YouVersion Logo
Search Icon

Корнома* 17

17
Хизмати Павлус ва Сило дар шаҳри Тасолуникӣ
1Павлус ва Сило аз шаҳрҳои Амфипулис ва Апуллуния гузашта, ба шаҳри Тасолуникӣ омаданд, ки дар он ҷо ҷамоатхонаи яҳудиён буд. 2Аз рӯйи одати худ, Павлус ба ҷамоатхона рафт ва се рӯзи шанбе ба яҳудиён сухан гуфт. Ӯ аз навиштаҷот 3далелҳо оварда, мефаҳмонд ва нишон медод, ки азоб кашидан ва сипас зинда шудани Таъйиншудаи Худо зарур буд. Павлус мегуфт: «Исое, ки ба шумо эълон мекунам, ҳамон Таъйиншудаи Худост».
4Оқибат баъзеи онҳо имон оварда, ба Павлусу Сило ҳамроҳ шуданд. Ҳамчунин гурӯҳи калони юнониҳои худотарс ва шумораи зиёди занони обрӯманд низ имон оварданд. 5Аммо баъзе яҳудиён ҳасад хӯрда, аз бозор якчанд бадкорро ҷамъ намуданд ва шаҳрро ба шӯр оварданд. Онҳо ба хонаи Ёсун зада даромада, Павлусу Силоро ҷустанд, то ки байни мардум бароранд. 6Аммо чун онҳоро наёфтанд, Ёсун ва чанд бародари дигарро назди сардорони шаҳр оварда, додзанон гуфтанд: «Инҳо, ки тамоми дунёро ба шӯр овардаанд, ҳоло ба ин ҷо ҳам расиданд. 7Ёсун бошад онҳоро қабул кардааст! Онҳо „Исо ном подшоҳи дигаре ҳаст“ гуфта, ҳама қонуни шоҳаншоҳи Румро вайрон мекунанд».
8Мардум ва сардорони шаҳр ин суханонро шунида ба ташвиш афтоданд. 9Сардорони шаҳр аз Ёсун ва дигарон гарав гирифта, онҳоро озод карданд.
Хизмати Павлусу Сило дар шаҳри Бирия
10Худи ҳамон шаб имондорон Павлусу Силоро ба шаҳри Бирия фиристоданд. Онҳо чун расиданд, ба ҷамоатхонаи яҳудиён рафтанд. 11Яҳудиёни Бирия назар ба яҳудиёни Тасолуникӣ равшанфикртар буданд. Онҳо бо шавқи зиёд ба хушхабари Худованд гӯш мекарданд ва ҳар рӯз навиштаҷот хонда, месанҷиданд, ки оё аслан ҳамин тавр аст ё не. 12Аз ин рӯ, аксари онҳо имон оварданд ва ҳамчунин шумораи зиёди занони обрӯманди юнонӣ ва баъзе мардон низ имон оварданд. 13Аммо чун яҳудиёни Тасолуникӣ шуниданд, ки Павлус каломи Худоро дар шаҳри Бирия низ эълон мекунад, ба он ҷо расида омаданд ва мардумро барангехта ошӯб бардоштанд. 14Имондорон дарҳол Павлусро ба лаби баҳр фиристоданд, лекин Сило ва Тимотиюс дар Бирия монданд. 15Ҳамроҳони Павлус бо ӯ то шаҳри Атино рафтанд. Сипас, баргашта фармони Павлусро расонданд, ки Силову Тимотиюс ҳарчи зудтар ба назди ӯ раванд.
Хизмати Павлус дар Атино
16Павлус дар интизори Силову Тимотиюс шаҳри Атиноро тамошо кард ва онро пур аз бутҳо дида, рӯҳан хеле нороҳат шуд. 17Аз ин рӯ, ӯ дар ҷамоатхона бо яҳудиёну юнониҳои худотарс ва ҳар рӯз дар бозор бо одамони гуногун вохӯрда суҳбат мекард. 18Баъзе аз файласуфони мактаби эпикурӣ ва равоқӣ бо Павлус баҳс намуда гуфтанд: «Ин лаққӣ чӣ гуфтан мехоҳад?» Дигарон ҷавоб доданд: «Чунин метобад, ки вай дар бораи худоёни бегона сухан меронад». Зеро ӯ дар бораи Исо ва зиндашавии мурдагон хушхабар мерасонд.
19Оқибат онҳо Павлусро ба Арюпог ном маҷлисгоҳе оварда гуфтанд: «Ба мо гӯй, ки ин таълимоти нав дар бораи чист? 20Чизҳои аҷоиб мегӯйӣ, мехоҳем донем, ки онҳо чӣ маъно доранд».
21(Барои ҳамаи атиноиҳо ва хориҷиҳое, ки дар шаҳр зиндагӣ мекарданд, коре беҳтар аз шунидан ва гуфтани хабари нав набуд).
22Павлус дар мобайни маҷлисгоҳи Арюпог истода, гуфт: «Мардони Атино! Мебинам, ки шумо аз ҳар ҷиҳат хеле диндор будаед. 23Ман гаштугузор намуда, муқаддасоти шуморо аз наздик дидам. Дар як қурбонгоҳатон чунин хондам: „Ба Худои ношинос“. Ман дар бораи ана ҳамон Худо, ки шумо нашинохта мепарастед, хабар медиҳам. 24Худое, ки дунё ва тамоми чизҳои дар он бударо офаридааст, Худованди замину осмон аст. Ӯ дар маъбадҳое, ки бо дастони одамизод сохта шудаанд, зиндагӣ намекунад. 25Худо ба ягон чизе, ки дастони одамизод фароҳам оварда тавонад, муҳтоҷ нест, чунки Худаш ба ҳама зиндагӣ, нафас ва ҳар чизи дигарро мебахшад. 26Ӯ аз як одам ҳамаи халқҳоро ба вуҷуд овард, то ки дар тамоми замин сокин шаванд. Ба онҳо вақт ва ҷойи зиндагӣ муайян намуд, 27то ки даст-дасткунон Худоро ҷӯянд ва эҳтимол пайдо кунанд. Лекин ба ҳар ҳол Худо аз ҳар яки мо дур нест. 28Охир Ӯ сарчашмаи зиндагиву ҳаракат ва ҳастии мост. Чунон ки баъзе аз шоирони шумо низ гуфтаанд:
„Мо фарзандони Ӯ ҳастем“.
29Пас, агар фарзандони Худо бошем, набояд фикр кунем, ки Ӯ монанди чизе аз тилло, нуқра ва ё санг аст, ки бо ақлу ҳунари одамӣ сохта мешавад. 30Инак, Худо замони нодониро сарфи назар намуда, ҳоло дар ҳама ҷо ба ҳама одамон мефармояд, ки тавба кунанд. 31Зеро Худо аллакай рӯзеро муайян намудааст, ки ба воситаи Марди таъйинкардааш дунёро аз рӯйи инсоф доварӣ мекунад ва барои исботи ин Ӯро зинда кард».
32Баъзе аз ҳозирон дар бораи зиндашавии мурдагон шунида, масхаракунон хандиданд. Вале дигарон гуфтанд: «Дар ин бора рӯзи дигар туро гӯш мекунем».
33Ҳамин тавр, Павлус аз маҷлисгоҳ баромад. 34Якчанд кас ба ӯ ҳамроҳ шуда, имон оварданд. Дар байни онҳо Диёнисиюси узви Маҷлиси арюпогӣ, Домарис ном зан ва якчанд каси дигар буданд.

Currently Selected:

Корнома* 17: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in