YouVersion Logo
Search Icon

Корнома* 11

11
Ҳисоботи Петрус ба ҷамоат
1Фиристодагону имондорони сарзамини Яҳудия хабардор шуданд, ки ғайрияҳудиён низ каломи Худоро қабул кардаанд. 2Ҳангоме ки Петрус ба Уршалим баргашт, тарафдорони хатна ӯро танқид карда, гуфтанд: 3«Ту ба пеши одамони хатнанашуда рафтӣ ва бо онҳо нишаста хӯрок хӯрдӣ?!»
4Петрус ба онҳо тамоми воқеаро як ба як баён карда гуфт: 5«Ҳангоме ки дар шаҳри Ёфо дуо мекардам, дар ҳолати бехудӣ ба назарам аён шуд, ки аз осмон чизе ба мисли дастархони калон, ки аз чор гӯшааш овезон буд, ба пешам фуромад. 6Ман ба даруни он нигоҳ карда, ҳайвоноти чорпо, дарандагон, хазандагон ва парандагони осмонро дидам. 7Сипас, овозе шунидам, ки ба ман гуфт: „Петрус, хез, куш ва хӯр!“
8Аммо ман гуфтам: „Ҳаргиз, Худовандо! Ман дар умрам ягон чизи ҳаром ё нопок нахӯрдаам“.
9Овоз аз осмон бори дигар гуфт: „Он чиро, ки Худо ҳалол кардааст, ҳаром нашумор“.
10Ин ҳодиса се бор такрор шуд. Сипас, ҳамаи он чизҳо ба осмон бардошта шуд. 11Ҳамон лаҳза ба хонае, ки дар он будам, се мард наздик шуданд. Онҳоро аз шаҳри Қайсария ба назди ман фиристода будаанд. 12Рӯҳулқудс ба ман гуфт, ки дудила нашуда бо онҳо равам. Ин шаш бародар низ бо ман рафтанд ва мо ба хонаи Корнилиюс расида даромадем. 13Ӯ гуфт, ки дар хонааш фариштаеро дидааст, ки ба вай чунин гуфтааст: „Ба шаҳри Ёфо одам фиристода, Шимъуни лақабаш Петрусро ба хонаат даъват намо. 14Ӯ ба ту сухане мегӯяд, ки ба воситаи он худат ва тамоми хонаводаат наҷот меёбед“.
15Вақте ки ба сухан шурӯъ кардам, Рӯҳулқудс, чуноне, ки дар аввал бар мо фуруд омада буд, ба онҳо низ фуруд омад. 16Он лаҳза сухани Худованд ба ёдам расид, ки гуфта буд: „Яҳё бо об таъмид медод, лекин шумо бо Рӯҳулқудс таъмид дода мешавед“. 17Инак, Худо ба ғайрияҳудиён худи ҳамон аторо дод, ки ба мо ҳангоми ба Худованд Исои Масеҳ имон оварданамон дода буд. Пас ман кистам, ки ба Худо зиддият намоям?»
18Баъди ин суханон яҳудиён ором шуданд ва Худоро ситоиш намуда гуфтанд: «Маълум мешавад, ки Худо ба ғайрияҳудиён низ имконият додааст, ки аз гуноҳҳояшон тавба карда, ҳаёти абадӣ ёбанд».
Ҷамоати имондорон дар Антокия
19Баъзе аз пайравони Худованд аз сабаби он ки аз паяшон баъд аз марги Истефанус дарафтода буданд, пароканда шуданд. Онҳо то ба кишвари Финиқияи ҷазираи Қиприс ва шаҳри Антокия рафта расиданд, аммо каломи Худоро на ба ҳама, балки танҳо ба яҳудиён мегуфтанд. 20Лекин баъзеи онҳо, ки аз Қипрису Қайравон буданд, ба Антокия расида, хушхабари Худованд Исоро ба ғайрияҳудиён низ мавъиза карданд. 21Худованд ба онҳо ёрӣ медод ва шумораи зиёди одамон имон оварда, ба Худованд рӯй оварданд.
22Ин хабар ба гӯши ҷамоати Уршалим расид ва онҳо Барнабборо ба Антокия фиристоданд. 23Ҳангоме ки Барнаббо ба он ҷо расида файзу меҳрубонии Худоро дид, хурсанд шуд ва ҳамаро насиҳат кард, ки пурра ба Худованд такя кунанд. 24Зеро Барнаббо одами нек, пур аз Рӯҳулқудс ва дар имон мустаҳкам буд. Инак, шумораи зиёди одамон ба Худованд имон оварданд. 25Пас аз ин Барнаббо барои ҷустуҷӯйи Шоул ба шаҳри Тарсус равона шуд 26ва ӯро ёфта, ба шаҳри Антокия овард. Онҳо ҳар ду тамоми сол дар он ҷамоати имондорон монда, мардуми зиёдеро таълим медоданд. Он замон дар Антокия бори аввал шогирдони Исои Масеҳро масеҳиён номиданд.
27Он рӯзҳо аз Уршалим ба Антокия якчанд пайғамбарон омада буданд. 28Яке аз онҳо Оғобус ном дошт. Ӯ бо ёрии Рӯҳулқудс пешгӯйӣ намуд, ки дар саросари замин гуруснагии сахт мешавад (ин дар замони шоҳаншоҳ Клавдиюс рӯй дод). 29Бино бар ин, ҳама шогирдон қарор доданд, ки ба имондорони сарзамини Яҳудия ба қадри имкон кӯмак фиристонанд. 30Ҳамин тавр онҳо кӯмаки худро бо дасти Барнаббову Шоул ба роҳбарони ҷамоат фиристоданд.

Currently Selected:

Корнома* 11: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in