Корнома* 15

15
Масъалаи хатна шудани ғайрияҳудиён
1Сипас, баъзе касон аз сарзамини Яҳудия ба Антокия омада, имондоронро чунин таълим доданд: «Агар мувофиқи расму ойини Мусо хатна нашавед, наҷот намеёбед».
2Ин сабаб шуд, ки дар байни онҳо ва Павлусу Барнаббо баҳсу мунозираи зиёд ба миён омад. Оқибат ба Павлусу Барнаббо ва якчанд имондорони дигар супориш доданд, ки барои ҳалли ин масъала назди фиристодагону роҳбарони ҷамоат ба Уршалим раванд. 3Ҳамин тавр онҳо аз ҷониби ҷамоат фиристода шуда, ба роҳ даромаданд. Ҳангоми аз Финиқия ва Сомара гузаштанашон онҳо дар бораи имон овардани ғайрияҳудиён ба имондорон нақл карданд. Ин хабар ба дили ҳамаи онҳо хурсандии бузург бахшид.
4Вақте ки Павлусу Барнаббо бо ҳамроҳонашон ба Уршалим расиданд, ҷамоати имондорон ва фиристодагону роҳбарон онҳоро қабул карданд. Онҳо дар бораи ҳамаи корҳое, ки Худо ба воситаашон карда буд, нақл намуданд. 5Аммо якчанд намояндагони равияи фарисӣ, ки имон оварда буданд, бархоста, чунин гуфтанд:
«Ғайрияҳудиёнро лозим аст, ки хатна шаванд ва ба онҳо амр карда шавад, ки шариати Мусоро риоя намоянд».
6Сипас, барои ҳалли ин масъала фиристодагон ва роҳбарон ҷамъ омаданд. 7Баъди муҳокимаҳои дурудароз Петрус аз ҷо бархеста, гуфт: «Бародарон! Чунон ки медонед, чанде пеш Худо аз байни шумо маро интихоб намуд, то ки аз даҳони ман ғайрияҳудиён низ хушхабарро шунида, имон оваранд. 8Худо дили одамонро медонад. Ӯ ба ғайрияҳудиён ҳам Рӯҳулқудсро ато намуд, мисли он ки ба мо дода буд. Ҳамин тавр, Худо шаҳодат медиҳад, ки онҳоро низ қабул мекунад. 9Азбаски Худо дили ғайрияҳудиёнро ҳам ба воситаи имон пок кардааст, дар байни мову онҳо фарқе намегузорад. 10Пас, чаро шумо Худоро озмуда, ба гардани имондорон кореро бор мекунед, ки онро на падаркалонҳоямон иҷро карда тавонистанду на мо? 11Охир, мо бовар дорем, ки аз файзу меҳрубонии Худованд Исо наҷот меёбем. Онҳо низ ҳамин тавр наҷот ёфтаанд».
12Инро шунида, ҳама хомӯш шуданд ва ба нақли Барнаббову Павлус гӯш доданд. Онҳо ба ҳозирон дар бораи муъҷизаву аломатҳое, ки Худо ба воситаи онҳо дар байни ғайрияҳудиён кард, ҳикоят намуданд. 13Чун суханашон ба охир расид, Яъқуб гуфт: «Бародарон, ба ман гӯш кунед! 14Шимъун фаҳмонд, ки чӣ тавр Худо аввал ба ғайрияҳудиён ғамхорӣ намуда, аз байни онҳо барои Худ халқе ба вуҷуд овард. 15Суханони пайғамбарон ҳам ба ин мувофиқанд, зеро дар навиштаҷот чунин гуфта шудааст:
16„Баъд аз ин Ман баргашта подшоҳии харобшудаи шоҳ Довудро барқарор месозам.
Вайронаҳои онро соз мекунам
ва аз нав бунёд менамоям,
17то ки ҳама халқҳои дигар, яъне ҳамаи ғайрияҳудиён,
ки аз они Мананд,
Маро биҷӯянд, – мегӯяд Худованд“»#15:17 Омӯс 9:11-12.
18Яъқуб суханашро давом дод: «Худо ин чизҳоро аз рӯзҳои қадим маълум кардааст. 19Бино бар ин, қарор мекунам, ки роҳи ба Худо рӯй овардани ғайрияҳудиёнро душвор накунем. 20Танҳо ба онҳо нависем, ки аз хӯрдани гӯшти ҳайвони буғишуда, хӯроке, ки ба бутҳо тақдим шудааст, хун ва аз гуноҳи ҷинсӣ худдорӣ намоянд. 21Зеро шариати Мусоро аз рӯзҳои қадим дар ҳар шаҳр таълим медиҳанд ва ҳар рӯзи шанбе дар ҷамоатхонаҳо мехонанд».
