YouVersion Logo
Search Icon

Корнома* 28

28
Павлус дар ҷазираи Малита
1Инак, сиҳату саломат ба соҳил расида, фаҳмидем, ки он ҷазира Малита ном доштааст. 2Мардуми ҷазира ба мо хеле некӣ карданд. Азбаски ҳаво хунук буду борон меборид, онҳо гулхан даргиронда, ҳамаи моро ба гирдаш даъват карданд. 3Павлус як бағал ҳезум ҷамъ карда буд ва ҳангоме ки онро ба оташ меандохт, мори заҳрдоре аз гармии оташ гурехта, дасти ӯро газид ва овезон монд. 4Мардуми ҷазира мори ба дасташ часпидаро дида, ба ҳамдигар гуфтанд: «Воқеан ҳам ин шахс одамкуш будааст, чунки аз баҳр сиҳат баромада бошад ҳам, худои адолат нагузошт, ки зинда монад».
5Аммо Павлус морро аз дасташ афшонда ба оташ партофту осебе надид. 6Онҳо интизор буданд, ки ё дасташ варам мекунад ё ӯ якбора афтода мемурад. Аммо чун вақти зиёд гузашт ва бо вай чизе нашуд, фикрашонро дигар карда гуфтанд, ки ӯ яке аз худоён аст.
7Дар гирду атрофи он ҷо заминҳое буданд, ки ба роҳбари ҷазира Публиюс тааллуқ доштанд. Ӯ моро ба хонааш даъват намуда, се рӯз меҳмондорӣ кард. 8Падари Публиюс бемор мехобид. Ӯ таби баланд дошт ва шикамрав буд. Павлус наздик омаду дуо кард ва ба вай даст ниҳода, шифо дод. 9Баъди ин воқеа ҳар беморе, ки дар ҷазира буд, ба назди Павлус меомад ва шифо меёфт. 10Онҳо моро хеле иззату эҳтиром менамуданд ва ҳангоми рафтанамон бо ҳамаи чизҳои зарурӣ таъмин карданд.
Павлус ба шаҳри Рум мерасад
11Дар ҷазираи Малита се моҳ монда, баъд дар киштии шаҳри Искандария, ки зимистон дар он ҷазира буд, ба баҳр баромадем. Он киштӣ «Худоёни дугоник» ном дошт. 12Сипас, ба шаҳри Сирокуз расида, дар он ҷо се рӯз мондем. 13Аз он ҷо баромада, ба шаҳри Риғюн расидем. Баъди як рӯз боди ҷанубӣ вазид ва рӯзи дигар мо аллакай дар шаҳри Путюлӣ будем. 14Дар шаҳр имондоронро ёфтем ва чун хоҳиш карданд, ҳафт рӯз бо онҳо мондем.
Сипас, роҳамонро ба сӯйи Рум давом додем. 15Имондорони румӣ дар бораи мо шунида, ба пешвозамон то бозори Опиюс ва «Се меҳмонхона» омаданд. Павлус онҳоро дида, Худоро шукргузорӣ намуд ва рӯҳбаланд шуд. 16Вақте ки ба Рум дохил шудем, ба Павлус иҷозат дода шуд, ки дар хонаи алоҳида зиндагӣ кунад ва сарбозе ӯро посбонӣ мекард.
Павлус бо роҳбарони яҳудӣ дар Рум
17Баъди се рӯз Павлус роҳбарони яҳудии он ҷоро даъват намуд ва чун ҷамъ шуданд, гуфт: «Бародарон, ман на ба халқамон зиддият кардааму на ба расму ойини падаронамон, аммо дар Уршалим маро дастгир намуда, ба дасти румиён супурданд. 18Румиён кори маро дида баромада, мехостанд озод кунанд, чунки коре накардаам, ки сазовори марг бошад. 19Аммо яҳудиён ба ин зид баромаданд ва ман маҷбур шудам, ки доварии шоҳаншоҳи Румро талаб намоям. Албатта, на барои он ки аз халқам шикоят кунам. 20Барои ҳамин шуморо даъват намудам, то ки шуморо дида, гӯям, ки ба хотири Масеҳ, ки умеди Исроил аст, бо ин занҷир баста шудаам».
21Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Аз сарзамини Яҳудия дар бораи ту ягон нома нагирифтаем ва бародароне, ки аз он ҷо меоянд, дар бораи ту ҳеҷ хабар наовардаанд ва чизи баде нагуфтаанд. 22Аммо аз даҳони худат шуниданӣ ҳастем, ки дар бораи он мазҳаби динӣ чӣ фикр дорӣ. Зеро медонем, ки дар ҳама ҷо бар зидди он гап мезананд».
23Сипас, барои вохӯрӣ як рӯз таъйин карданд. Он рӯз дар хонаи Павлус мардуми хеле зиёд ҷамъ омад ва ӯ аз саҳар то бегоҳ ба онҳо дар бораи Подшоҳии Худо нақл кард. Ӯ аз шариати Мусову гуфтаҳои пайғамбарон дар бораи Исо далелҳо оварда, онҳоро бовар мекунонд. 24Ба суханонаш баъзе одамон имон оварданд, вале на ҳама. 25Яҳудиён бо ҳам норозӣ буданд ва Павлус пеш аз рафтанашон илова намуда гуфт: «Рӯҳулқудс ба воситаи пайғамбар Ишаъё ба падарони шумо дуруст 26гуфтааст, ки
„Ба пеши ин халқ рафта, чунин гӯй:
«бо гӯшҳоятон мешунавед, лекин намефаҳмед,
бо чашмонатон мебинед, аммо дарк намекунед,
27зеро зеҳни шумо кунд ва гӯшҳоятон вазнин шудааст ва чашмонатонро пӯшидаед.
Вагарна бо чашмонатон дида, бо гӯшҳоятон шунида ва бо ақлатон дарк карда метавонистеду ба Ман рӯй меовардед
ва Ман шуморо шифо медодам»“#28:27 Ишаъё 6:9-10.
28-29 Бино бар ин, бидонед, ки наҷоти Худо ба ғайрияҳудиён фиристода шудааст ва онҳо гӯш хоҳанд кард».
30Ҳамин тавр Павлус ду соли пурра дар хонае, ки иҷора гирифта буд, зиндагӣ карда, ҳар одами ба пешаш меомадаро қабул мекард. 31Ӯ ба онҳо дар бораи Подшоҳии Худо гап мезад ва бо тамоми далерӣ дар бораи Худованд Исои Масеҳ бемалол таълим медод.

Currently Selected:

Корнома* 28: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in