1
Инҷили Юҳанно 15:5
Китоби Муқаддас 1992, 1999
Ман Ток ҳастам, ва шумо навдаҳо; касе ки дар Ман бимонад, ва Ман дар вай, меваи фаровон меоварад; зеро ки бе Ман ҳеҷ коре наметавонед кунед.
Compare
Explore Инҷили Юҳанно 15:5
2
Инҷили Юҳанно 15:4
Дар Ман бимонед, ва Ман дар шумо. Чӣ тавре ки навда наметавонад худ аз худ мева диҳад, агар дар ток намонад, ҳамчунин шумо низ, агар дар Ман намонед.
Explore Инҷили Юҳанно 15:4
3
Инҷили Юҳанно 15:7
Агар дар Ман бимонед, ва сухани Ман дар шумо бимонад, ҳар чи мехоҳед, талаб кунед, ва он ба шумо дода хоҳад шуд.
Explore Инҷили Юҳанно 15:7
4
Инҷили Юҳанно 15:16
На шумо Маро баргузидаед, балки Ман шуморо баргузидаам ва шуморо таъин кардам, ки шумо биравед ва мева оваред, ва меваи шумо бимонад, то ки ҳар чи аз Падар ба исми Ман талаб кунед, ба шумо ато кунад.
Explore Инҷили Юҳанно 15:16
5
Инҷили Юҳанно 15:13
Касе муҳаббати бузургтар аз ин надорад, ки ҷони худро барои дӯстони худ фидо кунад.
Explore Инҷили Юҳанно 15:13
6
Инҷили Юҳанно 15:2
Ҳар навдаеро, ки дар Ман мева наоварад, Ӯ бурида мепартояд; ва онро, ки мева меоварад, пок месозад, то ки бештар мева оварад.
Explore Инҷили Юҳанно 15:2
7
Инҷили Юҳанно 15:12
Ҳукми Ман ин аст, ки якдигарро дӯст доред, чунон ки Ман шуморо дӯст доштам.
Explore Инҷили Юҳанно 15:12
8
Инҷили Юҳанно 15:8
Ҷалоли Падари Ман дар ин аст, ки шумо меваи фаровон оваред, ва шогирдони Ман хоҳед буд.
Explore Инҷили Юҳанно 15:8
9
Инҷили Юҳанно 15:1
Ман Токи ҳақиқӣ ҳастам, ва Падари Ман Токдор аст
Explore Инҷили Юҳанно 15:1
10
Инҷили Юҳанно 15:6
Касе ки дар Ман намонад, чун навдае бурида мешавад ва мехушкад; ва чунин навдаҳоро гирд оварда, ба оташ меандозанд, ва онҳо месӯзанд.
Explore Инҷили Юҳанно 15:6
11
Инҷили Юҳанно 15:11
Инро ба шумо гуфтаам, то ки шодии Ман дар шумо бимонад ва шодии шумо комил бошад.
Explore Инҷили Юҳанно 15:11
12
Инҷили Юҳанно 15:10
Агар аҳкоми Маро риоят кунед, дар муҳаббати Ман хоҳед монд, чунон ки Ман аҳкоми Падари Худро риоят кардам, ва дар муҳаббати Ӯ мемонам.
Explore Инҷили Юҳанно 15:10
13
Инҷили Юҳанно 15:17
Ин чизҳоро ба шумо ҳукм мекунам, то ки якдигарро дӯст доред.
Explore Инҷили Юҳанно 15:17
14
Инҷили Юҳанно 15:19
Агар шумо аз ҷаҳон мебудед, ҷаҳон мансубони худро дӯст медошт; лекин азбаски шумо аз ҷаҳон нестед, балки Ман шуморо аз ҷаҳон баргузидаам, аз ин сабаб ҷаҳон аз шумо нафрат мекунад.
Explore Инҷили Юҳанно 15:19
Home
Bible
Plans
Videos