.
22Мардони Исроил, гӯш кунед! Исои Носирӣ Мардест, ки ба воситаи Ӯ Худо дар байни шумо корҳои бузург кард ва муъҷизаву аломатҳо нишон дод. Ин ҳама исбот мекунад, ки Исои Носирӣ аз ҷониби Худо омадааст, чунон ки худатон низ медонед. 23Ӯ мувофиқи нақшаву пешбинии Худо ба дастатон таслим карда шуд. Шумо Ӯро бо дастони ҷинояткорон мехкӯб намуда куштед. 24Аммо марг Ӯро боздошта натавонист, чунки Худо Ӯро аз ранҷу азоби марг халос намуда, зинда кард.
25Шоҳ Довуд низ дар бораи Исои Масеҳ чунин гуфтааст:
„Худовандро ҳамеша дар наздам мебинам.
Ӯ аз тарафи дасти ростам меистад, то ки устувор бошам.
26Аз ин сабаб дилам шод ва забонам хуш аст.
Ҷисмам низ бо умед хоҳад зист.
27Зеро Ту намегузорӣ, ки ҷонам дар олами мурдагон бимонад ва Марди Поки Ту дар гӯр бипӯсад.
28Ту ба ман роҳҳои ҳаётро нишон додаӣ ва дар ҳузурат маро аз хурсандӣ пур хоҳӣ кард“#2:28 Забур 15:8-11.
29Бародарон! Рӯйирост ба шумо мегӯям: падаркалони мо Довуд аз олам чашм пӯшид ва ба хок гузошта шуд. Қабрашро ҳам то имрӯз мебинем. 30Азбаски Довуд пайғамбар буд, ӯ медонист, ки Худо қасам хӯрда ваъда додааст, ки тахташро ба насли ӯ медиҳад. 31Шоҳ Довуд ояндаро дида, фаҳмид, ки Масеҳ, яъне Таъйиншудаи Худо зинда мешавад. Бинобар ин, Довуд мегӯяд, ки Худо Ӯро дар олами мурдагон нагузошт ва намонд, ки ҷисми Ӯ дар гӯр бипӯсад. 32Ҳамин Исоро Худо зинда кард, ки ҳамаи мо шоҳиди он ҳастем. 33Сипас, Ӯ ба осмон бурда шуда, ба ҷойи беҳтарин, яъне аз тарафи дасти рости Худо Падар шинонда шуд ва аз Ӯ Рӯҳулқудси ваъдашударо гирифта, бар мо рехт, чунон ки ҳоло худатон ҳам мебинеду ҳам мешунавед. 34-35 Шоҳ Довуд худаш ба осмон набаромадааст, аммо чунин мегӯяд:
„Худованд ба Худованди ман гуфт:
«То даме ки душманонатро зери пойҳоят нагузорам, аз дасти ростам бишин»#2:34–35 Забур 109:1“.
36Петрус суханашро давом дода гуфт: «Пас, бигзор тамоми халқи Исроил аниқ бидонад, ки Худо ҳамин Исоро, ки шумо мехкӯб кардед, Худованд ва Масеҳ кардааст».
37Инро шунида дили одамон хеле ғамгин шуд ва онҳо аз Петрус ва фиристодагони дигар пурсиданд: «Бародарон, акнун мо чӣ кор кунем?»
38Дар ҷавоб Петрус гуфт: «Барои бахшида шудани гуноҳҳоятон ҳар яки шумо тавба карда, ҳамчун пайрави Исои Масеҳ таъмид гиред ва атои Рӯҳулқудсро хоҳед гирифт. 39Зеро Рӯҳулқудс ба шумову наслҳоятон ва ба онҳое, ки дур ҳастанд, яъне ба ҳамаи онон, ки аз ҷониби Худованд Худои мо даъват мешаванд, ваъда шудааст».
40Ҳамин тавр Петрус бо суханони зиёд насиҳаткунон гуфт: «Худро аз ҷазое, ки ба сари ин насли пургуноҳ меояд, наҷот диҳед!»
41Онҳое, ки сухани Петрусро қабул карданд, таъмид гирифтанд. Он рӯз шумораи ҳамроҳшудагон тақрибан се ҳазор кас буд.
Рафтуомади дӯстонаи имондорон
42Онҳо аз фиристодагон пайваста таълим мегирифтанд ва дар ягонагии бародарона зиндагӣ карда, барои дуову шикастани нон ҷамъ мешуданд. 43Азбаски ба воситаи фиристодагон аломату муъҷизаҳои бисёр нишон дода мешуд, ҳама ба тарсу ваҳм афтода буданд.
44Ҳама имондорон якҷоя ҷамъ мешуданд ва ҳар чизро бо ҳам тақсим мекарданд, 45яъне дороӣ ва чизҳои худро фурӯхта, ба онҳое, ки муҳтоҷ буданд, кӯмак мекарданд. 46Ҳар рӯз онҳо якдилона дар маъбади Худо ҷамъ мешуданд. Хона ба хонаи ҳамдигар гашта, нон шикаста, аз таҳти дил шодикунон бо ҳам хӯрок мехӯрданд. 47Ҳамин тавр онҳо Худоро ситоиш мекарданд ва писанди ҳама мардум буданд. Худованд бошад, ҳар рӯз онҳоеро, ки наҷот меёфтанд, ба гурӯҳи онҳо илова мекард.

Zur Zeit ausgewählt:

Корнома* 2: KMO

Markierung

Teilen

Kopieren

None

Möchtest du deine gespeicherten Markierungen auf allen deinen Geräten sehen? Erstelle ein kostenloses Konto oder melde dich an.