YouVersion Logo
Search Icon

Корнома* 12

12
Куштани Яъқуб ва дастгир шудани Петрус
1Он замон шоҳ Ҳиродус дасти душманӣ дароз намуд, то ки баъзе аз аъзои ҷамоати имондоронро азоб диҳад. 2Шоҳ бо шамшер Яъқуби бародари Юҳанноро кушт. 3Сипас, чун дид, ки ин кораш ба яҳудиён писанд омад, Петрусро низ дастгир намуд. Ин воқеа дар айёми иди Фатир рӯй дод. 4Шоҳ Петрусро ба зиндон андохта, ба чор дастаи сарбозон, ки ҳар яке аз чор сарбоз иборат буд, фармуд, ки ӯро посбонӣ кунанд. Шоҳ мехост, ки баъди иди Наҷот ӯро ба назди мардум барои ҳукм кардан барорад. 5Инак, Петрус дар зиндон буд, аммо аҳли ҷамоати имондорон барои ӯ бо ҷидду ҷаҳд ба Худо дуо мекарданд.
Озод шудани Петрус
6Шаби ҳамон рӯз, ки шоҳ Ҳиродус мехост ӯро назди мардум барорад, Петрус дар байни ду сарбоз мехобид. Ӯро бо ду занҷир баста буданд ва назди дари зиндон сарбозони дигар меистоданд. 7Баногоҳ фариштаи Худованд пайдо шуд ва ҳуҷра равшан гардид. Вай ба паҳлуи Петрус зада, ӯро бедор карду гуфт: «Зуд бархез».
Ҳамон лаҳза занҷирҳо аз дастони Петрус афтоданд. Фаришта суханашро давом дод: 8«Миёнатро банду пойафзолатро пӯш».
Петрус гуфтаи ӯро иҷро намуд. Фаришта гуфт: «Акнун ҷомаатро пӯшида, аз қафои ман биё».
9Петрус баромада, аз қафои фаришта равона шуд. Ӯ фикр кард, ки хоб мебинад, лекин дар асл ин кори фаришта воқеӣ буд. 10Онҳо аввал аз назди як дастаи посбонон ва сипас аз дастаи дуюм гузашта, ба дарвозаи оҳанине, ки ба сӯйи шаҳр мебурд, наздик шуданд. Дарвоза худ аз худ ба рӯйи онҳо кушода шуд. Онҳо аз он гузашта, то ба охири кӯча расида буданд, ки баногоҳ фаришта нопадид шуд. 11Ин вақт Петрус ба худ омада, гуфт: «Акнун аниқ фаҳмидам, ки Худованд фариштаи Худро фиристодааст, то маро аз дасти Ҳиродус ва он чи яҳудиён мехостанд, халос кунад».
12Петрус инро аз дил гузаронда, ба хонаи Марями модари Юҳанно, ки Марқӯс номида шуда буд, равона шуд. Дар он ҷо мардуми зиёд ҷамъ омада, дуо мекарданд. 13Чун дарвозаро тақ-тақ кард, Рудо ном канизаке барои кушодан баромад. 14Рудо овози Петрусро шинохта чунон хурсанд шуд, ки дарвозаро накушода, ба сӯйи хона давид ва хабар дод, ки Петрус назди дарвоза истодааст.
15Ба ӯ гуфтанд: «Ақлатро хӯрдаӣ».
Лекин ӯ дар гапаш истода мегуфт, ки рост мегӯяд. Онҳо бошанд гуфтанд: «Ин фариштаи ӯст».
16Азбаски Петрус ҳанӯз ҳам тақ-тақ мекард, охир дарро кушоданд ва ӯро дида сахт ҳайрон шуданд. 17Петрус бо ишораи даст хомӯшӣ талаб намуда, ба онҳо гуфт, ки чӣ тарз Худованд ӯро аз зиндон баровард.
Петрус гуфт: «Инро ба Яъқубу бародарони дигар расонед». Пас ӯ онҳоро тарк намуда, ба ҷойи дигар рафт.
18Бо дамидани субҳ сарбозонро тарсу ваҳм фаро гирифт, ки ба Петрус чӣ шуда бошад. 19Шоҳ Ҳиродус ӯро ҷустуҷӯ намуд, лекин наёфт. Сипас, сарбозонро пурсуҷӯ намуда, фармон дод, ки онҳоро ба қатл расонанд. Худаш бошад аз сарзамини Яҳудия баромада, ба шаҳри Қайсария рафт ва дар он ҷо монд.
Марги шоҳ Ҳиродус
20Шоҳ Ҳиродус аз мардуми шаҳрҳои Сур ва Сидун сахт дар ғазаб шуда буд. Бино бар ин, онҳо маслиҳат намуда, ба назди шоҳ як гурӯҳ одамонро фиристоданд. Онҳо аввал хизматгори шахсии подшоҳ Балостусро тарафдори худ карда, сипас аз подшоҳ сулҳ хостанд, чунки онҳо аз кишвари подшоҳ хӯрокворӣ мегирифтанд. 21Дар рӯзи қабул Ҳиродус либоси шоҳона пӯшида, бар курсии доварӣ нишаст ва ба онҳо сухан кард. 22Мардум бошанд, фарёдкунон гуфтанд: «Ин овози одам не, балки овози яке аз худоён аст».
23Ин лаҳза фариштаи Худованд шоҳ Ҳиродусро зад, чунки худро аз Худо боло донист. Ҳамин тавр, ӯ кирм карда мурд.
24Аммо каломи Худо торафт паҳн мешуд. 25Барнаббо ва Шоул хизмати худро барои Худованд дар Уршалим ба охир расонданд ва Юҳаннои лақабаш Марқӯсро бо худ гирифта, ба шаҳри Антокия баргаштанд.

Currently Selected:

Корнома* 12: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in