Корнома* 19

19
Шогирдони Яҳёи Таъмиддиҳанда
1Вақте Апуллус дар шаҳри Қуринтус буд, Павлус ба ноҳияҳои болоӣ сафар намуда, ба шаҳри Эфесус омад. Дар он ҷо якчанд шогирдро дида, 2аз онҳо пурсид: «Оё вақте имон овардед, аз Рӯҳулқудс пур шудед?»
Дар ҷавоб гуфтанд: «Не, мо ҳатто нашунида будем, ки Рӯҳулқудс ҳаст».
3Павлус гуфт: «Пас, шумо кадом таъмидро гирифтед?»
Гуфтанд: «Мо таъмиди Яҳёро ба ҷо овардем».
4Павлус гуфт: «Таъмиди Яҳё таъмиди тавба буд. Яҳё ба одамон мегуфт, ки ба Ҳамоне, ки пас аз ман меояд, яъне ба Исои Масеҳ бовар кунед».
5Инро шунида, онҳо ба номи Худованд Исо таъмид гирифтанд. 6Вақте Павлус дастонашро бар онҳо гузошт, шогирдон аз Рӯҳулқудс пур шуданд ва бо забонҳои дигар гап зада, ба эълони паёми Худо сар карданд. 7Онҳо ҳамагӣ тақрибан дувоздаҳ кас буданд.
8Ҳамин тавр, Павлус дар давоми се моҳ ба ҷамоатхона рафта, далерона дар бораи Подшоҳии Худо нақл мекард ва исботу далел меовард, то ки мардум бовар кунад. 9Лекин вақте ки баъзе касон саркашӣ намуда, имон намеоварданд ва назди ҳама дар бораи Роҳи Худованд бадгӯйӣ мекарданд, Павлус шогирдонро бо худ гирифта, онҳоро тарк кард. Акнун вай ҳар рӯз дар омӯзишгоҳи Тиронус суҳбат меорост. 10Ин кор ду сол давом ёфт ва ҳамаи мардуме, ки дар вилояти Осиё зиндагӣ мекарданд, ҳам яҳудиёну ҳам юнониён каломи Худовандро шуниданд.
11Ҳамчунин Худо ба воситаи Павлус муъҷизаҳои аҷоиб мекард. 12Ҳатто вақте рӯмолча ё пешбандеро, ки ба пӯсти Павлус расидааст, гирифта ба беморон мерасонданд, онҳо шифо меёфтанд ва рӯҳҳои нопок аз одамон берун мешуданд. 13Баъзе ҷинбаророни дарбадари яҳудӣ низ номи Худованд Исоро бар гирифторони рӯҳҳои нопок хонданӣ шуда, ба ҷинҳо мегуфтанд: «Ба номи Исое, ки Павлус эълон мекунад, амр медиҳам: аз вай баро!»
14Ин корро ҳафт писари Искиво ном яке аз коҳинони калони яҳудӣ мекардаанд. 15Аммо рӯзе рӯҳи нопок ба онҳо чунин ҷавоб дод: «Исоро медонам. Павлусро ҳам мешиносам, лекин шумо кистед?»
16Инро гуфта, шахси гирифтори рӯҳи нопок ба онҳо дарафтода, чунон зад, ки онҳо лучу хунолуд аз хона баромада гурехтанд. 17Вақте ки ин ҳодиса ба гӯши сокинони шаҳри Эфесус, ҳам яҳудиёну ҳам юнониҳо расид, онҳоро тарсу ваҳм фаро гирифт ва номи Худованд Исо дар байни онҳо иззату эҳтиром пайдо кард. 18Шахсони зиёде, ки имон оварда буданд, пеши мардум омада, ба кирдори бади худ иқрор мешуданд ва онро ошкор мекарданд. 19Шумораи зиёди одамоне, ки ҷодугарӣ мекарданд, китобҳои худро оварда, дар пеши ҳама оташ мезаданд. Вақте ки арзиши он китобҳоро ҳисоб карданд, панҷоҳ ҳазор тангаи нуқра баромад. 20Ҳамин тавр, каломи Худованд паҳн мешуд ва таъсири он бештар мегардид.
Ошӯб дар шаҳри Эфесус
21Баъди ин ҳодисаҳо Павлус бо ҳидояти Рӯҳулқудс қарор дод, ки аз вилоятҳои Мақдуния ва Охоия гузашта, ба шаҳри Уршалим сафар кунад. Ӯ чунин гуфт: «Баъди Уршалим ба ман лозим аст, ки шаҳри Румро низ хабар гирам».
