YouVersion Logo
Search Icon

Корнома* 27

27
Сафари Павлусу Луқо ба шаҳри Рум
1Вақте қарор карданд, ки бо киштӣ ба Италия равем, Павлус ва чанд бандии дигарро ба яке аз мирисадҳои дастаи махсуси шоҳаншоҳ Августус супурданд. Номи мирисад Юлиус буд. 2Мо ба киштие, ки аз шаҳри Адрамитиюн омада ва ба сӯйи бандарҳои вилояти Осиё равона буд, савор шуда раҳсипор шудем. Аз шаҳри Тасолуникӣ Аристархуси мақдунӣ моро ҳамроҳӣ кард. 3Рӯзи дигар ба шаҳри Сидун расидем. Юлиус ба Павлус хуб муносибат мекард. Ӯ ҳатто иҷозат дод, ки Павлус рафта, бо дӯстонаш вохӯрад ва ҳама чизҳои заруриро дастрас намояд. 4Аз он ҷо мо ба баҳр баромада, ба сабаби вазидани боди мухолиф ба тарафи панаҳи ҷазираи Қиприс киштиро рондем. 5Сипас, баҳри кушодро назди соҳилҳои вилоятҳои Киликия ва Памфилия миёнабур намуда, ба шаҳри Мирои вилояти Ликия расидем. 6Дар он ҷо мирисад киштии шаҳри Искандарияро ёфт, ки ба Италия равона буд ва моро ба он савор кард. 7Азбаски шамоли муқобил мевазид, мо рӯзҳои зиёд бо суръати паст киштӣ ронда, базӯр ба шаҳри Қнидус наздик шудем. Баъд ба самти гӯшаи Салмунии ҷазираи Крит ҳаракат намуда, дар панаҳи он ҷазира киштӣ рондем. 8Ҳамин тавр, бо душворӣ ҷазираро гузашта, ба ҷое расидем, ки Бандарҳои Нек ном дошт. Ин дар наздикии шаҳри Ласия буд.
9Мо вақти зиёдро аз даст дода будем. Тирамоҳ ба охир мерасид, айёми рӯзагирии яҳудиён гузашта буд. Боду ҳаво барои давом додани сафари баҳрӣ аллакай хатарнок буд, бинобар ин Павлус чунин маслиҳат дод: 10«Мардон, мебинам, ки сафарамон хеле хатарнок мешавад. Аҷаб нест, ки на танҳо бору киштӣ, балки ҷонҳоямонро ҳам аз даст диҳем».
11Аммо мирисад на ба Павлус, балки бештар ба суханони сардор ва соҳиби киштӣ бовар мекард. 12Азбаски Бандарҳои Нек барои зимистонгузаронӣ мувофиқ набуд, бисёриҳо розӣ шуданд, ки ба баҳр бароянд. Онҳо умед доштанд, ки илоҷе карда, ба бандари дигари ҷазираи Крит, ки Финикс ном дошт, бирасанд ва он ҷо зимистонро гузаронанд. Ин бандар рӯ ба самти ҷануби ғарбӣ ва шимоли ғарбӣ ҷойгир аст.
Тундбод
13Чун боди сабуки ҷанубӣ вазид, онҳо фикр карданд, ки корашон омад кард ва лангар бардошта, лаб-лаби соҳили Крит шино карданд. 14Аммо дере нагузашта, аз тарафи ҷазира тундбоди сахте бархост, ки Шимоли Шарқӣ ном дошт. 15Вақте киштиро фаро гирифт, онро идора кардан номумкин гардид ва таслим шудему тундбод моро гирифта бурд. 16Сипас, ба тарафи паноҳтари ҷазираи хурдакак, ки Клавдо ном дорад, даромада, қаиқи киштиро, ки дар дунболи киштӣ баста буд, базӯр нигоҳ доштем. 17Баъд онро ба киштӣ бароварданд ва девораҳои киштиро бо арғамчинҳо баста мустаҳкам карданд. Аз тарси ба пастоби Сиртиси Африқо бархӯрдан, бодбонҳоро фуроварданд ва ҳамин тавр мавҷҳои об моро мебурд. 18Рӯзи дигар, азбаски тӯфон торафт шиддат меёфт, онҳо як қисми бори киштиро ба об партофтанд. 19Рӯзи сеюм бошад, онҳо бо дастони худ як қисми асбобу анҷоми киштиро бароварда партофтанд. 20Рӯзҳои зиёд на офтоб намоён мешуду на ситораҳо, балки тӯфон давом меёфт, оқибат барои наҷот ёфтан ҳеҷ умед намонд. 