Инҷили Юҳанно 15
15
БОБИ ПОНЗДАҲУМ
8. Масеҳ — ток.
1Ман Токи ҳақиқӣ ҳастам, ва Падари Ман Токдор аст;
2Ҳар навдаеро, ки дар Ман мева наоварад, Ӯ бурида мепартояд; ва онро, ки мева меоварад, пок месозад, то ки бештар мева оварад.
3Шумо алҳол ба воситаи каломе ки ба шумо гуфтам, пок ҳастед.
4Дар Ман бимонед, ва Ман дар шумо. Чӣ тавре ки навда наметавонад худ аз худ мева диҳад, агар дар ток намонад, ҳамчунин шумо низ, агар дар Ман намонед.
5Ман Ток ҳастам, ва шумо навдаҳо; касе ки дар Ман бимонад, ва Ман дар вай, меваи фаровон меоварад; зеро ки бе Ман ҳеҷ коре наметавонед кунед.
6Касе ки дар Ман намонад, чун навдае бурида мешавад ва мехушкад; ва чунин навдаҳоро гирд оварда, ба оташ меандозанд, ва онҳо месӯзанд.
7Агар дар Ман бимонед, ва сухани Ман дар шумо бимонад, ҳар чи мехоҳед, талаб кунед, ва он ба шумо дода хоҳад шуд.
8Ҷалоли Падари Ман дар ин аст, ки шумо меваи фаровон оваред, ва шогирдони Ман хоҳед буд.
9. Дар бораи мондан дар муҳаббати Исо.
9Чунон ки Падар Маро дӯст доштааст, Ман низ шуморо дӯст доштаам; дар муҳаббати Ман бимонед.
10Агар аҳкоми Маро риоят кунед, дар муҳаббати Ман хоҳед монд, чунон ки Ман аҳкоми Падари Худро риоят кардам, ва дар муҳаббати Ӯ мемонам.
11Инро ба шумо гуфтаам, то ки шодии Ман дар шумо бимонад ва шодии шумо комил бошад.
12Ҳукми Ман ин аст, ки якдигарро дӯст доред, чунон ки Ман шуморо дӯст доштам.
13Касе муҳаббати бузургтар аз ин надорад, ки ҷони худро барои дӯстони худ фидо кунад.
14Шумо дӯстони Ман ҳастед, агар аҳкоми Маро ба ҷо оваред.
15Дигар шуморо банда намехонам, зеро ки банда намедонад оғояш чӣ мекунад; лекин шуморо дӯст хондаам, чунки ҳар чи аз Падар шунидаам, ба шумо баён кардам.
16На шумо Маро баргузидаед, балки Ман шуморо баргузидаам ва шуморо таъин кардам, ки шумо биравед ва мева оваред, ва меваи шумо бимонад, то ки ҳар чи аз Падар ба исми Ман талаб кунед, ба шумо ато кунад.
17Ин чизҳоро ба шумо ҳукм мекунам, то ки якдигарро дӯст доред.
10. Имондор ва ҷаҳон.
18Агар ҷаҳон аз шумо нафрат кунад, бидонед, ки пеш аз шумо аз Ман нафрат кардааст.
19Агар шумо аз ҷаҳон мебудед, ҷаҳон мансубони худро дӯст медошт; лекин азбаски шумо аз ҷаҳон нестед, балки Ман шуморо аз ҷаҳон баргузидаам, аз ин сабаб ҷаҳон аз шумо нафрат мекунад.
20Каломеро, ки ба шумо гуфтам, дар хотир нигоҳ доред: „Ғулом бузургтар аз оғои худ нест“. Агар Маро таъқиб карданд, шуморо низ таъқиб хоҳанд кард; агар каломи Маро риоя карданд, каломи шуморо низ риоя хоҳанд кард;
21Лекин хамаи инро барои исми Ман ба шумо хоҳанд кард, чунки Фиристандаи Маро намешиносанд.
22Агар Ман намеомадам ва ба онҳо сухан намегуфтам, гуноҳе намедоштанд; лекин акнун барои гуноҳи худ узре надоранд.
23Ҳар кӣ аз Ман нафрат кунад, аз Падари Ман низ нафрат мекунад.
24Агар дар миёни онҳо аъмолеро намекардам, ки дигаре ҳаргиз накардааст, гуноҳе намедоштанд; лекин акнун он аъмолро дида, ҳам аз Ман ва ҳам аз Падари Ман нафрат кардаанд,
25То ба амал ояд каломе ки дар Тавроташон навишта шудааст: „Бе сабаб аз Ман нафрат доранд“.
11. Имондор ва Рӯҳулқудс.
26Лекин чун Пуштибон, ки Ӯро аз ҷониби Падар назди шумо мефиристам, биёяд, яъне Рӯҳи ростӣ, ки аз Падар содир мегардад, Ӯ бар Ман шаҳодат хоҳад дод;
27Ва шумо низ шаҳодат хоҳед дод, зеро ки аз ибтидо бо Ман будаед.
Currently Selected:
Инҷили Юҳанно 15: KM92
Highlight
Share
Copy
![None](/_next/image?url=https%3A%2F%2Fimageproxy.youversionapi.com%2F58%2Fhttps%3A%2F%2Fweb-assets.youversion.com%2Fapp-icons%2Fen.png&w=128&q=75)
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.