YouVersion Logo
Search Icon

Румиён* Пешгуфтор

Пешгуфтор
Павлус, ки фиристодаи Исои Масеҳ буд, ин номаро ҳангоми сафари сеюмаш тақрибан дар соли 57-уми баъд аз милод навиштааст. Ӯ ба воситаи ин нома худро ба имондорони шаҳри Рум муаррифӣ карда, онҳоро аз нақшаи сафари худ ба Рум ва баъд аз он ба Испания хабардор мекунад ва мегӯяд, ки хеле орзуманди дидани онҳо мебошад.
Муаллиф дар ин нома асосҳои имони масеҳиро пурра шарҳ додааст. Ӯ ба хонандагон фаҳмонидан мехоҳад, ки ҳама одамон, чӣ яҳудӣ ва чӣ ғайрияҳудӣ гуноҳ карда, аз нури шукӯҳу бузургии Худо маҳрум шудаанд. Ҳеҷ як одам бо иҷро кардани шариат дар назди Худо сафед шуда наметавонад, аммо Худо ба воситаи файзу меҳрубоние, ки дар Исои Масеҳ аст, ба тамоми одамон роҳи наҷотро тайёр кардааст. Одамизод новобаста аз иҷро кардани шариат ба воситаи имон ба Исои Масеҳ сафед мешавад. Бино бар ин, онҳое, ки гуноҳҳояшон дар Хуни Ӯ бахшида шудаанд, набояд ҳаёти пургуноҳи худро давом диҳанд, балки ҳамчун ғуломони Худо поку муқаддас зиндагӣ кунанд, зеро оқибати гуноҳ марг аст, аммо самараи файзу меҳрубонии Худо ҳаёти ҷовидонист.
Павлус дар бораи халқи Исроил мулоҳизаронӣ карда, ба саволи он ки оё Худо онҳоро ба таври абадӣ рад намудааст, ҷавоб гардонида, мегӯяд, ки як қисми исроилиён ба сангдилӣ гирифтор шудаанд ва ин то вақте давом мекунад, ки шумораи пурраи ғайрияҳудиён ба Подшоҳии Худо дохил шаванд ва он гоҳ тамоми халқи Исроил наҷот хоҳад ёфт.
Мавзӯи дигаре, ки диққати хонандагонро ба худ ҷалб менамояд, ин эълон кардани хушхабар мебошад. Павлус хушхабари Масеҳро барои наҷоти ҳар як имондор, хоҳ яҳудӣ ва хоҳ ғайрияҳудӣ, «қуввати Худо» меҳисобад. Он бояд дар ҳама ҷо эълон карда шавад. Чунки имон аз шунидани хушхабар пайдо мешавад.
Мавзӯи дигаре, ки диққати хонандагонро ҷалб менамояд, ин эълон кардани хушхабар мебошад. Барои наҷоти ҳар як имондор, чӣ яҳудӣ ва чӣ ғайрияҳудӣ, Павлус хушхабари Масеҳро «қуввати Худо» меҳисобад.
Ҳамчунин Павлус дар бораи муносибатҳои бародарона ва рафтору одобе, ки муносиби имони масеҳӣ аст, фикрронӣ намуда, мегӯяд, ки имондорон бояд якдигарро самимона дӯст доранд ва эҳтиром кунанд, аз маҳкум кардану айб ёфтан дар дигарон худдорӣ намоянд ва дар бораи фикру ақидаи сустимонҳо баҳсу талош накунанд, балки онҳоро қабул намоянд.

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in