YouVersion Logo
Search Icon

1 Петрус 5

5
Насиҳат ба роҳбарони ҷамоат
1Акнун ман ба роҳбарони ҷамоатҳои шумо муроҷиат мекунам. Азбаски ман ҳам мисли шумо роҳбар ҳастам ва шоҳиди азобҳои Масеҳам ва дар бузургии Ӯ, ки ба наздикӣ ошкор мешавад, иштирок мекунам, аз шумо илтимос менамоям: 2рамаи Худоро, ки ба шумо супурда шудааст, чӯпонӣ кунед. Шумо бояд онҳоро на маҷбуран, балки бо ҷону дил нигоҳубин намоед, чунон ки ба Худо писанд аст. Ин корро на аз рӯйи манфиати худ, балки бо ғайрат ва аз таҳти дил кунед. 3Онҳоро Худо ба нигаҳбонии шумо супоридааст. Барои ҳамин бар онҳо ҳукмронӣ накунед, балки барояшон намуна бошед. 4Он гоҳ, вақте ки Чӯпони ҳамагон меояд, ба шумо тоҷи шаъну шарафе медиҳад, ки ҳеҷ гоҳ пажмурда нахоҳад шуд.
Насиҳат ба имондорон
5Инчунин шумо – имондорони ҷавон, ба роҳбарони ҷамоати худ итоат кунед. Ҳама бояд ба якдигар хоксорона хизмат кунанд, чунки
«Худо зидди ҳавобаландон аст,
вале ба хоксорон файзу меҳрубонӣ мебахшад#5:5 Масалҳо 3:34».
6Инак, ба қудрати бузурги Худо такя намуда, фурӯтан шавед ва Ӯ дар вақти муайян шуморо сарбаланд мекунад. 7Ҳамаи ғаму ташвишҳоятонро ба Худо супоред, чунки Ӯ ғамхори шумост.
8Бедор ва ҳушёр бошед, чунки душмани шумо – шайтон, мисли шери ғуррон имондоронро шикор намуда, фурӯ бурдан мехоҳад. 9Шумо бояд бо имони устувор ба ӯ муқобилат кунед, чунки медонед, ки дар тамоми ҷаҳон имондорони дигар низ мисли шумо азобу уқубат мекашанд. 10Вале Худо сарчашмаи ҳар гуна файзу меҳрубонист ва Ӯ шуморо ба воситаи имон ба Исои Масеҳ даъват намудааст, ки дар бузургии абадии Ӯ иштирок кунед. Ӯ Худаш баъд аз азобҳои начандон зиёдатон шуморо барқарору устувор, пурзӯру мустаҳкам мегардонад. 11Тамоми қудрат то абад аз они Ӯ бод! Омин.
Хотимаи нома ва фиристодани салом
12Ман ин номаи кӯтоҳро бо ёрии бародари вафодорам Сило навиштаам. Мақсадам ин буд, ки шуморо рӯҳбаланд кунам ва шаҳодат диҳам, ки ин ҳама файзу меҳрубонии самимии Худост. Файзи Худоро маҳкам нигоҳ доред!
13Ҷамоати имондорони шаҳри Бобил, ки мисли шумо аз ҷониби Худо интихоб шудааст ва писари рӯҳониам – Марқӯс ба шумо салом мерасонанд. 14Якдигарро дӯстона бӯсида, салом гӯед. Ба ҳамаи шумо, ки дар ягонагӣ бо Масеҳ ҳастед, сулҳу осоиштагӣ бод!

Currently Selected:

1 Петрус 5: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in