Корнома* 16

16
Ба Павлусу Сило ҳамроҳ шудани Тимотиюс
1Павлус ба шаҳри Дарба расид ва аз он ҷо ба шаҳри Лустра рафт. Дар он ҷо Тимотиюс ном шогирди Исо зиндагӣ мекард. Модараш яҳудии имондор, аммо падараш юнонӣ буд. 2Имондорони лустрагӣ ва қуниягӣ Тимотиюсро таъриф мекарданд. 3Павлус хост ӯро бо худ барад. Аз ин рӯ ӯро хатна намуд, чунки ҳамаи яҳудиёни он ноҳия медонистанд, ки падари Тимотиюс юнонӣ буд. 4Онҳо аз шаҳр ба шаҳр гашта, талаб менамуданд, ки фармони дар Уршалим баровардашудаи фиристодагону роҳбарони ҷамоатро иҷро намоянд. 5Ҳамин тавр ҷамоатҳо дар имон устувор гардида, рӯз ба рӯз зиёд мешуданд.
Фарёди ёрӣ аз Мақдуния
6Павлус ва ҳамроҳонаш замини байни ноҳияҳои Фриҷия ва Ғалотияро тай намуда гузаштанд, чунки Рӯҳулқудс нагузошт, ки хушхабарро дар вилояти Осиё паҳн кунанд. 7Вақте ба ноҳияи Мисия расиданд, кӯшиш намуданд, ки ба вилояти Битуния равона шаванд, лекин Рӯҳи Исо ба онҳо иҷозат надод. 8Аз ин сабаб онҳо Мисияро гузашта, ба шаҳри Трӯос рафтанд. 9Шабона дар назари Павлус аён шуд, ки марди мақдуние истода, аз ӯ чунин хоҳиш мекунад: «Ба вилояти Мақдуния омада, ба мо ёрӣ деҳ».
10Пас аз аён шудани ин мард, мо дарҳол омода шудем, ки ба Мақдуния равем. Зеро фаҳмидем, ки Худо моро даъват кардааст, ки ба онҳо хушхабарро расонем.
11Дар шаҳри Трӯос мо ба киштӣ савор шуда, рост ба ҷазираи Сомӯтрокӣ шино кардем ва рӯзи дигар ба бандари Ниёпулис расидем. 12Сипас, аз он ҷо ба шаҳри Филиппӣ рафтем, ки шаҳри асосии вилояти Мақдуния ва зери итоати Рум буд. Дар он шаҳр мо якчанд рӯз истодем. 13Рӯзи шанбе, яъне рӯзи истироҳат мо аз дарвозаи шаҳр баромада, ба лаби дарё рафтем. Гумон кардем, ки он ҷойи дуогӯйӣ буд. Чун расидем, нишаста, бо заноне, ки ҷамъ омада буданд, суҳбат кардем. 14Яке аз онҳо савдогари матои бунафшранги қиматбаҳо аз шаҳри Тиётиро буд. Ӯ зани худотарс буда, Лидия ном дошт. Ӯ ба суханони мо гӯш мекард ва Худованд дили вайро барои қабул кардани суханони Павлус кушод. 15Баъд аз он ки вай бо аҳли хонаводааш таъмид гирифт, аз мо хоҳиш кард: «Агар маро дар ҳақиқат пайрави Худованд шуморед, омада, дар хонаи ман меҳмон шавед».
Ӯ бисёр илтимос кард ва мо розӣ шудем.
Дастгир шудани Павлус ва Сило
16Рӯзе, вақте ки ба ҷойи дуогӯйӣ мерафтем, канизе ба мо вохӯрд, ки рӯҳи фолбинӣ дошт ва аз фолбинӣ ба соҳибонаш даромади калон меовард. 17Вай аз паси мову Павлус гашта, фарёдкунон мегуфт: «Ин одамон хизматгорони Худои Таоло ҳастанд. Онҳо ба шумо роҳи наҷотро эълон мекунанд».
18Вай якчанд рӯз ҳамин тавр мекард. Дар охир ин кор ба ҷони Павлус зад ва ӯ гашта ба рӯҳи фол гуфт: «Ба номи Исои Масеҳ ба ту фармон медиҳам, аз вай баро!»
