YouVersion Logo
Search Icon

Марқӯс* 16

16
Зиндашавии Исо
1Бегоҳи рӯзи шанбе, вақте ки рӯзи истироҳат ба анҷом расид, Марями Маҷдалия, Марями модари Яъқуб ва Салӯмит рафта, атрҳои хушбӯй хариданд, то ки ба бадани Исо бимоланд. 2Ва саҳарии барвақти рӯзи якшанбе, баъд аз баромадани офтоб ба сӯи қабр равона шуданд.
3Дар роҳ ба якдигар мегуфтанд: «Кӣ сангро аз даромади қабр барои мо меғелонад?» 4Вақте ки назди қабр расиданд, диданд, ки он санги бениҳоят калони қабр як сӯ ғелонда шудааст.
5Пас ба даруни қабр даромада диданд, ки як ҷавоне бо либоси сафед дар тарафи рост нишастааст. Занон ба ҳайрат афтоданд.
6Вале ҷавон ба онҳо гуфт: «Ҳайрон нашавед! Шумо Исои Носирии ба салиб мехкӯбшударо меҷӯед. Вай зинда шуд ва дар ин ҷо нест! Ба ҷое, ки ҷасадашро гузошта буданд, нигоҳ кунед! 7Ҳоло рафта, ба шогирдонаш ва ба Петрус бигӯед, ки Исо пешопеши онҳо ба Ҷалил меравад. Онҳо Ӯро дар он ҷо хоҳанд дид, чунон ки Ӯ ба онҳо гуфта буд».
8Занҳо тарсону ларзон берун баромада, аз назди қабр гурехтанд ва ба касе чизе нагуфтанд, чунки дар ҳарос буданд.
Аён шудани Исо ба шогирдонаш
9Исо субҳи рӯзи якшанбе зинда шуд ва аввал ба Марями Маҷдалия, ки аз вуҷуди ӯ ҳафт ҷинро берун карда буд, Худро аён кард. 10Марям назди шогирдони гирёну мотамзада рафта ин хабарро гуфт. 11Вале онҳо суханони ӯро шунида, бовар накарданд, ки Исо зинда асту Марям Ӯро дидааст.
12Баъд Исо Худро дар сурати дигар ба ду шогирдаш, ки ба деҳа мерафтанд, зоҳир кард. 13Онҳо баргашта, инро ба дигарон нақл намуданд, аммо ҳеҷ кас ба суханони онҳо бовар накард.
14Дар охир Исо ба он ёздаҳ шогирдаш дар вақти хӯрок хӯрданашон зоҳир шуд ва Ӯ онҳоро ба сабаби беимониву кундфаҳмӣ сарзаниш кард, зеро ба суханони касоне, ки Ӯро баъд аз марг зинда дида буданд, бовар накарданд.
15Баъд ба онҳо гуфт: «Ба тамоми дунё рафта, хушхабарро ба ҳама эълон кунед! 16Ҳар кӣ имон оварад ва таъмид гирад, наҷот меёбад, вале ҳар кӣ имон наорад, ҳукм карда мешавад. 17Касоне, ки имон меоваранд, чунин аломатҳоро хоҳанд дошт: онҳо бо номи Ман ҷинҳоро меронанд ва бо забонҳои нав сухан мегӯянд, 18онҳо морҳоро бо даст мегиранд ва агар заҳр хӯранд, зараре намебинанд, даст бар беморон мегузоранд ва онҳо шифо меёбанд».
19Вақте ки суҳбати Худованд Исо бо онҳо тамом шуд, Вай ба сӯи осмон бурда шуд ва аз дасти рости Худо нишаст. 20Шогирдон рафта, хушхабарро дар ҳама ҷо эълон мекарданд. Худованд ҳам мададгори онҳо буд ва бо муъҷизаҳое, ки онҳо нишон медоданд, гуфтаҳояшонро тасдиқ мекард. Омин.

Currently Selected:

Марқӯс* 16: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in