Инҷили Луқо 1
1
БОБИ ЯКУМ
Муқаддима.
1Азбаски бисьёр касон ба тартиб додани нақли воқеаҳое шурӯъ кардаанд, ки рӯй доданошон дар миёни мо пурра маълум аст,
2Чунон ки аз ибтидо ба василаи шоҳидон ва ходимони Калом ба мо расондаанд, —
3Ман низ салоҳ донистам, ки ҳама чизро аз худи аввал бодиққат тадқиқ намуда, пай дар ҳам барои ту, эй Теофилуси мӯҳтарам, бинависам,
4То ки ту боэътимодии таълимотеро, ки дар он тарбият ёфтаӣ, бидонӣ.
Пешгӯии таваллуди Яҳьёи Таъмиддиҳанда.
5Дар айёми Ҳиродус, подшоҳи Яҳудо, Закарьё ном коҳине аз навбати Абиё#1:5 Навбати Абиё — дар маъбад 24 гурӯҳ коҳинон бо навбат хизмат мекарданд; сардори гурӯҳи ҳаштум Абиё ном коҳине аз хонадони Ҳорун буд, ва ин гурӯҳро «навбати Абиё» меномиданд. буд, ва зани ӯ аз духтарони Ҳорун буда, Элисобаъ ном дошт.
6Ҳар дуи онҳо пеши Худо одил буданд ва аз рӯи тамоми аҳком ва фароизи Худованд бекаму кост рафтор мекарданд.
7Онҳо фарзанд надоштанд, зеро ки Элисобаъ нозой буд, ва ҳар ду ба пиронсолагӣ расида буданд.
8Боре, вақте ки ӯ бо навбати худ пеши Худо каҳонат мекард,
9Мувофиқи таомули каҳонат, куръа ба номи ӯ баромад, ки ба маъбади Худованд даромада, бухур#1:9 Бухур — қатрони (моддаи) хушбуе, ки дар вақти ибодат барои мадҳу санои Худованд месӯзондан. кунад;
10Ва дар вақти бухур карданаш тамоми ҷамоат дар берун дуо мегуфтанд.
11Баногоҳ фариштаи Худованд бар ӯ зоҳир гардида, дар тарафи рости курбонгоҳи бухур истод.
12Закарьё аз ин рӯъё музтариб шуда, ба ҳарос афтод.
13Аммо фаришта ба ӯ гуфт: «Эй Закарьё, натарс, зеро ки дуои ту мустаҷоб шудааст, ва зани ту Элисобаъ ба ту писаре хоҳад зоид, ва ӯро Яҳьё хоҳӣ номид.
14Ва туро шодмонӣ ва хурсандӣ насиб хоҳад шуд, ва бисьёр касон ба таваллуди ӯ шодӣ хоҳанд кард;
15Зеро ки ӯ дар назари Худованд бузург хоҳад буд, ва шароб ва арақ нахоҳад нӯшид, ва аз шиками модари худ аз Рӯхулкудс пур хоҳад буд,
16Ва бисьёр касонро аз банӣ‐Исроил ба Худованд Худои онҳо руҷӯъ хоҳад кунонд.
17Ва пешопеши Ӯ бо рӯҳ ва кувваи Ильёс қадам хоҳад зад, то ки дилҳои падаронро ба фарзандон ва номутеонро ба ҳикмати одилон баргардонад ва халқи дурусте барои Худованд муҳайё созад».
18Закарьё ба фаришта гуфт: «Инро аз рӯи чӣ бидонам? Зеро ки ман пир ҳастам, зани ман низ ба пиронсолагӣ расидааст».
19Фаришта дар ҷавоби ӯ гуфт: «Ман Ҷаброил ҳастам, ки ба хузури Худо меистам, ва фиристода шудаам барои он ки бо ту сухан ронам ва ин муждаро ба ту бирасонам.
20Ва инак, забонат лол шуда, то рӯзи ба амал омадани ин ту имконияти гап задан нахоҳӣ дошт, аз барои он ки ба суханони ман, ки дар вақти худ ба иҷро хоҳанд расид, имон наовардӣ».
21Дар ин миён ҷамоат мунтазири Закарьё буданд ва тааҷҷуб менамуданд, ки ӯ дар маъбад даранг мекунад.