Рӯҳи фол дарҳол аз вай берун шуд. 19Аммо чун соҳибони каниз диданд, ки умеди даромадашон барбод рафт, Павлусу Силоро дастгир намуда, ба майдони шаҳр, назди қудратмандон кашолакунон бурданд. 20Онҳоро ба назди сардорони шаҳр оварда, гуфтанд: «Ин одамони яҳудӣ сабабгори нооромии шаҳрамон шудаанд. 21Онҳо расму ойинеро таълим медиҳанд, ки ба мо – румиён, манъ ва қабулнопазир аст».
22Тӯдаи одамон ба онҳо ҳамроҳ шуда, ба Павлусу Сило зид баромаданд. Сардорон фармон доданд, ки либоси Павлусу Силоро кашида, онҳоро калтаккорӣ кунанд. 23Ҳамин тавр онҳоро хуб кӯфта, ба зиндон партофтанду ба зиндонбон фармуданд, ки онҳоро бодиққат посбонӣ кунад. 24Зиндонбон чунин фармонро шунида, онҳоро ба зиндони дарунӣ андохт ва пойҳояшонро бо кунда ва занҷир баст.
25Тахминан нисфи шаб Павлусу Сило дуо мекарданд ва суруд хонда Худоро ситоиш менамуданд. Бандиёни дигар онҳоро гӯш мекарданд. 26Баногоҳ заминҷунбии сахте шуд, ки таҳкурсии зиндонро ба ларза овард. Ҳамон лаҳза ҳамаи дарҳои зиндон кушода ва занҷирҳои ҳама бандиён канда шуданд. 27Зиндонбон бедор шуда, чун дарҳоро кушода дид, шамшерашро кашида худро куштанӣ шуд, зеро ба гумонаш бандиён гурехта буданд. 28Аммо Павлус бо овози баланд гуфт: «Ба худ зарар нарасон, ҳамаи мо ин ҷо ҳастем!»
29Зиндонбон чароғ талаб карда, давон ба зиндон даромад ва ларзон пеши пойҳои Павлусу Сило афтод. 30Сипас, онҳоро берун бароварда пурсид: «Эй хоҷаён, барои наҷот ёфтан чӣ бояд кунам?»
31Онҳо ҷавоб доданд: «Ба Худованд Исо имон овар. Он гоҳ бо тамоми хонаводаат наҷот меёбӣ».
32Ҳамин тавр онҳо ба ӯ ва аҳли хонааш каломи Худовандро гуфта доданд. 33Худи ҳамон соати шаб зиндонбон захмҳои онҳоро шуст ва дарҳол бо тамоми хонаводааш таъмид гирифт. 34Сипас, Павлусу Силоро ба хонааш бурда, меҳмон кард. Зиндонбон ва аҳли хонаводааш бисёр хурсанд буданд, ки ба Худо имон оварданд.
35Саҳарӣ сардорони шаҳр ба назди зиндонбон якчанд сарбоз фиристода, фармон доданд, ки он одамонро озод кунад. 36Зиндонбон суханони онҳоро ба Павлус расонд: «Сардорон фармон додаанд, ки шуморо озод кунам. Ҳоло метавонед бо сулҳ баромада равед!»
37Аммо Павлус ба сарбозон гуфт: «Онҳо моро, ки шаҳрвандони Рум ҳастем, бе ягон доварӣ дар пеши мардум калтаккорӣ карда, ба зиндон партофтанд. Ҳоло бошад мехоҳанд, ки моро пинҳонӣ сар диҳанд? Ин хел намешавад, бигзор худашон омада, моро озод кунанд!»
38Сарбозон ин суханонро ба сардорон расонданд. Сардорон шаҳрвандони Рум будани Павлусу Силоро фаҳмида, ба тарс афтоданд. 39Онҳо худашон рафта, аз фиристодагон узр пурсиданд ва онҳоро аз зиндон бароварда, хоҳиш намуданд, ки шаҳрро тарк намоянд. 40Аз зиндон баромада, Павлус ва Сило ба хонаи Лидия рафтанд. Дар он ҷо бо имондорон вохӯрданд ва онҳоро рӯҳбаланд намуда, шаҳрро тарк карданд.

Zur Zeit ausgewählt:

Корнома* 16: KMO

Markierung

Teilen

Kopieren

None

Möchtest du deine gespeicherten Markierungen auf allen deinen Geräten sehen? Erstelle ein kostenloses Konto oder melde dich an.