YouVersion Logo
Search Icon

1 Петрус 4

4
Зиндагӣ барои Худованд
1Азбаски Масеҳ ҷисман азоб кашид, шумо низ барои аз сар гузаронидани азобҳо тайёр бошед. Зеро касе, ки ҷисман азоб мекашад, дигар гирифтори гуноҳ намешавад 2ва зиндагии боқимондаашро на аз рӯйи ҳавасҳои ҷисм, балки мувофиқи хости Худо мегузаронад. 3Дар гузашта шумо ҳамчун беимонон зиндагӣ мекардед ва дар бадахлоқию ҳавасҳои бад, мастию пурхӯрӣ, айшу ишрат ва бутпарастии шармовар ғарқ шуда, вақти зиёдро ҳайф кардед. 4Азбаски шумо ҳамроҳи беимонон дар бадкорию бадахлоқӣ дигар иштирок намекунед, онҳо ба ҳайрат афтода, шуморо дашном медиҳанд. 5Онҳо дар пеши Доваре, ки ба зудӣ мурдагону зиндагонро доварӣ мекунад, ҷавоб хоҳанд дод. 6Ба ҳамин сабаб ба имондорони гузашта ҳам хушхабар эълон шуд, то ки мисли дигар одамон ҷисман ҳукм шуда бимиранд, вале рӯҳан бо Худо зиндагӣ кунанд.
7Охири ҳама чиз наздик аст. Барои ҳамин ақлатонро солим ва ҳушёр нигоҳ доред, то ки беҳтар дуо карда тавонед. 8Пеш аз ҳама якдигарро аз сидқи дил дӯст доред, чунки муҳаббат гуноҳҳои зиёдро мебахшад. 9Якдигарро бе ягон шикоят меҳмондорӣ кунед. 10Ҳар яки шумо аз Худо атои махсус гирифтаед, барои ҳамин аз атоҳои гуногуни Худо оқилона истифода бурда, ба якдигар хизмат кунед. 11Агар касе атои суханронӣ дошта бошад, бигзор тавре сухан гӯяд, ки Худи Худо ба воситаи ӯ гуфта истода бошад. Касе ки хизмат мекунад, бигзор бо қуввае, ки Худо медиҳад, хизмат кунад. Бигзор ҳама чиз ба воситаи Исои Масеҳ барои ҳамду санои Худо хизмат кунад. Тамоми қудрату шаъну шараф то абад аз они Ӯ бод! Омин.
Азоби имондорон
12Азизон, ҳоло ки аз санҷишҳои вазнин мегузаред, ҳайрон нашавед, чунки ин ягон ҳодисаи ғайриодӣ нест. 13Балки шодӣ кунед, ки мисли Масеҳ азоб мекашед, он гоҳ дар рӯзи бозгашташ, вақте ки бузургии Ӯ ба ҳама ошкор мешавад, шоду хурсанд мешавед. 14Агар шуморо барои пайравӣ кардан ба Масеҳ дашном диҳанд, хушбахт бошед, чунки Рӯҳи Худо бо тамоми бузургиаш дар шумо сокин аст. 15Ҳеҷ яки шумо набояд ба хотири одамкушӣ, дуздӣ, ҷинояткорӣ ё хабаркашӣ азоб кашад. 16Аммо, агар барои масеҳӣ ном доштанатон азоб кашед, шарм накунед, балки Худоро ситоиш намоед, ки соҳиби чунин ном ҳастед. 17Зеро вақти доварии Худо расидааст ва Ӯ довариашро аз халқи Худ сар мекунад. Агар доварӣ аз мо сар шавад, пас оқибати онҳое, ки ба хушхабари Худо итоат накардаанд, чӣ хел мешавад? 18Дар навиштаҷот чунин омадааст:
«Агар росткор базӯр наҷот ёбад,
пас оқибати нопоку бадкорон чӣ хел мешавад?#4:18 Масалҳо 11:31»
19Барои ҳамин онҳое, ки аз рӯйи хости Худо азоб мекашанд, бояд ҳаёти худро бо умед ба дасти Офаридгори вафодор супоранд ва некӣ карданро давом диҳанд.

Currently Selected:

1 Петрус 4: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in