Корнома* 18

18
Хизмати Павлус дар шаҳри Қуринтус
1Сипас, Павлус шаҳри Атиноро тарк карда, ба шаҳри Қуринтус рафт. 2Дар он ҷо ӯ бо Акило ном марди яҳудие шинос шуд, ки аз шаҳри Понтус буд. Ин мард ба наздикӣ ҳамроҳи занаш Прискила аз Италия омада буд, чунки шоҳаншоҳ Клавдиюс фармон бароварда буд, ки ҳамаи яҳудиён аз шаҳри Рум баромада раванд. Павлус ба дидори онҳо рафт. 3Азбаски онҳо ҳамкасби Павлус буданд, бо онҳо монда, ба кор машғул шуд. Касби онҳо хаймадӯзӣ буд.
4Ҳамчунин ҳар рӯзи шанбе ӯ дар ҷамоатхона исботу далел меовард, то ки яҳудиёну юнониён имон оваранд. 5Вақте ки Силову Тимотиюс аз вилояти Мақдуния ба Қуринтус омаданд, Павлус тамоми вақти худро ба эълон кардани калом бахшид. Ӯ ба яҳудиён шаҳодат медод, ки Исо ҳамон Таъйиншудаи Худост. 6Аммо онҳо ӯро ҳақорат карда, зиддият нишон доданд. Сипас, Павлус чанги либосашро афшонда, ба онҳо гуфт: «Ман ба шумо гуфтам, акнун хунатон ба гардани худатон! Ман дигар ҷавобгарӣ надорам, минбаъд ба назди ғайрияҳудиён меравам».
7Ҳамин тавр, Павлус аз пеши онҳо баромада, ба хонаи марди ғайрияҳудии худотарсе рафт. Ин мард Титус Юстус ном дошт ва манзилаш дар паҳлуи ҷамоатхона буд. 8Сардори ҷамоатхона Криспус бо тамоми хонаводааш ба Худованд имон овард. Инро шунида, қуринтиёни зиёд низ имон оварданд ва таъмид гирифтанд. 9Шабе Худованд ба Павлус аён шуда гуфт: «Натарс, сухан гуфтанро давом деҳ. Хомӯш набош, 10чунки Ман бо ту ҳастам ва касе ба ту зарар намерасонад. Зеро дар ин шаҳр бисёр одамон пайрави Ман ҳастанд».
11Ҳамин тавр, Павлус якуним сол дар он ҷо монда, ба онҳо каломи Худоро таълим дод. 12Аммо вақте ки Ғолиюн ҳокими вилояти Охоия буд, яҳудиён забон як карда, Павлусро дастгир намуданд ва ба додгоҳ оварда, 13гуфтанд: «Ин одам мардумро фирефта мекунад, ки Худоро тавре парастиш намоянд, ки бар зидди қонун аст».
14Павлус ҳанӯз даҳон накушода, ҳоким Ғолиюн ба яҳудиён гуфт: «Яҳудиён! Агар ягон ҷиноят ё кирдори баде ҷой медошт, шикояти шуморо қабул мекардам. 15Алҳол мебинам, ки баҳс дар бораи калимаву номҳо ва шариати шумо аст, пас худатон онро ҳал кунед. Ман ин чизҳоро ҳал кардан намехоҳам».
16Инро гуфта, онҳоро аз додгоҳ пеш кард. 17Дар ҳавлии додгоҳ мардум ба Сӯстиниси сардори ҷамоатхона дарафтода, ӯро калтак заданд. Аммо Ғолиюни ҳоким ба ин ҳеҷ аҳамият надод.
Бозгашти Павлус ба Антокияи Сурия
18Баъд аз ин Павлус муддате дар шаҳри Қуринтус монд. Сипас, бо имондорон хайрухуш намуда, ҳамроҳи Прискила ва Акило ба вилояти Сурия шино кард. Дар бандари Канхария ӯ мӯйи сарашро тарошид, чунки мувофиқи расми яҳудиён чунин қасам хӯрда буд. 19Ҳангоме ки ба Эфесус расиданд, Павлус Прискила ва Акилоро тарк намуда, худ ба ҷамоатхона даромад. Павлус бо яҳудиён суҳбат орост 20ва онҳо аз ӯ хоҳиш намуданд, ки муддате бо онҳо бимонад, лекин вай розӣ нашуд. 21Аммо ҳангоми хайрухуш карданаш гуфт, ки «Худо хоҳад боз ба наздатон меоям».
Сипас, дар шаҳри Эфесус ба киштӣ нишаста, сафарашро давом дод. 22Дар шаҳри Қайсария ӯ аз киштӣ фаромада, ба шаҳри Уршалим рафт. Дар он ҷо ба аҳли ҷамоат салом расонда, ба шаҳри Антокия равона шуд. 23Дар Антокия муддате истода, боз ба роҳ даромаду дар ноҳияҳои Ғалотия ва Фриҷия гашта, имони ҳамаи имондоронро устувор намуд.
24Он замон ба шаҳри Эфесус Апуллус ном марди яҳудие омад, ки зодаи Искандария буд. Ӯ шахси сухандон ва донишманди навиштаҷот буд. 25Апуллус дар Роҳи Худованд таълим ёфта буд ва бо ҷӯшу хурӯш сухан гуфта, дар бораи Исо дуруст таълим медод. Аммо ӯ танҳо аз таъмиди Яҳё хабардор буд. 26Ӯ дар ҷамоатхона далерона сухан гуфтанро сар карда буд. Вақте ки Прискила ва Акило суханашро шуниданд, ӯро ба каноре бурданд ва Роҳи Худоро ба ӯ хубтар фаҳмонда доданд. 27Вақте Апуллус хост, ки ба вилояти Охоия равад, имондорон ӯро рӯҳбаланд намуда, бо вай ба шогирдон номае фиристоданд, то ки ӯро қабул кунанд. Чун ба он ҷо расид, ба онҳое ки бо файзу меҳрубонии Худо имон оварда буданд, кӯмаки зиёд кард. 28Зеро ӯ дар пеши ҳама суханони яҳудиёнро рад намуда, аз навиштаҷот далел меовард, ки Исо Таъйиншудаи Худост.

Zur Zeit ausgewählt:

Корнома* 18: KMO

Markierung

Teilen

Kopieren

None

Möchtest du deine gespeicherten Markierungen auf allen deinen Geräten sehen? Erstelle ein kostenloses Konto oder melde dich an.