YouVersion Logo
Search Icon

Яъқуб 1

1
Салом аз Яъқуб
1Ман, Яъқуб хизматгори Худо ва Худованд Исои Масеҳ ба дувоздаҳ қабилаи Исроил, ки саросари дунё парокандаанд, салом мефиристам.
Душвориҳо ва васвасаҳо
2Бародарону хоҳаронам, вақте ки ҳар гуна душвориҳо ба саратон меоянд, онҳоро бо шодию хурсандӣ қабул кунед, 3зеро медонед, ки ҳангоми аз санҷиш гузаштани имонатон сабру тоқататон обутоб меёбад. 4Тоқати шумо бояд пурра обутоб ёбад, он вақт шумо шахси комил ва баркамол шуда, бароятон ҳеҷ чиз камӣ намекунад.
5Аммо агар ба шумо хирад камӣ кунад, метавонед аз Худо онро талаб кунед ва Ӯ, ки ба ҳама бо дасти кушод ва бе таънаву миннат медиҳад, ба шумо низ хирад мебахшад. 6Вале ҳангоми талаб кардан бояд бешакку шубҳа боварӣ дошта бошед, ки Ӯ медиҳад. Зеро касе, ки шубҳа мекунад, монанди мавҷи баҳр аст, ки бо вазидани шамол пасту баланд мешавад. 7Бигзор чунин шахс фикр накунад, ки аз ҷониби Худованд чизе гирифта метавонад, 8чунки ӯ дудила буда, дар ҳар қарори худ ноустувор аст.
9Имондоре, ки камбағал аст, бояд аз он фахр кунад, ки Худо ӯро сарбаланд кардааст. 10Сарватманд бошад, аз он фахр кунад, ки Худо ӯро хоксор мегардонад, чунки умри ӯ мисли гули саҳро мегузарад. 11Офтоб мебарояду бо нурҳои сӯзонаш алафро хушк мекунад ва гул баргҳояшро мерезонаду аз зебоиаш чизе боқӣ намемонад, ҳамин тавр сарватманд низ дар сари кору бораш аз ин дунё меравад.
12Хушбахт он касест, ки дар вақти санҷишҳо сабру тоқат дорад, зеро ҳангоме ки аз ин гуна имтиҳони зиндагӣ мегузарад, тоҷи ҳаётро ба даст меорад. Ин тоҷро Худо ба дӯстдорони Худ ваъда додааст. 13Аммо вақте ки ба васваса меафтед, нагӯед, ки «Худо маро месанҷад», чунки Худо ба васваса намеафтад ва дигаронро низ ба васваса намеандозад. 14Балки ҳар шахс он вақт ба васваса меафтад, ки ҳаваси бад мекунаду баъд саргарми он ҳавас шуда, ба доми васваса меафтад. 15Сипас, ҳамин ки дили вай бо ин ҳавас ҳомиладор мешавад, гуноҳро таваллуд мекунад. Гуноҳ бошад, ба воя расида, маргро таваллуд мекунад.
16Пас, эй бародарону хоҳарони азизам, фиреб нахӯред, 17балки бидонед, ки ҳар неъмати нек ва бекамбудӣ аз боло, яъне аз ҷониби Падар меояд, ки Ӯ Офарандаи офтобу моҳ ва ситораҳо мебошад. Агарчи ин ҷисмҳои осмонӣ гоҳе равшану гоҳе тира мешаванд, Худо ҳеҷ вақт тағйир намеёбад. 18Ӯ аз рӯйи хости Худ ба воситаи пайғоми ростӣ ба мо ҳаёти навро бахшидааст, то ки мо дар байни ҳамаи офаридаҳои Ӯ ҳамчун ҳосили аввалин бошем.
Шунидану иҷро кардани гуфтаҳои Худо
19Бародарону хоҳарони азизам, пас ҳар кас бояд ба гӯш кардан чусту чолок бошаду ба гуфтану ғазаб кардан саросема нашавад. 20Чунки қаҳру ғазаби инсон он ҳаёти дурустеро, ки аз рӯйи хости Худо аст, ба амал намеорад. 21Бино бар ин, ҳар бадӣ ва бадахлоқии одатшударо аз худ дур намоед ва каломи Худо ба дилатон коштаро хоксорона қабул кунед, ки ин калом ҷонатонро наҷот дода метавонад.
22Худро фиреб дода, гумон накунед, ки фақат шунидани каломи Худо басанда аст, балки гуфтаҳои онро ба ҷо оваред. 23Агар каломро фақат гӯш кунеду иҷро накунед, монанди шахсе ҳастед, ки рӯйи худро дар оина мебинаду 24аз пеши он дур рафтан замон аз ёдаш мебарорад, ки чеҳрааш чӣ гуна буд. 25Лекин шахсе, ки ба қонуни комил ва озодибахшанда бодиққат нигоҳ карданро давом медиҳаду суханони шунидаашро фаромӯш накарда, иҷро мекунад, дар ҳар кораш баракат меёбад.
26Ҳар кӣ худро диндор ҳисоб мекунаду забонашро идора карда наметавонад, ҳам худро фиреб медиҳад ва ҳам диндориаш ба як пули пуч намеарзад. 27Вале диндорие, ки Падарамон Худо пок ва беайбу нуқсон меҳисобад, ин аст, ки ба ятимону бевазанон дар ҳолати душвориашон ғамхорӣ кунем ва худро аз олуда шудан бо ин ҷаҳон нигоҳ дорем.

Currently Selected:

Яъқуб 1: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in