Корнома* 20

20
Сафари Павлус ба шаҳри Уршалим
1Вақте ки шӯру ғавғо тамом шуд, Павлус шогирдонро ҷамъ намуда, онҳоро рӯҳбаланд кард. Сипас, хайрухуш карда, ба вилояти Мақдуния равона шуд. 2Баъди он ки дар он ноҳияҳо гашта, имондоронро хеле дилбардорӣ кард, ба Юнон рафт 3ва се моҳ дар он ҷо монд. Сипас, ӯ хост ба вилояти Сурия шино кунад. Аммо аз қасди бади яҳудиён огоҳ шуда, қарор дод, ки бо роҳи вилояти Мақдуния бармегардад. 4Ҳамсафарони Павлус инҳо буданд: Супотруси писари Пиррус аз шаҳри Бирия, Аристархус ва Секундус аз шаҳри Тасолуникӣ, Ғоюс аз шаҳри Дарба, Тимотиюс ва ҳамчунин Тихикос ва Труфимус зодагони вилояти Осиё. 5Онҳо аз мо пештар рафта, моро дар шаҳри Трӯос интизор шуданд. 6Мо бошем, пас аз иди Фатир дар шаҳри Филиппӣ ба киштӣ савор шуда, баъд аз панҷ рӯз ба шаҳри Трӯос ба назди онҳо расидем ва дар он ҷо ҳафт рӯз мондем.
Зинда шудани Эфтихус
7Рӯзи якшанбе мо барои таоми шоми Худованд ҷамъ омадем. Азбаски Павлус фардо рафтанӣ буд, бо шогирдон суҳбати дурудароз орост ва суханаш то нисфи шаб давом ёфт. 8Дар болохонае, ки ҷамъ шуда будем, чароғҳои бисёр месӯхтанд. 9Эфтихус ном ҷавоне дар даҳани тиреза менишаст. Чун сухани Павлус тӯл кашид, Эфтихусро сахт хоб бурд ва ӯ аз ошёнаи сеюм ба замин афтод. Вақте ки Эфтихусро бардоштанд, аллакай мурда буд. 10Павлус пойин фаромада, худро ба болои ӯ партофт ва ӯро ба оғӯш гирифта, гуфт: «Хавотир нашавед, ӯ зинда аст».
11Сипас, Павлус боз ба боло баромада нон шикаста хӯрд ва то бомдод бо онҳо суҳбат карда, баъд равона шуд. 12Ҷавонро бошад, зинда ба хона бурданд ва хеле тасаллӣ ёфтанд.
Сафар ба шаҳри Милитус
13Павлус қарор дод, ки ба шаҳри Асус пиёда равад. Мо бошем ба киштӣ савор шуда, пеш аз ӯ ба шаҳри Асус расидем. 14Дар он ҷо Павлусро бо худ гирифта, сӯйи шаҳри Митилинӣ шино кардем. 15Аз он ҷо шино карда, рӯзи дигар ба ҷазираи Хиюс расидем. Пас аз рӯзи дигар ба ҷазираи Сомус расидем ва фардои он ба шаҳри Милитус омадем. 16Павлус ният дошт, ки ба шаҳри Эфесус надаромада гузарад, то ки дар вилояти Осиё вақти зиёд сарф нашавад. Ӯ шитоб мекард, зеро мехост, ки агар имкон шавад, ба шаҳри Уршалим то рӯзи иди Ҳосилот расида ояд.
Хайрухуши Павлус бо роҳбарони ҷамоати шаҳри Эфесус
17Дар шаҳри Милитус Павлус ба шаҳри Эфесус одам фиристода, роҳбарони ҷамоатро ба пеши худ даъват кард. 18Вақте ки омаданд, ба онҳо гуфт: «Шумо медонед, ки аз рӯзи ба вилояти Осиё қадам монданам ва тамоми он вақт, ки бо шумо будам, чӣ гуна рафтор мекардам. 19Чӣ тавр бо оби дида ва фурӯтанӣ бадиҳои яҳудиёнро паси сар карда, дар хизмати Худованд будам. 20Вақте ки дар пеши мардум ё хона ба хона гашта шуморо таълим медодам, ягон чизи ба шумо фоидабахшро ногуфта намемондам. 21Ҳам ба яҳудиёну ҳам ба ғайрияҳудиён эълон мекардам, ки тавба намуда, ба Худо рӯй оранд ва ба Худованди мо Исои Масеҳ имон дошта бошанд. 22Ҳоло бошад, бо роҳбарии Рӯҳ ба Уршалим меравам, лекин намедонам, ки дар он ҷо чӣ ба сарам меояд. 23Танҳо ҳаминашро медонам, ки Рӯҳулқудс дар ҳамаи шаҳрҳо ба ман мегӯяд, ки маро зиндон ва ранҷу азоб интизор аст. 24Ман ҷони худро азиз намедорам, танҳо мехоҳам, ки то ба охири роҳам расам ва хизматеро, ки Худованд Исо ба ман супурдааст, ба анҷом расонам, яъне хушхабари файзу меҳрубонии Худоро расонам».
25Ҳоло аниқ медонам, минбаъд ҳеҷ яки шумо, ки дар байнатон гашта, Подшоҳии Худоро эълон мекардам, рӯйи маро нахоҳад дид. 26Бино бар ин, имрӯз ба шумо мегӯям, ки хуни ягон касе аз шумо бар гардани ман нест, 27зеро фурсатеро аз даст надода, тамоми паёми Худоро ба шумо эълон намудам. 28Инак, ба тамоми рамаи Худо, яъне ба ҷамоати имондорон ва ҳам ба худ аҳамият диҳед. Рӯҳулқудс шуморо нигаҳбон таъйин намудааст, то ҷамоати Худоро, ки бо баҳои хунаш аз они Худ кардааст, чӯпонӣ намоед. 29Медонам, ки баъди рафтанам дар байни шумо гургони хунхор медароянд, ки ба рамаи Худо раҳм намекунанд. 30Аз байни худи шумо низ одамоне пайдо мешаванд, ки суханони каҷ гуфта, шогирдонро аз паси худ мебаранд. 31Бино бар ин, ҳушёр бошед ва дар хотир доред, ки дар давоми се сол, шабу рӯз ман бо оби дида ҳар яки шуморо огоҳ мекардам.
32Акнун шуморо ба Худо ва ба каломи файзбахши Ӯ месупорам. Ин калом қудрат дорад, ки шуморо устувор намуда, дар қатори халқи покшудаи Худо меросхӯр гардонад. 33Ман аз касе нуқраву тилло ё либос нахостаам. 34Шумо медонед, ки барои муҳтоҷиҳои худаму ҳамроҳонам бо дастонам кор кардам. 35Ба шумо ибрат нишон додам, ки мо бояд меҳнат карда ба нотавонон ёрӣ диҳем ва суханони Худованд Исоро фаромӯш накунем, ки чунин гуфтааст: «Додан беҳ аз гирифтан аст».
36Инро гуфта, Павлус зону зад ва бо ҳама дуо кард. 37Мардум хеле гиря карданд ва ӯро ба оғӯш гирифта бӯсиданд. 38Хусусан, аз сухани ӯ, ки дигар ӯро нахоҳанд дид, сахт ғамгин шуданд. Сипас, Павлусро то киштӣ гусел карданд.

Zur Zeit ausgewählt:

Корнома* 20: KMO

Markierung

Teilen

Kopieren

None

Möchtest du deine gespeicherten Markierungen auf allen deinen Geräten sehen? Erstelle ein kostenloses Konto oder melde dich an.