YouVersion Logo
Search Icon

Яъқуб Пешгуфтор

Пешгуфтор
Муаллифи нома шахсе бо номи Яъқуб, эҳтимолан ҳамон Яъқуби бародари Худованд Исои Масеҳ аст (Ғалотиён 1:19), ки роҳбари ҷамоати имондорон дар шаҳри Уршалим буд. Ин нома ба пайравони яҳудии Исои Масеҳ, ки дар ҳар ҷо пароканда буданд, навишта шудааст. Яъқуб хонандагони худро даъват мекунад, ки бо имон зиндагӣ кунанд. Бино бар ин, муаллиф дар бораи санҷида шудани имон, обутоб ёфтани сабру тоқат ва дар натиҷаи ин шахси комил шудани имондоронро баён мекунад. Ӯ мефаҳмонад, ки имон фақат аз донистани ростӣ иборат нест, балки имондорон бояд дар зиндагиашон аз рӯйи ҳамин ростии фаҳмидаашон зиндагӣ кунанд. Имони ҳақиқӣ ҳамин аст. Ин нома пур аз панду насиҳат ва огоҳӣ аст, ки ба хонандагони имрӯза ҳам тааллуқ дошта, онҳоро ба зиндагии имон, хирад, муҳаббати воқеӣ раҳнамоӣ мекунад.

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in