22Сипас, фиристодагону роҳбарон бо тамоми аҳли ҷамоат қарор карданд, ки аз байни худ якчанд касро интихоб намуда, ҳамроҳи Павлусу Барнаббо ба шаҳри Антокия фиристонанд. Ҳамин тавр онҳо ду марди иззатмандро интихоб карданд: Яҳудои лақабаш Барсаббо ва Силоро. 23Сипас, номаи зеринро навишта, ба дасти онҳо супурданд:
«Салом аз номи бародарон – ҳам фиристодагон ва ҳам роҳбарон ба имондорони ғайрияҳудӣ, ки дар шаҳри Антокия ва вилоятҳои Сурияву Киликия ҳастанд. 24Мо шунидем, ки аз байнамон баъзе касон рафта, сари шуморо бо суханонашон гаранг кардаанду дилатонро нороҳат сохтаанд. Аммо мо онҳоро нафиристодаем. 25Бино бар ин, мо ҳама ба як қарор омадем, ки аз байни худ якчанд касро интихоб намуда, ҳамроҳи бародарони азизамон Барнаббо ва Павлус ба наздатон фиристем. 26Онҳо ба хотири номи Худовандамон Исои Масеҳ, аз баҳри зиндагии худ гузаштаанд. 27Инак, мо Яҳудо ва Силоро ба наздатон мефиристем, то ки навиштаи моро бо сухан тасдиқ намоянд. 28Ба Рӯҳулқудс ва ҳамчунин ба мо писанд омад, ки ба ғайр аз ин чизҳои зарурӣ ба гардани шумо бори дигаре нагузорем: 29аз хӯрдани гӯшти ҳайвони буғишуда, хӯроке, ки ба бутҳо тақдим шудааст, хун ва гуноҳи ҷинсӣ дур шавед. Агар худро аз ҳамин чизҳо нигоҳ доред, кори хуб мекунед. Хайр, нағз монед!»
30Фиристодагон пас аз гусел шуданашон, ба шаҳри Антокия рафтанд. Дар он ҷо ҳамаи имондоронро ҷамъ намуда, номаро ба онҳо супурданд. 31Мардум номаро хонда, аз суханони рӯҳбахш хурсанд шуданд. 32Яҳудо ва Сило, ки худашон ҳам пайғамбар буданд, бо суханони худ, имондоронро хеле рӯҳбаланд ва устувор намуданд. 33-34 Пас аз он ки муддате дар он ҷо буданд, имондорон онҳоро бо хушӣ ба назди фиристодагонашон гусел карданд. 35Аммо Павлусу Барнаббо дар шаҳри Антокия монданд. Онҳо ҳамроҳи нафарони зиёд ба мардум каломи Худовандро таълим медоданду нақл мекарданд.
Норозигӣ дар байни Павлус ва Барнаббо
36Пас аз чанд рӯз Павлус ба Барнаббо гуфт: «Биё, баргашта, ба шаҳрҳое равем, ки дар он ҷо каломи Худовандро эълон карда будем ва имондоронро хабар гирифта, бинем, ки чӣ ҳол доранд».
37Барнаббо хост, ки Юҳаннои лақабаш Марқӯсро бо худ баранд. 38Лекин Павлус розӣ нашуд, чунки Юҳанно дар вилояти Памфилия аз онҳо ҷудо шуда, дигар ҳамкорӣ накарда буд.
39Чунин норозигии сахт сабаб шуд, ки онҳо аз ҳамдигар ҷудо шаванд. Барнаббо бо худ Марқӯсро гирифта, дар киштӣ ба ҷазираи Қиприс рафт. 40Павлус бошад, Силоро бо худ гирифт ва чун имондорон ӯро ба файзу меҳрубонии Худованд супурданд, ба роҳ даромад. 41Ӯ аз вилоятҳои Сурия ва Киликия гузашта, ҷамоатҳоро устувор мекард.

Zur Zeit ausgewählt:

Корнома* 15: KMO

Markierung

Teilen

Kopieren

None

Möchtest du deine gespeicherten Markierungen auf allen deinen Geräten sehen? Erstelle ein kostenloses Konto oder melde dich an.