YouVersion Logo
Search Icon

1 Юҳанно 3

3
1Бинед, ки Падар чӣ қадар моро дӯст доштааст, ки мо фарзандони Ӯ номида мешавем ва ҳам фарзандони Ӯ ҳастем. Сабабе, ки ҷаҳон моро намешиносад, дар он аст, ки он Худоро нашинохт. 2Азизон, мо ҳоло фарзандони Худо ҳастем ва ҳанӯз намоён нашудааст, ки мо чӣ гуна мешавем. Лекин ҳаминро медонем, ки ҳангоми зоҳир шудани Масеҳ мисли Ӯ хоҳем шуд, чунки Ӯро ҳамон тавре ки ҳаст, хоҳем дид. 3Инак, ҳар кӣ ба Ӯ умед мебандад, худро пок нигоҳ медорад, чуноне ки Масеҳ пок аст.
4Ҳар кӣ дар гуноҳ зиндагӣ мекунад, қонуншикан аст. Аслан худи гуноҳ беқонунӣ аст. 5Шумо ҳам медонед, ки Масеҳ барои аз байн бардоштани гуноҳҳои мо зоҳир шуд. Шумо инчунин медонед, ки Ӯ комилан бегуноҳ аст. 6Пас, ҳар кӣ дар Ӯ зиндагӣ мекунад, гуноҳ карданро давом намедиҳад. Ҳар кӣ гуноҳ карданро давом медиҳад, Масеҳро на дидааст ва на шинохтааст.
7Фарзандони азиз, нагузоред, ки касе шуморо гумроҳ созад. Ҳамаи онҳое, ки кори дуруст мекунанд, дурусткор ҳастанд, айнан мисли Масеҳ, ки дурусткор аст. 8Аммо ҳамоне, ки гуноҳ карданро давом медиҳад, аз шайтон аст, зеро шайтон аз ибтидо гуноҳ карда меояд. Сабаби зоҳир шудани Писари Худо низ дар ҳамин буд, ки корҳои шайтонро нобуд созад. 9Ҳар касе, ки Худо барояш таваллуди нав бахшидааст, гуноҳ карданро давом намедиҳад, зеро дар дохилаш табиати Худо мебошад. Инчунин вай наметавонад, ки зиндагии гуноҳкоронаро давом диҳад, чунки таваллуди нав аз Худо гирифтааст. 10Кӣ фарзанди Худо ва кӣ фарзанди шайтон буданаш ин тавр маълум мегардад: ҳар кӣ кори ростро иҷро намекунад ва ҳамчунин бародар ё хоҳари худро дӯст намедорад, фарзанди Худо намебошад.
11Зеро пайғоме, ки шумо аз аввал шунида будед, ин аст, ки мо бояд якдигарро дӯст дошта бошем. 12Мисли Қоин набошем, ки зердасти шайтон буда, бародари худро кушт. Аз чӣ сабаб бародарашро кушт? Чунки корҳои ӯ баду корҳои бародараш дуруст буданд. 13Бинобар ин, эй бародарону хоҳаронам, агар одамони ҷаҳон аз шумо нафрат кунанд, ҳайрон нашавед. 14Азбаски бародарону хоҳарони худро дӯст медорем, мо медонем, ки аз марг ба ҳаёт гузаштем. Ҳар кӣ бародару хоҳари худро дӯст намедорад, ҳанӯз ҳам зери дасти марг аст. 15Ҳар кӣ бародару хоҳари худро бад мебинад, одамкуш аст. Шумо бошед, медонед, ки дар даруни ҳеҷ як одамкуш ҳаёти абадӣ нест. 16Чӣ будани муҳаббатро мо дар Исои Масеҳ мебинем, ки Ӯ ҷони Худро барои мо фидо кард. Мо низ бояд худро барои бародарону хоҳарони худ фидо кунем. 17Агар касе молу мулк дошта бошаду бинад, ки бародар ё хоҳараш муҳтоҷӣ дорад, вале нисбати ӯ сангдил монад, магар муҳаббати Худо дар дили вай ҳаст? 18Фарзандони азиз, биёед мо на бо забону сухан, балки дар амал ва ростӣ муҳаббатро нишон диҳем. 19-20 Агар ҳамин тавр кунем, медонем, ки мо аз они ростӣ ҳастем ва агарчи виҷдонамон моро азоб диҳад ҳам, дар ҳузури Худо диламон ором мебошад, зеро Худо аз виҷдони мо бузургтар аст ва аз ҳама чиз огоҳ мебошад.
21Дӯстони азиз, агар виҷдонамон моро азоб надиҳад, пас дар пеши Худо сарамонро бардошта меистем ва 22азбаски ба фармонҳои Ӯ итоат мекунем ва кори писандидаи Ӯро иҷро менамоем, ҳар чи хоҳиш кунем, аз Ӯ мегирем. 23Фармони Ӯ ин аст, ки ба Писараш Исои Масеҳ бовар кунем ва аз рӯйи фармони Ӯ якдигарро дӯст дошта бошем. 24Касоне, ки ба ин фармон итоат мекунанд, дар Ӯ зиндагӣ мекунанд ва Ӯ дар дохили онҳо зиндагӣ мекунад. Аз куҷо мо мефаҳмем, ки Ӯ дар дохили мо зиндагӣ мекунад? Аз Рӯҳи Худо мефаҳмем, ки Ӯ ба мо додааст.

Currently Selected:

1 Юҳанно 3: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in