Инҷили Луқо 2
2
БОБИ ДУЮМ
Таваллуди Исо. Исми Ӯ.
1Дар он айём аз ҷониби қайсар Авғустус фармоне баромад, ки дар тамоми рӯи замин#2:1 Дар тамоми рӯи замин — яъне дар худуди империяи Рум. саршуморӣ гузаронанд.
2Дар замоне ки Кириниюс дар Сурия хукмронӣ мекард, ин саршуморӣ аввалин буд.
3Ва ҳама барои нависондани худ, ҳар яке ба шаҳри худ мерафтанд.
4Юсуф низ аз Ҷалил, аз шаҳри Носира, ба Яҳудо, ба шаҳри Довуд, ки Байт‐Лаҳм ном дорад, равона шуд, чунки ӯ аз хонадон ва авлоди Довуд буд,
5То худро бо Марьям, ки номзади ӯ ва ҳомиладор буд, нависонад.
6Ва ҳангоме ки онҳо дар он ҷо буданд, вақти зоидани вай расид;
7Ва Писари нахустини худро зоид, ва Ӯро парпеч кард, ва Ӯро дар охуре хобонид, чунки дар мусофирхона ҷое барои онҳо набуд.
Парастиши чӯпонон.
8Дар он сарзамин чӯпононе буданд, ки шабона дар ҳавои кушод рамаи худро посбонӣ мекарданд.
9Ва фариштаи Худованд бар онҳо зоҳир гардид, ва ҷалоли Худованд дар гирду пешашон дурахшид, ва онҳо бағоят ҳаросон шуданд.
10Фаришта ба онҳо гуфт: «Натарсед; зеро ки муждаи бузурге ба шумо мерасонам, ки он барои тамоми қавм ҳоҳад буд:
11Имрӯз барои шумо дар шаҳри Довуд Наҷотдиҳанда таваллуд шуд, ки Ӯ Масеҳи Худованд аст;
12Ва ин аст аломат барои шумо: Кӯдакро парпечшуда ва дар охуре хобида хоҳед ёфт».
13Ногаҳон бо фаришта фавҷе аз лашкари осмон пайдо шуданд, ки Худоро ҳамду сано хонда, мегуфтанд:
14«Худоро ҷалол дар арши аъло,
ва осоиштагӣ бар замин,
ва ҳусни таваҷҷӯҳ дар миёни мардум бод».
15Вақте ки фариштагон аз пеши онҳо ба осмон сууд карданд, чӯпонон ба якдигар гуфтанд: «Биёед, ба Байт‐Лаҳм биравем ва он чиро, ки дар он ҷо воқеъ шудааст, ва Худованд онро ба мо хабар додааст, бубинем».
16Ва бо шитоб омаданд, ва Марьям ва Юсуф ва Кӯдакро, ки дар охур хобида буд, ёфтанд.
17Ва чун диданд, он суханеро, ки ба онҳо дар бораи Ин Кӯдак гуфта шуда буд, нақл карданд.
18Ва ҳамаи онҳое ки шуниданд, аз он чи чӯпонон ба онҳо нақл карданд, мутааҷҷиб шуданд.
19Ва Марьям ҳамаи ин суханонро дар дили худ ҷо дода, нигоҳ медошт.
20Ва чӯпонон баргашта, Худоро ҳамду сано меҳонаданд ва ситоиш мекарданд барои ҳамаи он чизҳое ки шунида ва дида буданд, чунон ки ба онҳо гуфта шуда буд.
Қурбонӣ дар маъбад барои модар ва Кӯдак.
Хатнаи Исо.
21Вақте ки дар ҳаштрӯзагӣ Ӯро хатна карданд, ба Ӯ Исо ном доданд, чунон ки фаришта Ӯро, пеш аз он ки дар шикам пайдо шавад, номида буд.
22Ва ҳангоме ки айёми татҳири онҳо мувофиқи шариати Мусо фаро расид, Ӯро ба Ерусалим оварданд, то ки ба Худованд пешниҳод кунанд,
23Чунон ки дар шариати Худованд навишта шудааст: «Ҳар махлуқи наринае ки батни модарро мекушояд#2:23 махлуқи наринае ки батни модарро мекушояд — яъне писарбачаи нахустзода., муқаддаси Худованд хонда мешавад»;
24Ва мувофиқи он чи дар шариати Худованд гуфта шудааст, ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтар курбонӣ кунанд.
Парастиш ва нубуввати Шимъӯн.
25Ва инак, дар Ерусалим Шимъӯн ном марде буд, ки марди одил ва парҳезгор ва мунтазири тасаллои Исроил буд, ва Рӯҳулқудс бар ӯ буд.