22Ва ҳангоме ки берун омад, ба онҳо гап зада натавонист, ва онҳо фаҳмиданд, ки ӯ дар маъбад рӯъёе дидааст; ва ӯ ба онҳо имову ишора мекард, ва забонаш лол шуда буд.
23Вақте ки рӯзҳои хизматаш ба анҷом расид, ба хонаи худ рафт.
24Ва баъд аз он рӯзҳо зани ӯ, Элисобаъ, ҳомила шуда, панҷ моҳ худро аз ҳама пинҳон дошт, ва гуфт:
25«Дар ин рӯзҳо Худованд назар карда, ба ман чунин амал кард, то ки нанги маро аз миёни мардум бардорад».
Хушхабар.
26Ва дар моҳи шашум Ҷаброили фаришта аз ҷониди Худо ба Носира ном шаҳри Ҷалил фиристода шуд
27Назди бокирае ки номзади Юсуф ном марде аз хонадони Довуд буд; ва номи он бокира Марьям буд.
28Ва фаришта назди вай даромада, гуфт: «Салом бар Ту, эй пурфайз! Худованд бо туст; ту дар миёни занон муборак ҳастӣ».
29Аммо вай ӯро дида, аз суханонаш музтариб шуд ва дар дили худ гуфт, ки ин чӣ саломе бошад.
30Ва фаришта ба вай гуфт: «Эй Марьям, натарс, зеро ки ту назди Худо файз ёфтаӣ;
31Ва инак, ҳомила шуда, Писаре ҳоҳӣ зоид, ва Ӯро Исо ҳоҳӣ номид;
32Ва Ӯ бузург ҳоҳад буд ва Писари Ҳаққи Таоло номида ҳоҳад шуд; ва Худованд Худо тахти падараш Довудро ба Ӯ хоҳад дод;
33Ва ӯ бар ҳонадони Яъқуб то абад салтанат хоҳад ронд, ва салтанати Ӯ интиҳо нахоҳад дошт».
34Марьям ба фаришта гуфт: «Ин чӣ гуна мешавад, дар сурате ки ман бокира ҳастам?»
35Фаришта дар ҷавоби вай гуфт: «Рӯҳулқудс бар ту хоҳад омад, ва қуввати Ҳаққи Таоло бар ту соя ҳоҳад афканд; бинобар ин он мавлуди Муқаддас ҳам Писари Худо номида ҳоҳад шуд;
36Инак, хеши ту, Элисобаъ, ки ӯро нозой меноманд, ӯ низ дар пирии худ писаре дар шикам дорад, ва ҳоло моҳи шашуми ӯст;
37Зеро ки назди Худо ҳеҷ каломе бе оқибат намемонад».
38Маръям гуфт: «Инак, канизи Худованд ҳастам; бигзор бо ман аз рӯи каломи ту бишавад». Ва фаришта аз пеши вай рафт.
Марьям назди Элисобаъ меравад.
39Дар он рӯзҳо Марьям роҳсипор шуда, бо шитоб ба шаҳре рафт, ки дар кӯҳистони Яҳудо воқеъ аст,
40Ва ба ҳонаи Закарьё даромада, ба Элисобаъ салом гуфт.
41Ва чун Элисобаъ саломи Марьямро шунид, бача дар шикамаш ба ҷунбиш омад; ва Элисобаъ аз Рӯҳулқудс пур шуд,
42Ва бо овози баланд хитоб намуда, гуфт: «Ту дар миёни занон муборак ҳастӣ, ва муборак аст самараи шиками ту!
43Ва ин ба ман аз куҷост, ки модари Худованди ман назди ман омадааст?
44Зеро ки чун садои саломи ту ба гӯшам расид, бача аз шодӣ дар шикамам ба ҷунбиш омад;
45Ва хушо вай, ки имон овардааст, ки он чи аз ҷониби Худованд ба вай гуфта шудааст, ба амал хоҳад омад».
Таронаи Марьям.