22Ҳамин тавр ӯ ду ёвараш – Тимотиюс ва Арастусро ба вилояти Мақдуния равона карда, худаш муддате дар вилояти Осиё монд.
23Он рӯзҳо ба хотири Роҳи Худованд ошӯби сахте ба миён омад. 24Димитриюс ном нуқрагаре буд, ки расмҳои нуқрагини парастишгоҳи бути Юнон – Артамисро сохта, бо ин роҳ ба ҳунармандон даромади хуб меовард. 25Димитриюс онҳоро ҳамроҳи ҳунармандони дигар ҷамъ оварда, чунин гуфт: «Мардум, шумо медонед, ки даромади мо аз пушти ҳамин ҳунар аст. 26Аммо худатон дидаву дониста истодаед, ки ҳамин Павлус на танҳо дар шаҳри Эфесус, балки қариб дар тамоми вилояти Осиё „худоёни дастсоз худоёни ҳақиқӣ нестанд“ гуфта, мардуми зиёдеро ба тарафи худ мекашаду аз роҳ мезанад. 27Ин хатар на танҳо касби моро, балки парастишгоҳи худои бузург – Артамисро низ паст мезанаду ночиз месозад. Павлус обрӯйи бузурги Артамисро, ки мардуми ҳамаи вилояти Осиё ва тамоми дунё ӯро парастиш мекунанд, мерезад».
28Ин суханро шунида, ҳунармандон ба ғазаб омаданд ва фарёд заданд: «Бузург аст Артамиси эфесусиён!»
29Шаҳрро ошӯб фаро гирифт. Мардум ҳама якҷоя ҳамсафарони Павлус – Ғоюсу Аристархусро, ки мақдунӣ буданд, дастгир намуда, бо худ ба намоишгоҳ кашола карда бурданд. 30Павлус хост ба назди мардум рафта, сухан гӯяд, аммо шогирдон ӯро боздоштанд. 31Ҳамчунин баъзе аз сардорони вилояти Осиё, ки дӯстони ӯ буданд, одам фиристода, аз вай хоҳиш намуданд, ки ба намоишгоҳ надарояд.
32Ҷамъомад бетартиб буд. Баъзе як чиз гуфта дод мезаданду баъзе дигар чиз. Бисёриҳо намефаҳмиданд, ки барои чӣ ҷамъ шудаанд. 33Яҳудиён аз байни тӯда Искандар ном мардеро тела дода, пеши мардум бароварданд, то ки ҳолатро ба одамон фаҳмонда диҳад. Искандар бо дасташ ба онҳо ишораи хомӯшӣ намуда, барои ҳимоя даҳон кушодан хост. 34Аммо мардум чун фаҳмиданд, ки вай яҳудист, ҳама бо як овоз «Бузург аст, Артамиси эфесусиён!» гӯён фарёд задан гирифтанд ва ин наздики ду соат давом ёфт. 35Сипас, амалдори шаҳр мардумро ором намуда, гуфт: «Мардуми Эфесус! Дар ин ҷо кӣ намедонад, ки шаҳри Эфесус нигаҳбони парастишгоҳи Артамиси бузург ва сурати аз осмон афтодаи вай мебошад? 36Ин чиз ҷойи баҳс надорад, бинобар ин шумо бояд ором шавед, то ки рафтори беақлонае накунед. 37Шумо ин одамонро ба ин ҷо овардед, лекин онҳо на парастишгоҳро ғорат намудаанду на худои моро дашном додаанд. 38Пас, агар Димитриюс ва ҳамкоронаш нисбат ба касе даъво дошта бошанд, дари додгоҳ кушода ва доварон омода ҳастанд. Бигзор рафта дар он ҷо якдигарро айбдор кунанд. 39Агар боз ягон масъалаи дигаре дошта бошед, онро дар ҷамъомади қонунӣ бояд ҳал кард. 40Зеро хатари он ҳаст, ки барои ошӯби имрӯза, ки бесабаб аст ва мо онро ҳеҷ гуна асоснок карда наметавонем, ба ҷавобгарӣ кашида шавем». Бо чунин суханон ӯ мардумро ҷавоб дода пароканда кард.

Zur Zeit ausgewählt:

Корнома* 19: KMO

Markierung

Teilen

Kopieren

None

Möchtest du deine gespeicherten Markierungen auf allen deinen Geräten sehen? Erstelle ein kostenloses Konto oder melde dich an.