YouVersion Logo
Search Icon

Омӯс 7

7
БОБИ ҲАФТУМ
Се рӯъё дар бораи доварии оянда бар Исроил.
1Худованд Худо ба ман чунин рӯъёро намоён кард, ва инак, дар ибтидои рӯидани алафи бевақтӣ Ӯ малахро ба вуҷуд овард, ва ин алафе буд баъд аз даравидани алафи подшоҳ.
2Ва ҳангоме ки вай алафи заминро хӯрда тамом кард, ман гуфтам:
«Худоё Худовандо! Лутфан, марҳамат намо!
Чӣ гуна Яъқуб қомат рост кунад? Вай бағоят хурд аст».
3Худованд аз ин пушаймон гардид.
«Ин тавр нахоҳад шуд!» — гуфт Худованд.
4Худованд Худо ба ман чунин рӯъёро намоён кард, ва инак Худованд Худо оташро хонд, ки доварӣ намояд, ва вартаи азимро фурӯ бурд, ва қитъаи саҳроро сӯзонид.
5Ва ман гуфтам:
«Худоё Худовандо! Лутфан, боздор!
Чӣ гуна Яъқуб қомат рост кунад? Вай бағоят хурд аст».
6Худованд аз ин пушаймон гардид.
«Ин тавр низ нахоҳад шуд!» — гуфт Худованд Худо.
7Ба ман чунин рӯъёро намоён кард, ва инак Худованд бар девори амӯдӣ истода буд, ва шоқуле дар дасташ буд.
8Ва Худованд ба ман гуфт: «Эй Омӯс, чӣ мебинӣ?» Гуфтам: «Шоқуле». Ва Худованд гуфт:
«Инак, шоқуле дар миёни қавми Худ Исроил мегузорам, ва дигар аз гуноҳашон гузароӣ нахоҳам кард.
9Ва баландиҳои Исҳоқ валангор,
ва қудсҳои Исроил хароб хоҳад шуд,
ва бар хонадони Ёробъом бо шамшер қиём хоҳам кард».
Коҳини Байт‐Ил Омӯсро пеши подшоҳ айбдор мекунад.
10Ва Амасьё, коҳини Байт‐Ил, назди Ёробъом, подшоҳи Исроил, кас фиристод, то бигӯяд: «Омӯс дар миёни хонадони Исроил бар зидди ту ошӯб меандозад; замин наметавонад ҳамаи суханони ӯро гунҷоиш диҳад;
11Зеро ки Омӯс чунин мегӯяд: „Ёробъом ба дами шамшер хоҳад мурд, ва Исроил аз замини худ ба асирӣ бурда хоҳад шуд“».
12Ва Амасьё ба Омӯс гуфт: «Эй валӣ! Рафта ба замини Яхудо бигрез, ва дар он ҷо нон бихӯр, ва дар он ҷо нубувват намо;
13Валекин дар Байт‐Ил дигар нубувват накун, зеро ки қудси подшоҳ аст он, ва хонаи салтанат аст он».
14Ва Омӯс ҷавоб гардонда, ба Амасьё гуфт: «Ман на набӣ ҳастам ва на писари набӣ, балки рамабон будам ва дарахтони ҷумизро меҷустам.
15Ва Худованд маро аз хизмати гӯсфандон гирифт, ва Худованд ба ман гуфт: „Рафта, ба қавми Ман Исроил нубувват намо“.
16Ва акнун каломи Худовандро бишнав: ту мегӯӣ: „Дар ҳаққи Исроил нубувват накун ва дар ҳаққи хонадони Исҳоқ сухан нарон“.
17Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: „Зани ту дар шаҳр гирифтори зино хоҳад шуд, ва писарону духтарони ту ба дами шамшер хоҳанд афтод, ва замини ту бо риштаи андоза тақсим карда хоҳад шуд, ва ту бар замини нопок хоҳӣ мурд, ва Исроил аз замини худ ба асирӣ бурда хоҳанд шуд“».

Currently Selected:

Омӯс 7: KM92

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in