46Ва Марьям гуфт: «Чони ман Худовандро ситоиш мекунад,
47Ва рӯҳи ман аз Худои Наҷотдиҳандаи ман ба ваҷд омад,
48Ки Ӯ бар фурӯтании канизи Худ назар кардааст; зеро ки минбаъд ҳамаи наслҳо маро хушбахт хоҳанд хонд;
49Зеро ки он Қодир чизи бузурге барои ман ба амал овард, ва исми Ӯ муқаддас аст,
50Ва марҳамати Ӯ насл ба насл барои касонест, ки аз Ӯ метарсанд;
51Қуввати бозуи Худро зоҳир сохт; онҳоеро, ки аз андешаҳои дилашон мағрур буданд, пароканда кард;
52Зӯроваронро аз тахтҳо вожгун сохт ва фурӯтанонро сарафроз гардонд;
53Гуруснагонро аз неъматҳо пур кард, ва сарватдоронро тиҳидаст фиристод;
54Бандаи Худ Исроилро дастгирӣ кард, ба хотираи марҳамати Худ, —
55Чунон ки ба падарони мо гуфта буд, — ба Иброҳим ва насли ӯ то абад».
56Ва Марьям қариб се моҳ назди ӯ монд ва баъд ба хонаи худ баргашт.
Таваллуди Яҳъёи Таъмиддиҳанда.
57Чун вақти зоидани Элисобаъ расид, ӯ писаре зоид.
58Ва ҳамсояҳо ва хешу табори ӯ шуниданд, ки Худованд марҳамати Худро ба ӯ афзун кардааст, ва бо ӯ шод шуданд.
59Ва дар рӯзи ҳаштум омаданд, ки кӯдакро хатна кунанд, ва мехостанд ӯро, аз рӯи номи падараш, Закарьё ном монанд.
60Лекин модараш дар ҷавоб гуфт: «Не, балки ӯ Яҳьё номида хоҳад шуд».
61Ба вай гуфтанд: «Дар авлоди ту касе нест, ки чунин ном дошта бошад».
62Ва бо имову ишорат аз падараш пурсиданд, ки ӯро чӣ ном ниҳодан мехоҳад.
63Ӯ тахтачае талабида, бар он навишт: «Номи ӯ Яҳьёст». Ва ҳама мутааҷҷиб шуданд.
64Дарҳол даҳон ва забони ӯ кушода шуд, ва ӯ ба сухан даромада, Худоро ҳамду сано хонд.
65Ва ҳамаи ҳамсояҳои онҳо ба ҳарос афтоданд; ва тамоми ин воқеаро дар сар то сари кӯҳистони Яҳудо нақл мекарданд.
66Ва ҳар кӣ мешунавид, инро дар дили худ ҷо дода, мегуфт: «Ин кӯдак кӣ хоҳад шуд?» Ва дасти Худованд бо ӯ буд.
Таронаи Закарьё
67Падари ӯ, Закарьё, аз Рӯҳулқудс пур шуд ва нубувват намуда, гуфт:
68«Муборак аст Худованд Худои Исроил, ки қавми Худро парасторӣ намуда, ба вай халосӣ ато фармудааст,
69Ва барои мо дар хонадони бандаи Худ Довуд шохи#1:69 Шох — рамзи қувват аст. наҷот барпо кардааст,
70Чунон ки аз қадим бо забони анбиёи муқаддаси Худ гуфтааст,
71Ки моро аз душманони мо ва аз дасти ҳамаи онҳое ки аз мо нафрат доранд, наҷот хоҳад дод;
72Ба падарони мо марҳамат намуда, аҳди муқаддаси Худро,
73Қасамеро, ки Ӯ ба падари мо Иброҳим ёд карда буд, ба хотир хоҳад овард,
74Ва ба мо имконият хоҳад дод, ки аз дасти душманони худ халос шуда, бе тарсу бим
75Ба Ӯ бо қудсият ва адолат хизмат кунем, дар ҳолате ки тамоми айёми умри худ пеши Ӯ бошем.
76Ва ту, эй кӯдак, набии Ҳаққи Таоло хонда хоҳӣ шуд, зеро ки пешопеши Худованд қадам хоҳӣ зад, то ки роҳҳои Ӯро муҳайё кунӣ
77Ва ба қавми Ӯ бифаҳмонӣ, ки наҷот дар омурзиши гуноҳҳои онҳост,
78Аз умқи марҳамати Худои мо, ки бо он моро Найири Толеъ аз олами боло парасторӣ намуд,
79То ки касони дар торикӣ ва сояи марг нишастаро мунаввар созад ва пойҳои моро ба роҳи осоиштагӣ равона кунад».
80Ва кӯдак калон шуда, рӯҳаш қавӣ мегашт, ва то рӯзе ки бар Исроил зохир гардид, дар биёбонҳо буд.
Currently Selected:
Инҷили Луқо 1: KM92
Highlight
Share
Copy

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.