21Азбаски касе дер боз хӯрок нахӯрда буд, Павлус бархоста ба миёнаҷо баромад ва гуфт: «Мардон, агар шумо ба гапи ман гӯш дода, аз Крит ба баҳр намебаромадед, аз ин фалокат зарар намедидед. 22Ҳоло бошад, маслиҳат медиҳам, ки далер бошед, чунки ягонтои шумо намемуред. Фақат киштӣ нобуд мешавад. 23Имшаб фариштаи Худое, ки ба Ӯ тааллуқ дораму хизмат мекунам, ба пешам омада, 24гуфт: „Натарс, Павлус! Ту бояд дар пеши шоҳаншоҳи Рум биистӣ ва ба хотири ту Худо ба ҳамроҳонат низ ҳаёт мебахшад“.
25Бинобар ин, мардон, далер бошед, зеро бовар дорам, ки Худо чунон ки ба ман гуфт, мекунад. 26Фақат мо бояд ба пастоби ягон ҷазира бархӯрем».
27Шаби чордаҳум буд, ки дар баҳри Адриё овора будем. Тақрибан нисфи шаб баҳрнавардон пай бурданд, ки замин наздик аст. 28Онҳо чуқурии обро чен карданд, ки тақрибан чил метер баромад, сипас андак пеш рафта боз чен карданд, ки сӣ метер баромад. 29Онҳо тарсиданд, ки ба санге дакка мехӯранд, бинобар ин аз думи киштӣ чор лангар андохтанд ва дуо мекарданд, ки тезтар саҳар шавад. 30Баҳрнавардон хостанд аз киштӣ гурезанд ва бо баҳонаи он, ки аз нӯги киштӣ лангарҳо меандозанд, қаиқи киштиро ба об фуроварданд.
31Он гоҳ Павлус ба мирисад ва сарбозон гуфт: «Агар ин одамон дар киштӣ намонанд, шумо наҷот намеёбед».
32Инро шунида сарбозон банди қаиқро буриданд ва он шино карда рафт.
33Пеш аз бомдод Павлус аз ҳама хоҳиш намуд, ки хӯрок хӯранд. Ӯ чунин гуфт:
«Ҳоло чордаҳ рӯз мешавад, ки шумо дар ташвиш ҳастед ва чизе намехӯред. 34Бино бар ин, аз шумо илтимос мекунам, ки хӯрок хӯред, чунки ин барои зинда мондани шумо муҳим аст. Зеро тори мӯйе аз сари ҳеҷ яки шумо нахоҳад афтод».
35Инро гуфта, ӯ нон гирифту дар пеши ҳама Худоро шукр гуфт ва онро пора карда, ба хӯрдан сар кард. 36Инро дида, ҳама рӯҳбаланд шуданд ва хӯрок хӯрданд. 37Дар киштӣ ҳамагӣ дусаду ҳафтоду шаш кас будем. 38Чун хӯрда сер шуданд, гандумро ба об партофтанд, то ки киштиро сабук кунанд.
Шикастани киштӣ
39Вақте ки рӯз шуд, баҳрнавардон он заминро нашинохтанд, лекин халиҷе диданд, ки соҳили паст дошт ва қарор доданд, ки агар тавонанд киштиро ба сӯи он ронанд. 40Ҳамин тавр, онҳо лангарҳоро халос карда, дар баҳр гузоштанд. Дар баробари ин бандҳои белҳои дунболаи киштиро кушоданд ва бодбони қисмати пеши киштиро боло кашида, ба сӯи соҳил ронданд. 41Аммо ба забонаи соҳили қумдоре дакка хӯрданд ва киштӣ дар пастоб истод. Нӯги киштӣ руст монда буд, аммо думашро мавҷҳо зада мешикастанд.
42Сарбозон хостанд бандиёнро кушанд, то касе шинокунон нагурезад. 43Аммо мирисад, ки Павлусро наҷот додан мехост, сарбозонро аз ин кор боздошт. Ӯ фармуд, ки аввал одамоне, ки шино карда метавонанд, худро ба об партофта ба соҳил бароянд. 44Сипас, дигарон тахта ва шикастапораҳои киштиро дошта, аз пушти онҳо равона шаванд. Ҳамин тавр, ҳама сиҳату саломат ба замин расиданд.

Currently Selected:

Корнома* 27: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in