26Ва аз Рӯҳулқудс ба ӯ маълум шуда буд, ки то Масеҳи Худовандро набинад, фавтро нахоҳад дид.
27Ва ӯ ба ҳидояти Рӯҳ ба маъбад омад. Ва ҳангоме ки Исои Кӯдакро падару модараш оварданд, то ки маросими шариатро бар Ӯ ба ҷо оваранд,
28Ӯро ба дасти худ гирифта, Худоро муборак хонд ва гуфт:
29«Акнун, Эй Парвардигор, бандаи Худро,
мувофиқи ваъдаи Худ, ба саломатӣ ҷавоб медиҳӣ;
30Зеро ки чашмони ман наҷоти Туро дид,
31Ки онро Ту пеши ҳамаи қавмҳо муҳайё сохтӣ:
32Нурест, ки чашми халқҳоро кушояд,
ва ҷалоли қавми Исроили Ту бошад».
33Ва Юсуф ва модари Ӯ аз он чи дар бораи Ӯ гуфта шуд, мутааҷҷиб гардиданд.
34Ва Шимъӯн онҳоро баракат дода, ба Марьям, модари Ӯ, гуфт: «Инак, Ӯ барои ғалтидан ва бархостани бисьёр касон дар Исроил ва барои аломати муноқишот таъин шудааст, —
35Дар ҷони Ту низ шамшере фурӯ хоҳад рафт, — то ки андешаҳои дилҳои бисьёр ошкор шавад».
Парастиши Ҳано.
36Дар он ҷо низ набияе, Ҳано духтари Фануил, аз сибти Ошер буд, ки хеле солхӯрда буд, ва аз давраи бакораташ ҳафт сол бо шавҳари худ зиндагӣ карда буд,
37Ва то ҳаштоду чорсолагӣ бева буд. Вай аз маъбад дур нашуда, бо рӯза ва дуо шабу рӯз ба Худо ибодат мекард.
38Вай низ дар ҳамон соат пеш омада, Худовандро ҳамду сано хонд ва ба ҳамаи онҳое ки мунтазири халосии Ерусалим буданд, дар бораи Ӯ сухан ронд.
Баргаштан ба Носира. Солҳои сокит.
39Баъд аз он ки тамоми маросимро мувофиқи шариати Худованд ба анҷом расонданд, ба Ҷалил, ба шаҳри худ Носира баргаштанд.
40Ва Кӯдак калон шуда, рӯҳаш қавӣ мегашт ва аз ҳикмат пур мешуд, ва файзи Худо бар Ӯ буд.
Исои дувоздаҳсола дар маъбад.
41Ҳар сол падару модари ӯ барои иди фисҳ ба Ерусалим мерафтанд.
42Инчунин вақте ки Ӯ дувоздаҳсола буд, онҳо аз рӯи таомули ид ба Ерусалим омаданд,
43Ва ҳангоме ки баъд аз итмоми айёми ид гашта мерафтанд, Исои Наврас дар Ерусалим монд; ва инро Юсуф ва модари Ӯ пайхас нарафтанд,
44Ба гумони он ки Ӯ бо аҳли қофила меояд; ва як рӯз роҳ паймуда, дар миёни хешон ва ошноён ба ҷустуҷӯи Ӯ шурӯъ карданд;
45Ва чун наёфтанд, барои кофта ёфтани Ӯ ба Ерусалим баргаштанд.
46Баъд аз се рӯз Ӯро дар маъбад ёфтанд, ки дар миёни муаллимон нишаста, суханони онҳоро гӯш мекард ва ба онҳо савол медод;
47Ва ҳамаи онҳое ки суханони Ӯро мешуниданд, аз ақли Ӯ ва аз ҷавобҳои Ӯ мутааҷҷиб мешуданд.
48Чун Ӯро диданд, дар ҳайрат монданд; ва модари Ӯ ба Ӯ гуфт: «Эй Фарзандам! Чаро Ту бо мо чунин рафтор кардӣ? Инак, падарат ва ман хеле ғусса хӯрда, Туро ҷустуҷӯ кардем».
49Ба онҳо гуфт: «Чаро Маро ҷустуҷӯ кардед? Магар намедонистед, ки Ман бояд дар ҳамон ҷое бошам, ки ба Падарам тааллуқ дорад?»
50Вале онҳо ба суханоне ки Ӯ гуфт, сарфаҳм нарафтанд.
51Ва Ӯ бо онҳо равона шуда, ба Носира омад; ва дар итоати онҳо буд. Ва модари Ӯ ҳамаи ин суханонро дар дили худ нигоҳ медошт.
52Ва Исо дар ҳикмат ва дар камол ва дар илтифот назди Худо ва одамон тараққӣ мекард.
Currently Selected:
Инҷили Луқо 2: KM92
Highlight
Share
Copy

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.