YouVersion Logo
Search Icon

1 Петрус 3

3
Насиҳат ба занон
1-2 Ҳамчунин шумо, эй занон, ба шавҳарони худ итоат кунед. Он гоҳ ҳатто шавҳароне, ки хушхабарро рад мекунанд, рафтори хуб ва ҳаёти поку худотарсонаи шуморо дида, бе ягон сухан ба Худо имон меоранд.
3Бигзор зебоии шумо на дар ороиши мӯй ва на дар зару зевар ва пӯшидани сарулибоси зебо бошад. 4Шумо бояд дар ботин зебо бошед. Хоксорию оромии рӯҳатон зебоии пажмурданашавандаи шумост, ки дар назари Худо қиматбаҳо аст. 5Дар замонҳои пеш занони худотарс ҳам худро ҳамин тарз оро медоданд. Онҳо ба Худо таваккал менамуданд ва барои ҳамин ба шавҳаронашон итоат мекарданд. 6Масалан, Соро ба шавҳараш Иброҳим итоат мекард ва ӯро хӯҷаин меномид. Агар шумо ҳам корҳои нек карда, ба тарсе роҳ надиҳед, духтарони Соро мешавед.
Насиҳат ба шавҳарон
7Ҳамчунин шумо, эй шавҳарон, занҳои худро бояд иззату ҳурмат кунед. Зеро занон аз шумо сусттар бошанд ҳам, дар баробари шумо ҳаёти нави худододро мерос гирифтаанд. Барои ҳамин дар зиндагии оилавиатон ҳолати онҳоро фаҳмида, ба онҳо муносибати дуруст кунед. Он гоҳ чизе ба дуоҳоятон халал намерасонад.
Насиҳат ба ҳамаи имондорон
8Хулоса, бигзор дар байни шумо ҳамфикрӣ ва дилсӯзӣ бошад ва нисбати якдигар меҳру муҳаббати бародарона дошта бошед ва хоксорона рафтор кунед. 9Бар ивази бадӣ бадӣ накунед ва бар ивази дашном дашном надиҳед, балки ба онҳо дуои нек диҳед. Зеро Худо шуморо даъват кардааст, ки баракати Ӯро мерос гиред.
10«Ҳар кӣ зиндагии хушбахту бобаракат ба сар бурдан хоҳад,
забонашро аз бадгӯйӣ ва даҳонашро аз дурӯғ нигоҳ дорад.
11Аз бадӣ даст кашида, некӣ кунад
ва сулҳҷӯйӣ намуда, талабгори он бошад.
12Зеро чашмони Худованд некукоронро мебинад
ва гӯшҳояш дуоҳои онҳоро мешунавад,
аммо Ӯ зидди бадкорон аст».#3:12 Забур 33:13-17
Даъват ба корҳои нек
13Агар шумо ғайратмандона некӣ кунед, пас кӣ ба шумо бадӣ мекунад? 14Аммо аз кори некатон азоб кашед ҳам, шумо хушбахт ҳастед! Аз воҳимаи ситамгарони худ натарсед ва хавотир нашавед!#3:14 Ишаъё 8:12
15Ба ҷойи ин Масеҳро ҳамчун Худованди ҳаёти худ бо ҷону дил ҳурмату эҳтиром кунед. Агар касе аз шумо дар бораи умеде, ки доред, савол пурсад, ҳама вақт барои ҷавоб додан тайёр бошед. 16Вале бо эҳтирому хоксорӣ ҷавоб диҳеду виҷдонатонро пок нигоҳ доред. Ҳамин тавр, онҳое, ки бо вуҷуди дидани рафтори некатон шуморо ҳамчун пайравони Масеҳ туҳмату ҳақорат мекунанд, аз гапҳои худ шарманда хоҳанд шуд. 17Агар хости Худо бошад, беҳтар аст, ки на барои корҳои бад, балки барои корҳои нек азоб кашед. 18Зеро Худи Масеҳи бегуноҳ барои гуноҳҳои бадкорон, яъне мо, як бор барои ҳамеша азоб кашидааст, то ки ба мо роҳро ба назди Худо кушояд. Ӯ ҷисман мурд, вале Рӯҳи Худо Ӯро зинда кард. 19Масеҳ ба воситаи Рӯҳ ба назди рӯҳҳое, ки дар зиндон буданд, рафта, башорат дод. 20Онҳо дар замонҳои Нӯҳ ба Худо итоат накарда буданд. Ҳангоме ки Нӯҳ киштиро месохт, Худо босаброна интизор буд, ки онҳо тавба кунанд. Аммо дар киштӣ аз оби тӯфон танҳо ҳашт нафар наҷот ёфт. 21Ин ҳикоя тасвири таъмид, яъне рамзи шустани гуноҳҳо дар об аст, ки шуморо ба воситаи қувваи зиндашавии Исои Масеҳ наҷот медиҳад. Ба ҷо овардани таъмид шустани чирки бадан нест, балки ба воситаи он шумо ваъда медиҳед, ки виҷдони худро пок нигоҳ медоред. 22Масеҳ ба осмон баромада, аз дасти рости Худо нишаст ва ҳамаи фариштагону қувваҳои неку бади рӯҳонӣ зердасти Ӯ шуданд.

Currently Selected:

1 Петрус 3: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in